Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №430 АЗ 26.07.2019

26 Июли 2019, Ҷумъа

Дар бораи баргузор намудани Фестивали тобистонаи Душанбе

Бо мақсади муаррифӣ намудани шаҳри Душанбе ҳамчун симои сайёҳии кишвар вафароҳам овардани имконият ҷиҳати таъмини фароғату саёҳати сокинону меҳмононипойтахт, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”               

                                             ҚАРОР  МЕКУНАМ:

1. Фестивали тобистонаи Душанбе рӯзҳои 17 ва 18 августи соли 2019 дар Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе баргузор карда шавад.

2. Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва баргузории Фестивали тобистонаи Душанбе тибқи замима тасдиқ карда шавад.

3. Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, роҳбарони сохторҳои марбутаи дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷрои саривақтии нақшаи чорабинии мазкурро таъмин намоянд.

4. Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, раёсатҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ, тандурустӣ, назорати давлатии бойторӣ, ҶШСК “Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе” ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе дар рӯзҳои баргузории чорабиниҳо ҷиҳати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, барқ, хизматрасонии “Ёрии таъҷилӣ”, бехатарии зиддисӯхтор, сифати маҳсулоти воридшуда ва риояи талаботи санитарию гигиенӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

5. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи  Раиси  шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе” ва рӯзномаи “Паёми Душанбе” инъикоси васеи қарори мазкур ва рафти баргузории чорабинии мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳагузошта шавад.

 

                                                                          Рустами Эмомалӣ

 

Илова кунед