ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №294 АЗ 24.05.2021
Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2021-2025
Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, №113 «Дар бораи Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025» мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»
ҚАРОР МЕКУНАМ:
- Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2021-2025 ва Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2021-2025 тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шаванд.
- Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷрои саривақтии барномаи мазкур ва нақшаи чорабиниҳои амалигардонии онро таъмин намоянд.
- Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе барои татбиқи барномаи мазкур ҳамасола ҳангоми таҳияи буҷети шаҳри Душанбе маблағҳои заруриро тибқи нақшаи чорабиниҳои амалигардонии он пешбинӣ намояд.
- Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2021-2025 муқаррар гардида, ҳар нимсола ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба амалӣ гардидани он маълумот пешниҳод намояд.
- Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.
- Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси муҳтавои қарор ва раванди татбиқи барномаи мазкур ва нақшаи чорабиниҳои амалигардонии онро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.
- Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ