Тоҷикӣ

ҶАЛАСАИ СИТОДИ ШАҲРӢ ОИД БА ПЕШГИРӢ АЗ БЕМОРИИ СИРОЯТИИ COVID-19 ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

19 Июли 2021, Душанбе

ш.Душанбе. 19.07.2021. Имрӯз дар Раёсати Вазорати корҳои дохила дар шаҳри Душанбе тибқи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳти садорати муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода мулоқоти васеъ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарони сохторҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва роҳбарону масъулини сохторҳои марбутаи ноҳияҳои пойтахт, муовинони раисони чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе, сардорону масъулин ва мудирони раёсату шуъбаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, роҳбарият ва масъулину мутасаддиёни тамоми бахшҳои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе иштирок доштанд.
Дар оғози чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ суханронӣ карда, зикр намуданд, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, маконҳои серодам, бозору марказҳои савдо, боғу гулгашт ва нақлиёти ҷамъиятӣ чораҳои мушаххасу амалиро роҳандозӣ карда шавад. Зимни мулоқот таъкид гардид, ки дар тамоми бозору марказҳои савдо, боғу гулгаштҳо мутаассифона шумораи зиёди сокинон аз ниқобҳо истифода намекунанд, ки ин ҳолат хело ташвишовар аст, ки мо имрӯз ба хотири пешгирӣ аз чунин ҳолатҳо дар шаҳри Душанбе бахусус ноҳияҳои пойтахт ҷамъ омадаем. Инчунин роҳбарону масъулини ноҳияҳои пойтахт барои тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни сокинони пойтахт ва пешгирӣ аз риоя нагардидани коидаҳои беҳдоштӣ аз тарафи сокинон вазифадор карда шуданд.
Сипас сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Шарифзода Хушвахт Салим ва сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе Шариф Назарзода оид ба навъи ҷадиди бемории сироятии коронавирус, бепарвоии иддае аз сокинони шаҳр, муборизаи дастаҷамъона нисбати ин беморӣ, ҷоннок кардани кори гурӯҳҳои таблиғотӣ, ҳарчӣ зудтар анҷом додани маъракаи ваксинатсия, мубориза алайҳи дигар навъи бемориҳои сироятӣ, назорат кардани ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ ва таксӣ оид ба гузаштани ваксинатсия, сари вақт пешгирӣ кардани ин беморӣ суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар шаҳри Душанбе тадбирҳо ҷиҳати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва истифодаи ҳатмии ниқоб бояд пурзӯр карда шавад. Зеро мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки новобаста аз таъкидҳои табибону мутахассисон шаҳрвандон дар бисёр мавридҳо бениқоб гаштугузор намуда, қоидаҳои беҳдоштиро риоя намекунанд.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Илова кунед