Тоҷикӣ

БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ НОН ВА МАҲСУЛОТИ НОНӢ ЗЕРИ УНВОНИ "НОН ШУДАМ, ШОИСТАИ ҲАР ХОН ШУДАМ"

12 Августи 2021, Панҷшанбе

ш.Душанбе. 12.08.2021. Имрӯз дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, даври шаҳрии озмуни нон ва маҳсулоти нонӣ таҳти унвони "Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам" баргузор гардид.
Дар он ғолибони даври аввали озмуни 4 ноҳияи шаҳр дар сатҳи маҳалла, шаҳрак ва ноҳия иштирок намуда, беҳтарин анвои нон ва маҳсулоти нониро пешкаши иштирокчиён ва тамошобинон намуданд.
Ҳадафи асосии баргузории озмуни нон ва маҳсулоти нонӣ ин эҳёи анъанаҳои миллӣ ва оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини нонпазии ниёгон, тарғиби эҳтиром ба нон, деҳқон ва ҳунари нонпазӣ, намоиши пухтани навъҳои гуногуни нони минтақаҳои кишвар, ҳавасмандкунии шаҳрвандон барои сарфакорона ва моҳирона пухтани навъҳои гуногуни нони минтақаҳои ҷумҳурӣ, ба наслҳои оянда мерос гузоштани тарзу усули пухтани нонҳои гуногуни миллӣ, ҳар чӣ бештар эҳё ва тарғибу ташвиқ кардани намудҳои нон ва маҳсулоти нонии парҳезӣ иборат мебошад.
Озмун дар се давр, даври аввал дар доираи маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳрак, даври дуюм дар сатҳи шаҳр, ноҳия ва вилоят ва даври сеюми он дар сатҳи ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.
Барои муайян кардани ғолибони озмун синну соли аз 18 боло муқаррар гардида, иштироки мардону занон маҳдуд карда намешавад. Зимни муайян кардани ғолибон ба сифати нон ва маҳсулоти нони миллӣ ва ороиши он бо маҳсулоти гуногун ва дигар шартҳо диқкати махсус дода мешавад.
Баъди санҷишу азназаргузаронӣ ғолибони озмун муайян гардида, бо мукофотҳои пулӣ ва диплому сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд ва соҳиби роҳхат ба даври ниҳоӣ, яъне даври ҷумҳуриявии озмуни мазкурро гирифтанд.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Илова кунед