Тоҷикӣ

ВАЗЪИ ЭПИДЕМИОЛОГӢ ДАР ПОЙТАХТ

31 Августи 2021, Сешанбе

Масъалаи беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии шаҳри Душанбе ва рушди шаклҳои нави кумаки аввалияи тиббиву санитарӣ зери таваҷҷуҳи доимии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарор дорад.
Тибқи маълумоти Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вазъи эпидемиологӣ вобаста ба паҳншавии бемории сироятии КОВИД–19 ба ҳолати 31 августи соли 2021 дар шаҳри Душанбе муътадил мебошад.
Қобили зикр аст, ки доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббус ва иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои пешгирӣ кардани паҳншавии бемории сироятии КОВИД–19 ва мубориза бар зидди он бисёр корҳои самарабахш анҷом дода шудаанд.
Ҳоло дар пойтахти мамлакат танҳо як муассисаи бистаринамоӣ (Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятӣ) ба табобати беморони гирифтори КОВИД–19 машғул буда, дар се шабонарӯзи охир бистаришавии шахсони ба ин беморӣ гирифторшуда ба қайд гирифта нашудааст ва дигар муассисаҳои барои бистаринамоии чунин беморон ҷалбшуда ба фаъолияти муқаррарии худ оғоз намудаанд.
Дар рӯзҳои охир ба марказҳои ёрии таъҷилӣ даъватҳои ба бемории сироятии КОВИД–19 алоқаманд аз ҷониби сокинони пойтахт ба қайд гирифта нашудаанд.
Инчунин, ба мутахассисони марбут ба ин бемории сироятӣ, ки марказҳои саломатии шаҳрӣ шабонарӯзӣ фаъолият доранд, муроҷиатҳои шабона низ ворид нашудаанд.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмин намудани солимии ҷомеа аз ширкатҳои бонуфузи дунё ба Тоҷикистон 4 760 740 воя ваксина ворид гардида, 890 ҳазор вояи он ба шаҳри Душанбе супорида шудааст.
Бояд гуфт, ки ба ҳолати 31 августи соли ҷорӣ 582 093 нафар сокинони шаҳри Душанбе (93 фоиз) бо ваксинаи якум ва 283 885 нафар (45,4 фоиз) бо ваксинаи дуюм фаро гирифта шуда, ваксинагузаронӣ идома дорад.
Сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии пойтахт зери назорати доимии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қарор дорад.

Илова кунед