Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №97 АЗ 15.02.2021

15 Феврали 2021, Душанбе

Дар бораи таҳким бахшидани робита бо аҳли ҷомеа доир ба ҳифзу тарғиби дастовардҳо ва арзишҳои 30 соли Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату ҳамдилӣ, сулҳу амният, баланд бардоштани ҳувияти миллию маънавӣ ва ҳамбастагӣ ба сиёсати созандагӣ

Бо мақсади иҷрои банди 27 Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” зикр гардидаанд, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 10 феврали соли 2021, №80 тасдиқ шудааст, инчунин масъулиятшиносӣ дар таълиму тарбияи фарзанд, пешгирии амалҳои исрофкорӣ, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, тарғиби ҳадафҳои ободониву сабзгардонӣ, арзишҳои миллию маънавӣ, одобу ахлоқи ҳамида, фарҳанги шаҳрнишинӣ, ҳифзи солимии инсон, мусоидат ба иштироки шаҳрвандон дар корҳои созандагӣ, маҳкум намудани зуҳуроти номатлуби ҷинояткорӣ, терроризму ифротгароӣ, истифодаи оқилонаву сарфакоронаи оби нушокӣ ва неруи барқ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”

ҚАРОР  МЕКУНАМ:

  1. Нақшаи чорабиниҳои тарғиботӣ - идеологии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар бораи таҳким бахшидани робита бо аҳли ҷомеа доир ба ҳифзу тарғиби дастовардҳо ва арзишҳои 30 соли Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату ҳамдилӣ, сулҳу амният, баланд бардоштани ҳувияти миллию маънавӣ, ҳамбастагӣ ба сиёсати созандагӣ ва ҳайати гурӯҳҳои таблиғотӣ тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шавад.
  2. Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва оилии касбии пойтахт ва ҳайати гурӯҳҳои таблиғотӣ бо ҷалби олимону коршиносон ҷиҳати дар сатҳи баланд амалӣ гардидани чорабиниҳои мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.
  3. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе” ва рўзномаи “Паёми Душанбе” инъикоси васеи қарори мазкур ва рафти татбиқи нақшаи чорабиниҳоро таъмин намоянд.
  4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 

РУСТАМИ  ЭМОМАЛӢ

 

 

 

Илова кунед