Тоҷикӣ

БА ФАЪОЛИЯТ ШУРУЪ КАРДАНИ ТОЛОРИ ФУРӮШИ МОШИНҲОИ ТАМҒАИ BMW ДАР ПОЙТАХТ

01 Октябри 2021, Ҷумъа

ш.Душанбе. 01.10.2021. Шоми дирӯз дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе толори фурӯши мошинҳои тамғаи БМВ ба фаъолият оғоз намуд. Ин марказ дар доираи шарикии давлат бо бахши хусусӣ аз ҷониби сармоягузорони Амороти Муттаҳидаи Араб ташкил шудааст. Он бо номи «Яс муҳаррик» ба фаъолият оғоз намуда, дар маросими кушодашавии толори мошинҳо муовини Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Фирдавс намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, роҳбарияти ноҳияи Фирдавсӣ ва муассиси толори фурӯши мошинҳои тамғаи БМВ ширкат намуданд. Мавриди зикр аст, ки шаҳри Душанбе дар доираи тадбирандешиҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳама самтҳо рушд намуда, аз лиҳози тиҷорату сармоягузорӣ ба яке аз шаҳрҳои пешрафта табдил ёфтааст. Аз ин рӯ сармоягузорони хориҷӣ низ фаъолияти соҳибкории худро дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ намудаанд.
Толори фурӯши мошинҳои тамғаи БМВ бо номи «Яс муҳаррик» дорои толори намоишии мошинҳо, утокҳои кории роҳбарият ва кормандони он, инчунин маркази таъмиру хизматрасонии ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир буда, бо сифати баланд ва дар доираи меъёрҳои қабулгардидаи сатҳи байналмилалӣ сохта шудааст. Зимни муаррифии имконияти ин маркази хизматрасонӣ иттило дода шуд, ки он яке аз калонтарин толорҳои фурӯши мошинҳои ин тамға дар минтақа аст. Сармоягузорони хориҷӣ таъкид доштанд, ки маҳз дастгирии роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрдории Душанбе имкон дод, ки мо чунин иншооти зеборо бунёд намуда, фаъолияти соҳибкории худро оғоз намудем. Фаъолияти чунин марказҳои бузурги савдо дар самти фурӯши мошин аз рушди соҳибкорӣ дар пойтахт шаҳодат медиҳад.
Дар заминаи татбиқи барномаву стратегияҳои соҳавӣ ва дастгирии роҳбарияти олии мамлакат бахши соҳибкориву сармоягузорӣ дар кишвари мо рушд намудааст. Дар ин замина сармоягузорони хориҷӣ низ дар шаҳри Душанбе фаъолияти соҳибкории худро тақвият бахшидаанд.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Илова кунед