ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №370 АЗ 01.07.2019
Дар бораи даъват намудани иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум
Мутобиқи моддаҳои 12, 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»,
ҚАРОР МЕКУНАМ:
1. Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум 15 июли соли 2019, соати 900 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 80 даъват карда шавад.
2. Ба рӯзномаи иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:
2.1. Дар бораи вазъи татбиқ ва иҷрои барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон.
2.2. Дар бораи ҷараёни иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 28 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе.
2.3. Дар бораи шунидани ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе вобаста ба рушди соҳаи саноат, бахусус бунёди коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва дар ин замина баланд бардоштани иқтидори содиротии шаҳр ва ташкили ҷойҳои нави корӣ.
2.4. Дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе.
3. Барои омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳи корӣ тибқи замимаи 1 таъсис дода шавад.
4. Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум тибқи замимаи 2 то санаи 10 июли соли 2019 дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум таклифҳои мушаххасро пешниҳод намоянд.
5. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо тартиби муқарраргардида муҳтавои қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба самъи сокинони пойтахт расонида, таклифу пешниҳодҳои вобаста ба иҷлосия воридгардидаро ба гурӯҳи корӣ манзур созад.
6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Т.Н. гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ