ДАВРИ ШАҲРИИ ФЕСТИВАЛИ «ЧАКОМАИ ГЕСӮ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД.
Имрӯз дар пойтахти мамлакат бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати татбиқи банди 3 ҷадвали баргузории фестивал намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140 тасдиқ шудааст, Фестивали шаҳрии “Чакомаи гесӯ” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолони ноҳияҳои пойтахт ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд. Нахуст иштиркочиёни фестивал аз намоиши анвои гуногуни ороишоти миллии занонаи аз ҷиҳати экологӣ фоидаовар ва лавозимоти марбут ба парваришу ороиши мӯйю рӯй ва ғайра, ки аз ҷониби занону бонувони ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Сино ва И.Сомонӣ ба маъраз гузошта шуда буд, дидан намуданд.
Сипас, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ баромад намуда, ҳадафу мақсади баргузории фестивалро тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанг, суннату анъанаҳои неки ниёгон ва арзишҳои миллӣ, инчунин тарғибу ташвиқи парвариши муй, ороишу пардози руй ҳаракати мавзун, ҳунари волои машшотаҳо, эҳёи анъанаҳову маросими миллӣ аз қабили муйбофон зулфандозӣ ҷамолакбандию кокулбофӣ маънидод намуд.
Лозим ба зикр аст, ки давоми се соли охир фестивали мазкур дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар тамоми қаламрави кишвар доир гардида, баҳри эҳёи анъанаҳои миллӣ, таблиғи парвариши гесу, ҳунари машшотаҳо ва баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии занону бонувон мусоидат намуда истодааст.
Фестивали шаҳрӣ аз бахшҳои гуногун, аз ҷумла, композитсияи адабӣ, намоиши ороиши муйбофӣ бо либосҳои қадима, муосир, пардозгарӣ аз ҷониби машшотагон, анъанаҳои миллӣ ва бахши фарҳангӣ иборат буда, он аз ҷониби ҷавонписарону ҷавондухтарони пойтахт пешкаш карда шуд. Дар фестивал ҳамчунин ашъори баландпоя ва суруду рақс, ривояту таронаҳои мардумӣ оид ба ҳусну таровати рӯй, ҷозибаи гесӯ, сарулибос ва ороишоти миллӣ, истифодаи маҳсулоти табии ватанӣ дар парваришу нигоҳубини рӯйю мӯй, муҳофизати пӯсти дасту рӯй тарғибу ташвиқ гардид. Баргузории Фестивали "Чакомаи гесӯ" имконият медиҳад, ки паҳлӯҳои ҳанӯз норавшани парваришу ороиши рӯйю мӯй, ҳунари волои машшотагӣ, пардози рӯйю мӯй вобаста ба талаботи замони муосир, муаррифии санъати асили шонатарошию сурмапазӣ, навъҳои гуногуни мӯйбофию зулфандозӣ, чавконбандӣ ва дигар унсурҳои ин бахши ҳунари миллӣ кашф шуда, мавриди баҳрабардории ҳамагон қарор гирад ва ҳунари беҳтарини ороишгарон, кошонаҳои ҳусн, машшотаву ҳунармандон муаррифӣ карда шаванд. Дар фарҷоми Фестивал ғолибони бахшҳои он ва иштирокчиёни фаъол бо диплому сипоснома ва ҷоизаи махсуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.