Тоҷикӣ

ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ ДАР ПОЙТАХТ

31 Июли 2021, Шанбе

ш.Душанбе. 31.07.2021. Бо роҳнамоиҳои роҳбарияти олии мамлакат ва ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар остонаи ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатии ҶТ дар пойтахт корхонаҳои гуногун ба истифода дода шудаанд, ки барои таъмини ҷойҳои нави корӣ мусоидати фаъол менамоянд. Ин навбат дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе якҷанд иншооти ҷашни ба истифода супорида шуд. Бо иштироки роҳбарият ва намояндагони МИҲД-и ш.Душанбе ва ноҳияи Фирдавсӣ дар кучаи Неъмат Қарабоев 22 маркази либосҳои “Туркия” ба фаъолият оғоз кард. Мағозаи мазкур дар доираи дастгирии соҳаи соҳибкори бо шароитҳои замони нав ба истифода дода шуд. Тибқи иттилоъ молҳои ин мағоза аз Туркия, ҷумҳурии мардумии Чин ва Узбекистон ворид карда мешаванд ва сифати хубу нархи дастрас доранд. Соҳибкори ватани нақша дорад, дар оянда чунин мағозаҳоро бештар карда дар таъмини ҷойҳои нави кори саҳм гузорад ва ба сокинон молҳои хушсифатро дастрас намояд. Дар ин доира бинои истиқоматии 21 ошёна мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Он дар кучаи Немат Қарабоев (21) ҷойгир буда, хонаҳояш аз 1 то 3 ҳуҷраги иборат мебошад. Бино масоҳати 1500 метри мураббаъро дар бар мегирад. Фармоишгар ва пудратчии иншоот ҶДММ «Дӯстии бародарон» аст. Иншооти мазкур дар доираи нишондоди лоиҳаи он бунёд шудааст ва тавре иттилоъ дода шуд дар бунёди ин бино масолеҳи босифати сохтмонӣ истифода шудааст. Бояд гуфт, ки дар доираи тадбирҳои созандагӣ ва бунёдкории роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ба хотири фароҳам овардани шароити мусоиди истиқомат баҳри сокинон ин биноиҳои истиқоматӣ бунёд шудаанд.
Дар кучаи соҳилии (22) ноҳияи Фирдавсӣ низ аз ҷониби ҶСП “Муқим 1” бинои бисёрошёна бунёд шудааст. Бино аз 17 ошёна иборат буда, масоҳати умумияш 15 ҳазор метри мураббаъро дар бар мегирад. Дар таҳхонаи бино мағозаи фуруши моҳӣ бо шароитҳои зарури ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин ин бинои истиқоматӣ бо ҷоёгиркунонии марказҳои савдою хизматрасонӣ дар ошёнаи якум ва таваққуфгоҳ дар таҳхона сохта шуда, ҳоло шароити зарурӣ барои истиқомати сокинон фароҳам шудааст. Дар ошёнаи дуюми бино фаъолияти Ташкилоти ҷамъиятии маъюбони шаҳри Душанбе ба роҳ монда шудааст, ки он 1000 мерти мураббаъро дар бар мегирад. Дар ин ҷо ошхона, ҳуҷраҳои корӣ, синфхонаи компютери ва дигар шароитҳо таъмин гардидаанд. Зимни шиносои иброз гардид, ки дастгирию роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси ш.Душанбе аст, ки имруз чунин шароитҳо барои нафарони имконияти маҳдуддошта фароҳам оварда шудааст. Мағозаи Сармо ки самти фаъолияташ ба таъмир ва фуруши таҷҳизотҳои сардкунанда равона гардидааст аз ҷониби намояндагони МИҲД-и шаҳри Душанбе ва ноҳияи Фирдавси ба истифода дода шуд. Мағозаи мазкур дар кучаи шестопавлови ноҳияи Фирдавсӣ ҷойгир аст. Бо ба истифода додани мағозаи мазкур ҷойҳои нави кори муҳайё гардида, қисмҳои эҳтиётии таҷҳизотҳои сардкунандаи хушсифат пешниҳоди сокинону меҳмонони ин гушаи шаҳр гардид.
Дар идомаи ифтитоҳи иншоотҳои гуногун дар Кучаи Зардушт 46-и ноҳияи Фирдавсӣ Сардхона барои 200 тонна маҳсулоти кишоварзи ба истифода дода шуд. Сардхонаи мазкур бо таҷҳизотҳои замонавӣ аз ҷониби ҶДММ Панҷ-кант ЛТД сохта шудааст. Дар фасли гармо истифодаи чунин сардхонаҳо муҳим арзёби мегардад. Чун сифати маҳсулоти кишоварзӣ нигоҳ дошта мешавад. Аз ҷониби чамъияти мазкур ҷойи таъмири нақлиёт низ бо муҷаҳҳазгардонии таҷҳизотҳои замонавӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар кучаи Ҷануби 1-и ноҳияи фирдавсӣ нуқтаи таъмири мошинҳо, сехи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ, дукони оҳангарӣ ба истифода дода шуд. Ин иншоотҳо аз ҷониби ҶДММ “Маҳмадуллоев Давлат” сохта шудаанд. Ба истифодадиҳии иншооти мазкур нафарони зиёдеро бо ҷои кор таъмин намуд. Маврид ба зикр аст, ки солҳои охир бо мақсади рушди минбаъдаи фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ як силсила ислоҳоти муҳим ва ҷиддӣ амалӣ шуданд, ки мақсади асосии онҳо, пеш аз ҳама, афзоиши мунтазами тавлиди маҳсулоти ватанӣ, муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ, истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мебошад.
Аз ҷониби ширкати ватании рахш таксӣ бахшида ба 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар кучаи Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе маркази хизматрасонии нақлиётӣ баъди азнавсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар маркази хизматрасонии наклиётӣ барои ҳайати хизматрасон ва ронандагон шароити зарурӣ фароҳам оварда шдуааст. Баробари ба истифода додани маркази замонавии хизматрасонии нақлиётии ширкати ватании Рахш таксӣ дар пойтахти мамлакат боз чанд ҷойи нави корӣ фароҳам омад. Тавре иттилоъ дода шуд имрўз дар 15 шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурӣ сокинону сайёҳон аз хизматрасонии сатҳи баланди воситаҳои нақлиёти ширкати ватании рахш таксӣ истифода мебаранд. Ҳамрӯза танҳо дар пойтахти мамлакат зиёда аз 8 ҳазор нафар сокинону сайёҳон аз хизматрасонии ширкати ватании рахш такси истифода мебаранд. Ширкати мазкур дорои дастгоҳҳои замонавии чопкунанда буда, утоқҳои кории он бо шароитҳои зарури таъмин гаштаанд. Дар баробари санҷиши техникӣ, вазъи саломатии ронандагон, ҳамчунин тозагии ҳолати воситаҳои нақлиёт низ ҳамарӯза назорат карда мешаванд.

 

 

Илова кунед