Тоҷикӣ

КУМАК БА ҚИШРИ НИЁЗМАНДИ ПОЙТАХТ

03 Сентябри 2021, Ҷумъа

Ғамхорӣ дар ҳаққи ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат, шахсони ниёзманад ва дастгирии онҳо дар сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи самтҳои муҳим буда, дар тамоми қаламрави мамлакат гурӯҳои зикршудаи аҳолӣ аз ҳар як иқдому ташаббуси хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баҳраманд мегарданд.
Бо мақсади таҷлили ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расонидани кумаки моддӣ ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, ятимони кулли муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии мактаб-интернат барои кўдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанбе, Қарори Раиси шаҳри Душанбе дар бораи ҷудо намудани маблағ ба имзо расид. Дар асоси ин Қарор раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе вазифадор гардиданд, ки дар арафаи таҷлили ҷашни 30-юмин солагарди Истиклоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби сарпарастон, фондҳои хайрия ва дигар сарчашмаҳои маблаггӯзорӣ, дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ расонидани кўмаки моддӣ ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо ва шахсони яккаву танҳо тадбирҳо андешанд. 

Илова кунед