Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №530 АЗ 14.09.2021

14 Сентябри 2021, Сешанбе

Дар бораи даъват намудани иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум

Мутобиқи моддаҳои 12, 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»,

 ҚАРОР  МЕКУНАМ:

  1. Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум 29 сентябри соли 2021, соати 900 дар толори бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ - 40 даъват карда шавад.
  2. Ба рӯзномаи иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:

2.1. Дар бораи иҷрои нақша - чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар самти ҷамъоварии андоз ва барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020 – 2025.

2.2. Дар бораи ҳолати нигоҳдорӣ, истифодабарии роҳҳо ва амалисозии фаъолияти роҳдорӣ дар шаҳри Душанбе.

2.3. Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №8 ва №58.

2.4. Дар бораи таъин намудани интихобот дар ҳавзаҳои интихоботии №8 ва №58.

2.5. Дар бораи таъсис додани Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе.

2.6. Дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе.

  1. Барои омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳи корӣ тибқи замимаи 1 таъсис дода шавад.
  2. Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум тибқи замимаи 2 то санаи 27 сентябри соли 2021 дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум таклифҳои мушаххасро пешниҳод намоянд.
  3. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо тартиби муқарраргардида муҳтавои қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба самъи сокинони пойтахт расонида, таклифу пешниҳодҳои вобаста ба иҷлосия воридгардидаро ба гурӯҳи корӣ манзур созад.
  4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Т.Н. гузошта шавад.

           РУСТАМИ  ЭМОМАЛӢ

Илова кунед