ДАСТАҲОИ ВКД ВА ВМКБ БАРАНДАГОНИ ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ГАРДИДАНД
05 Марти 2021, Ҷумъа
05.03.2021 ш. Душанбе. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Мактаби ҷумҳуриявии тайёрии олимпии дастаҳои мунтахаб» марҳилаи ниҳоии мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе оид ба волейбол миёни бонувон баргузор гардид.
Мусобиқаи мазкур бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе аз 8 феврали соли 2021 бо мақсади ташвиқу тарғиб, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни бонувон, рушди волейбол, дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Модар ва истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии мамлакат доир карда шуд.
Қайд бояд кард, ки дар мусобиқа 32 дастаи ғайрикасбии бонувони вазорату кумитаҳо ва ташкилоту муассисаҳои пойтахт ва 8 дастаи касбӣ аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеъ ва шаҳри Душанбе давоми як моҳ барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе -2021 қувва озмуданд. Дар вохӯрии ниҳоӣ дастаҳои ВКД ва КДАМ бо ҳам рақобат намуда, маҳорату малакаи баланди варзишӣ нишон доданд. Дастаи ғолиб дар қисми сеюми вохӯрӣ муайян гардид. Бонувони волейболбози ВКД бар ҳарифони худ дастболо гардида, миёни дастаҳои бонувони волейболбози ғайрикасбӣ ҷойи якумро ишғол намуданд. Ҷойи дуюмро дастаи бонувони КДАМ ба даст оварданд. Дастаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бар дастаи Кумитаи омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолиб омада, зинаи сеюмро касб намуд.
Марҳилаи ниҳоии мусобиқа миёни дастаҳои бонувони волейболбози касбӣ низ хеле шавқовар ва диданӣ ҷараён гирифт. Дар ин марҳилаи ҳалкунанда дастаҳои шаҳри Душанбе ва ВМКБ барои ҷоизаи асосӣ талош варзида, маҳорати волои варзишӣ нишон доданд. Таҷрибаи бештар ва маҳорати техникӣ ба бонувони бадахшонӣ имкон дод, ки онҳо бо ҳисоби 3:1 ҳарифони арзандаи худро мағлуб созанд ва ба гирифтани Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе муяссар шаванд. Чунин муваффақият маротибаи дуюм аст, ки онҳоро думболагир мебошад. Дастаи бонувони вилояти Суғд дар зинаи сеюми ифтихорӣ қарор гирифт.
Дар маросими ҷамъбастии мусобиқа муовини Раиси Душанбе Мавсума Муинӣ иштирок намуда, ғолибонро барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе дар соли 2021 табрик намуд. Мавсуф ёдовар шуд, ки мусобиқаи волейбол миёни бонувон бо ташаббуси бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе соли панҷум аст, ки гузаронида мешавад. Мусобиқаи аввалин миёни бонувон соли 2017 бо ширкати 17 даста сурат гирифта буд. Дар натиҷа дастаи волейболбозони Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сазовори мақоми аввал гардида буд. Соли 2018 дар ин мусобиқа 19 даста иштирок намуданд ва ғолибият насиби дастаи Бонки миллии Тоҷикистон гардид. Соли 2019 22 даста бо ҳам сабқат оростанд, ки дар он волейболбозони ВМКБ Ҷоми Раиси шаҳри Душанберо соҳиб шуданд. Соли 2020 бошад, дар миёни 25 даста барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе волейболбозони Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дастболо гардиданд.
Дар охир муовини Раиси Душанбе Мавсума Муинӣ ғолибонро бо Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе, мукофотҳои пулӣ ва сипосномаву ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ намуд.