ФЕСТИВАЛИ ШАҲРИИ СУРУДҲОИ ВАТАНДӮСТОНА -“СУРУДИ САРБОЗ” БАРГУЗОР ГАРДИД
28 Сентябри 2021, Сешанбе
ш.Душанбе. 28.09.2021. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии амфитеатри «Аҳорун» чорабинии тантанавию идона ва Фестивали «Суруди сарбоз» бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарбозони ҷузъу томҳои Гвардияи миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Пас аз садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, ба иштирокчиёни Фестивали мазкур Диплому Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супориданд.
Қайд бояд намуд, ки дар Фестивали «Суруди сарбоз» сарояндагони оркестри ҳунарии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оркестри Раёсати Қӯшунҳои дохилаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ансамбли рақсии гулдухтарони гурӯҳи «Лаъл»-и назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суруду таронаҳои ватандӯстиву меҳанпарастӣ хотири моҳмонону иштирокдоронӣ фестивали мазкурро шод намуданд.