РӮЗИ АВВАЛИ DUSHANBE SUMMER FESTIVAL-2021 ДАР САТҲИ ОЛӢ ГУЗАШТ
26 Сентябри 2021, Якшанбе
ш.Душанбе. 26.09.2021. Шоми 25 сентябр дар Муассисаи давлатии Наврӯзгоҳи пойтахт, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Фестивали тобистонаи Душанбе-2021 бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид. Дар оғози чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ кулли меҳмононро ба ин чорабинии зебо, ки инак соли сеюм аст бо ташаббуси бевоситаи Раиси муҳтарами шаҳр Рустами Эмомалӣ баргузор карда мешавад, хайрамақдам гуфта, ба онҳо истироҳати хубро таманно намуд.
Сипас ситораҳои эстрадаи тоҷик, ба барномаи консертии Фестивал ҳусни оғоз бахшиданд. Баъдан овозхони машҳури Эрон Арон Афшор, ки ҳама интизораш буданд, бо сурудаҳои ҷаззобу дилнишини хеш табъи мухлисон ва меҳмононро шод гардонид.
Хотиррасон менамоем, ки дар рӯзи дуюми Фестивал, яъне ин шом сокинон ва меҳмононро сарояндаҳои саршиноси ватан ва ду ситораи сатҳи ҷаҳонӣ Юлдуз Усмонова ва Ҳамид Ҳироод интизоранд.
Бори дигар хотирнишон менамоем, ки Фестивали тобистонаи Душанбе-2021 (Dushanbe summer Fest — 2021)» бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади ҷалби сайёҳон ва муаррифии Душанбе ҳамчун шаҳри дорои имконоти сайёҳӣ, инчунин дар доираи эълон гардидани шаҳри Душанбе «Пойтахти сайёҳии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ — 2020-2021» ва «Пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – 2021» баргузор мешавад.