МУЛОҚОТИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО ҲОКИМИ ШАҲРИ НУР-СУЛТОН АЛТАЙ КУЛГИНОВ
23 Сентябри 2021, Панҷшанбе
Дар идомаи сафари расмӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Ҳокими шаҳри Нур-Султон муҳтарам Алтай Кулгинов мулоқот анҷом доданд.
Зимни мулоқот масъалаҳои мубрами вазъи имрӯзаи ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Қазоқистон, аз ҷумла дар сатҳи мақомоти маҳаллии ҳокимият мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба тамоили рушди босуръати шаҳри Нур-Султон баҳои баланд дода, таъкид сохтанд, ки васеъ намудани робитаҳои байни воҳидҳои маъмуриву ҳудудии ду кишвар, қабл аз ҳама пойтахтҳо муносибатҳои байнидавлатии моро қавитар мегардонад.
Ҷонибҳо ба масъалаҳои табодули таҷрибаи идораи хоҷагидории шаҳрӣ, инфрасохтори нақлиёт, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, инчунин рушди ҳамкории иқтисодӣ дар самти тиҷорат, саноат, сайёҳӣ, фарҳангӣ, ҷавонон ва варзиш таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд.
Дар ин самт, омодагии шаҳри Душанбе барои ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо соҳибкорону ширкатҳои ҳавасманди Қазоқистон бобати ҷалби сармояи мустақим ва истифодаи самараноки фазои мусоиди соҳибкории пойтахт, иброз гардид.
Дар фарҷоми музокираҳо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Ҳокими шаҳри Нур-Султон муҳтарам Алтай Кулгинов Ёддошти тафоҳумро дур хусуси барқарор кардани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Нур-Султон ба имзо расониданд, ки амалигардонии он ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ ва равобити дӯстии байни пойтахтҳо шароити бештар фароҳам меорад.