ВОХӮРӢ БО ӮСТОДОНУ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ОМӮЗГОРӢ
10 Марти 2021, Чоршанбе
ш.Душанбе. 10.03.2021. Имрӯз дар толори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мулоқоти гурӯҳи таблиғотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо устодону шогирдони ин муассисаи олии кишвар баргузор гардид.
Вохӯриро бо сухани ифтитоҳӣ муовини ректор оид ба илми донишгоҳ Акобир Мирзораҳимов ҳусни оғоз бахшида, роҷеъ ба мақсаду маром ва ҳадафи сӯҳбату вохӯрии гурӯҳи таблиғотӣ ибрози андеша намуд
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ дар суханронии хеш бо ба мисол овардани нуктаҳои дар Паёми Пешвои миллат ироагардида доир ба масъалаҳои муҳими ҳаёти рӯзмарра, ободониву сабзгардонӣ дар чаҳор навоҳии пойтахт, масъулиятшиносӣ дар таълиму тарбияи фарзанд, пешгирии амалҳои исрофкорӣ, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, тарғиби арзишҳои миллию маънавӣ, одобу ахлоқи ҳамида, фарҳанги шаҳрнишинӣ, ҳифзи солимии инсон ва дигар масъалаҳои марбут ба пешрафти ҷомеа суханронӣ кард.
Зикр гардид, ки новобаста аз пандемияи COVID-19, ки соли гузашта саросари дунё, аз ҷумла Тоҷикистони моро низ фаро гирифта буд, халқи Тоҷикистон таҳти роҳбарии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд ин маризии ҳамагирро паси сар созанд. Соли гузашта дар кишвар 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 63000 ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода супорида шуданд. Умуман, аз соли 1991 то ба имрӯз дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода супорида шудааст. Танҳо соли 2020 300 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо зиёда аз 6500 ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шуданд.