Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №398 АЗ 05.07.2021

05 Июли 2021, Душанбе

Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба иҷрои Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025 дар шаҳри Душанбе

Бо мақсади татбиқи нишондодҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2020, №253 “Дар бораи Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025”, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”

 ҚАРОР МЕКУНАМ: 

  1. Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба иҷрои Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025 дар шаҳри Душанбе тибқи замима тасдиқ карда шавад.
  2. Муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷрои нақшаи чорабиниҳои мазкурро таъмин намоянд.
  3. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе дар доираи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба иҷрои Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025 дар шаҳри Душанбе мутобиқи замимаи пешниҳодгардида маблағҳои заруриро дар буҷети соҳаи фарҳанг пешбинӣ намояд.
  4. Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози татбиқи нақшаи чорабиниҳои мазкур муқаррар гардида, ҳар сол доир ба корҳои анҷомдодашуда гузориш пешниҳод намояд.
  5. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.
  6. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе” ва рӯзномаи “Паёми Душанбе” инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.
  7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

РУСТАМИ  ЭМОМАЛӢ

Илова кунед