Тоҷикӣ

ИДОМАИ ҶАЛАСАИ СИТОДИ ШАҲРӢ ОИД БА ПЕШГИРӢ АЗ БЕМОРИИ СИРОЯТИИ COVID-19 ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

18 Июли 2021, Якшанбе

ш.Душанбе. 18.07.2021. Ҳамарӯза қабл аз оғози фаъолияти гурӯҳи корӣ оид ба бурдани корҳои тарғиботиву тавшвиқотӣ миёни аҳолӣ дар самти пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19 ҷаласаи назоратии гурӯҳи корӣ бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва роҳбарону намояндагони гурӯҳи корӣ дар ноҳияҳои пойтахт доир карда мешавад. Ин навбат низ дар Боғи Куруши Кабир ҷаласаи гурӯҳи корӣ баргузор гардид, ки зимни он масъулин вобаста ба иҷроиши корҳои тарғиботӣ миёни сокинони пойтахт натиҷагирӣ намуда, ҳамчунин дастурҳои мушаххасро низ пешниҳод намуданд. Зимни ҷаласа қайд гардид, ки бо мақсади пурзӯр намудани корҳои тарғиботӣ миёни аҳолӣ шумораи зергурӯҳҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе зиёд карда шудааст. Тавре гуфта шуд, ба гурӯҳи корӣ оид ба бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ миёни аҳолӣ дар самти пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19 кормандон аз ҳисоби соҳаи тандурустӣ, марказҳои саломатии шаҳрӣ ва фарҳанг шомил гардидаанд. Гурӯҳҳои корӣ дар асоси дастури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҳисоби намояндагони сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ноҳияҳо ва ҷавонон (волонтёрон) ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ - дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бозорҳо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакона вобаста ба пешгирӣ аз паҳншавии сирояти ҳамагири коронавирус-COVID-19 ва истифодаи ниқобҳои яккарата, инчунин риояи фосилаи иҷтимоӣ ташкил гардидаанд.
Дар идомаи фаъолияти худ гурӯҳи корӣ дар ноҳияи Сино дар маконҳои серодами ноҳияи Сино корҳои фаҳмондадиҳиро гузарониданд. Аз ҷумла аз ҷониби гурӯҳ дар назди Маркази савдои Саодат, роҳи давродаври маҳаллаи 82-юм ва Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Кули ҷавонон» миёни сокинони ноҳияи Сино корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, ниқобҳои муҳофизатии яккарата тақсим карда шуд. Зимни корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, ба сокинон вобаста ба вазъи кунунии бемории сироятии коронавирус-COVID-19 маълумот пешниҳод гардид ва ба онҳо аз ҷониби намояндагони гурӯҳи корӣ ва дигар ихтиёриён ниқоб тақсим карда шуд. Зимни наворбардорӣ маълум гардид, ки дар баробари сокинон ҳастанд нафарони бемасъулият, ки ҷони худу наздиконашонро дар хатар гузошта, аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода наменамоянд. Фаъолияти гурӯҳҳои кории тарғиботии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноњияи Сино минбаъд низ дар тамоми бозору марказҳои савдо, боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакона, дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти шаҳрдорӣ ба роҳ монда мешавад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҳамаи сокинон ва меҳмонони пойтахт эҳтиромона даъват ба амал меорад, ки қоидаҳои истифодаи ниқобҳои муҳофизатии яккарата, маҳлулҳои безараркунанда (антисептикӣ) ва фосилаи иҷтимоиро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ риоя намоянд.
 
 
 
 
 
 

Илова кунед