НИШАСТИ МАТБУОТИИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ
28 Июли 2021, Чоршанбе
ш.Душанбе. 28.07.2021. Имрӯз дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Самӣ Шариф роҷеъ ба натиҷаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии хоҷагии халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар нимсолаи аввали соли 2021 маълумоти муфассал пешкаш намуд. Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Самӣ Шариф зимни андешаронии хеш бо як масъулияти баланд ва ифтихори хосса, аз ҷумла, чунин изҳор намуданд: - Раҳбарият ва масъулину мутасаддиёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар доираи сиёсати бунёдкоронаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда фаъолияти густурдаро роҳандозӣ намуда, ҷиҳати таъмини рушди бахши иқтисодию иҷтимоии ноҳия тадбирҳои мушаххас андешида, аксари нишондиҳандаҳои асосии бахши иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар ин давра таъмин карда шуданд. Рӯйдодҳои муҳими таърихӣ ва тағйиротҳои зиёд, ки бо роҳнамоии бевоситаи Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва азму талошҳои шабонарӯзии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сурат мегиранд, қабл аз ҳама ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум, худшиносии миллӣ ва рушду тараққиёти муҳимтарин соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ, пойтахт ва ноҳияҳо нигаронида шудаанд. Раиси ноҳия ҳамзамон, аз хусуси мунтазам иҷро гардидани нақшаҳои истеҳсолӣ, бунёд гардидани сеху корхонаҳои истеҳсолӣ, рушду нумуи соҳаҳои маорифу фарҳангу варзиш дар ноҳия, қомат афрохтани садҳо биноҳои таъиноти мухталиф дошта, нақшаи кунунии андозҳо, пардохтҳои ҳатмии хизматрасониҳои умумӣ, ба буҷет ворид карда шудани маблағҳо, ба истифода додани аксари иншооти ҷашнӣ, омодагӣ ба ҷашни таърихии 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бисёр масоили муҳиму самарабори ҳаёти иқтисодии ноҳия бо асноду арқом ва далелҳои муътамад мулоҳизаронӣ намуданд.
Намояндагони васоити ахбори омма дар нишасти матбуотӣ аз бобати ба истифода супурдани иншооти нави ҷашнӣ, вазъи роҳу ҷодаҳои протоколӣ, хушунати хонаводагӣ, ҳолати ҷинояткорӣ миёни ноболиғон ва наврасону ҷавонон, сатҳи бекорӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, муроҷиати шаҳрвандон ва омодагиҳо ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суолҳо пешниҳод намуда, посухҳои муносибу қаноатмандкунанда гирифтанд.