Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №442 АЗ 31.07.2019

31 Июли 2019, Чоршанбе

Дар бораи баргузор намудани Фестивали “Ҷилваи рангҳо” дар шаҳри Душанбе

Бо мақсади иҷрои банди 9 Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140 тасдиқ гардидааст, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Ҳайати Кумитаи тадорукот ва ҳисобномаи хароҷотии баргузории он тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шаванд.

2. Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ баргузор намудани Фестивали “Ҷилваи рангҳо” якҷо бо ҳайати Кумитаи тадорукот тибқи Низомномаи он, ки аз ҷониби Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июни соли 2019 тасдиқ шудааст, тадбирҳои дахлдорро амалӣ намоянд.

3. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ маблағи 30750 (си ҳазору ҳафтсаду панҷоҳ) сомониро тибқи замимаи 2 ба суратҳисоби Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷудо намояд.

4. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси  шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе” ва рӯзномаи “Паёми Душанбе” инъикоси васеи қарори мазкур ва рафти баргузории чорабиниро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.

5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 Рустами Эмомалӣ

Илова кунед