Тоҷикӣ

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА 110-СОЛАГИИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА БАРГУЗОР ГАРДИД

08 Майи 2021, Шанбе

ш. Душанбе. 08.05.2021. Имрӯз дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар толори Бонки миллии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба 110-солагии Мирзо Турсунзода дар мавзӯи «Нақши осори Мирзо Турсунзода дар тарбияи ватандӯстиву хештаншиносии ҷавонон» баргузор гардид. Дар кори конференсия иштирокчиёни Фестивали дӯстии ҷавонони шаҳри Душанбе таҳти унвони « Ҷавонон дар масири Истиқлолият ва давлатдории миллӣ» ва оғози тантанаҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон-23 май ва ҷавонони фаъоли пойтахти ҷумҳурӣ иштирок карданд.
Ба кори Конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба 110-солагии Мирзо Турсунзода сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Раҳимзода Шоҳзод Абдулфаттоҳ ифтитоҳ бахшид. Ӯ аз ҷумла мухтасар дар бораи мақому манзалати Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон, Мирзо Турсунзода ёдовар шуд ва ба ҳозирин меҳмонони конференсияро муаррифӣ карда, сухани ифтитоҳиро ба муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ дод. Ӯ нахуст ҷавононро барои иштирокашон дар чорибиниҳои хотирмони номбаршуда хайрамақдам гуфт. Баъдан мавсуф аз устод Мирзо Турсунзода ҳамчун муннодии сулҳу амонӣ, хизматҳои шоистаи ӯ оид ба тарғиби сулҳу дустӣ дар қитъаи Осиё ҳарф зада, мисраҳои абадзиндаи ин фарзанди барӯманди тоҷикро ба хотирҳо расонд:
Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,
Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо.
Ҳамзамон, Мавсума Муинӣ мухтасар дар бораи мактаби сулҳофарии мардуми шарифи тоҷик, ки он бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зич алоқаманд мебошад, сухан ронд. Имрӯз сабақи ин мактаби бузургро ҷаҳониён омӯхта истодаанд.
Инчунин, дар маросими ифтитоҳи конференсия муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ ва муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзанда арҷгузорӣ шудани хизматҳои беназири устод Мирзо Турсунзода – додани унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» ва мунтазам бо теъдоди зиёд нашр шудани осори бадеии ӯ, ниҳоят таъсирбахш будани ашъори сулҳпарваронааш дар тарбияи ватандӯстӣ ва хештаншиносии ҷавонони замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон сухан гуфтанд.
Дар қисмати баромадҳои конференсия раиси Шӯрои олимони ҷавонони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯз Равшаналиев оид ба мавзӯи «Нақши зиёиён дар таҳкими худшиносии миллӣ», котиби илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзӯи «Мирзо Турсунзода - шоири миллӣ» ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, узви Шӯрои олимони ҷавони назди Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Наврӯз Саидов доир ба мавзӯи «Ҳаёт ва фаъолияти Мирзо Турсунзода» фаъолона саҳм гузоштанд. Онҳо таъкид доштанд, ки фармудаи зерини Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода садсолаҳои дигар ба оламиён таъкид хоҳанд кард, ки асоси зиндагии орому осоишта мустаҳкамтар кардани ғояҳои сулҳпарварона ва дӯстии байни одамон мебошад:
То тавонӣ дӯстонро гум макун,
Дӯстони мушкилосонкункасонро гум макун!
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Илова кунед