Тоҷикӣ

ИШТИРОКИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ НИМПАЙКАРА ВА КӮЧАИ БА НОМИ УСТОД АБӮАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ ДАР ШАҲРИ НУР-СУЛТОН

24 Сентябри 2021, Ҷумъа

ш.Душанбе. 24.09.2021. Дар идомаи сафари расмӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ҳамроҳии Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев ва Ҳокими шаҳри Нур-Султон Алтай Кулгинов дар шаҳри Нур-Султон дар маросими ифтитоҳи нимпайкара ва кӯчаи ба номи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ширкат намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ба хотири гиромидошти номи фарзанди барӯманди халқи тоҷик, бо қарори Маслиҳат (маҷлис)-и шаҳри Нур-Султон (собиқ Остона) ба яке аз кӯчаҳои васею зебоманзари пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон номи поягузори адабиёти тоҷику форс, Одамушшуаро - Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гузошта шуд.
Кӯчаи мазкур дар соҳили рости шаҳри Нур-Султон, дар ноҳияи Алма-ато ҷойгир буда, аз хиёбони Бауржан Момишули то кӯчаи Бейимбет Майлин идома меёбад.
Нимпайкараи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар чорроҳа (буриш)-и кӯчаи ҳамном ва кӯчаи Бейимбет Майлин гузошта шуда, баландии он якҷо бо пояаш 3 метрро ташкил медиҳад. Майдончаи назди нимпайкара бо 60 дарахти сӯзанбарг ва 400 гули садбарг ороста шуда, дар масоҳати 220 метри мураббаъ сангфарш ва дар он нишастгоҳҳо насб карда шудаанд.
Муаллифи лоиҳаи нимпайкараи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ рассоми ҳайкалтарош Олим Рабиев ба шумор рафта, он аз ҷониби ҳайкалтарош Хушвахт Саъдиев омода шудааст.
 
 
 
 
 

Илова кунед