ш.Душанбе. 27.09.2021. Имрӯз дар толори Кохи Сурӯш бо дастгирӣ ва сарпарастии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони мусобиқаҳои варзишии дуюмин Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар маросими ҷоизасупорӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, намояндагони Кумитаҳои рушди сайёҳӣ ва кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва роҳбарони сохторҳои шаҳрӣ иштирок намуданд.
Қайд бояд намуд, ки Фестивали мазкур таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» аз 22 то 27 сентябр бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 16 августи соли 2021 ҷараён гирифт.
Дар ифтитоҳи маросими ҷоизасупорӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки мақсади роҳандозии чунин фестивалу мусобиқаҳо самаранок истифода кардани иншооти варзишӣ ва майдончахои бозии кӯдакон, ҷалби бештари насли наврас ба тарзи ҳаёти солим ва тарбия кардани онҳо дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, тақвияти хислатҳои зиракӣ ва ҳушёрии сиёсӣ дар онҳо мебошад.
Дар доираи фестивали мазкур мусобиқаҳо аз рӯйи чор намуди варзиш - шоҳмот, футбол, волейбол ва гӯштии миллӣ дар байни хонандагону донишҷӯёни макотиби миёна, олӣ ва касбӣ давоми 6-рӯз ҷараён гирифт.
Ҳамин тавр, дар байни 16 дастаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ, 7 муассисаҳои миёнаи касбӣ дар намуди шоҳмот миёни мардон ҷойҳои аввалро Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҷойи дуюмро Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон ва зинаи сеюмро Донишкадаи тарбияи Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов ишғол намуданд. Дар байни дастаҳои бонувони шоҳмотбоз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷойи якум, Коллеҷи техникии Тоҷикистон ҷойи дуюм ва Коллеҷи тибии иҷтимоии шаҳри Душанбе зинаи сеюмро соҳиб шуданд.
Аз рӯйи намуди «Волейбол байни бонувон» дар миёни 24 даста бошад, се ҷойи ифтихориро Донишкадаи тарбияи Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ва Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон ишғол намуданд. Дар мусобиқаи байни волейболи мардон Донишкадаи тарбияи Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов – мақоми якум, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия – мақоми дуюм ва Коллеҷи техникии Тоҷикистон мақоми сеюмро сазовор гардиданд.
Нишондиҳандаҳои беҳтаринро дар мусобиқаи футболи хурд дастаҳои Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (ҷойии якум), Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҷумҳурӣ (мақоми дуюм) ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистону Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон (зинаи сеюм) ноил гардиданд.
Дастаҳои Донишкадаи тарбияи Тоҷикистон, Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон зинаҳои ифтихории мусобиқаи фестивалиро соҳиб гардиданд.
Инҷунин, ғолибон дар байни ҳамаи дастаҳои иштирокчии мусобиқаҳои варзишӣ - Донишкадаи тарбияи Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов – мақоми якумро бо гирифтани 6 медали тилло ва 1 медали биринҷӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон зинаи дуюмро бо 2 медали тилло, Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон бо 1 медали тилло, 1 нуқра, 2 медали биринҷӣ ва Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон бо гирифтани 1 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ зинаи сеюмро касб намуданд.