Тоҷикӣ

Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашиканин ва маҳсулоти машруботии "Сиёма" ба фаъолият оғоз кард

27 Августи 2019, Сешанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикан ва маҳсулоти машруботии "Сиёма"-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд ва бо хати истеҳсолӣ ва имкониятҳои он аз наздик шинос шуданд.

Корхонаи мазкур дар доираи дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат аз ҷониби ҶДММ "Авесто Гурӯҳ" бунёд ёфта, имконият дорад, ки дар як сол ба ҳисоби як басти корӣ 33 миллион литр обро истеҳолу ба харидорон пешниҳод намояд. Иншооти мазкур бо муосиртарин хатҳои истеҳсолӣ таъмин гардида, сифати ҳамаҷонибаи маҳсулоти омодашударо дастгоҳҳои насбшуда таъмин хоҳанд кард. Ба иттилои масъулин технологияи насбшудаи корхонаи мазкур истеҳсоли ширкати маъруфи "Сидел"-и Фаронса буда,  он дар асоси стандартҳои муосири байналмилалӣ фаъолият мекунад. Муҷаҳҳазсозии Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикан ва маҳсулоти машруботии  "Сиёма" -ро мутахассисон аз Ҷумҳуриҳои Фаронса, Италия, Лаҳистон, Чехия, Россия, Сербия, Мексика, Аргентина ва Испания анҷом дода, технологияи «Сидел» пурра ба таври  автоматӣ фаъолият менамояд.

Тавре ба Сарвари давлат иттилоъ доданд дар корхона диққати аввалиндараҷа ба сифати маҳсулоти истеҳсолгардида зоҳир гардида, хати истеҳсолӣ бо филтри тозакунии чорзинагӣ таъмин мебошад. Аз ҷумла барои таъмини сифати хуб ва мутобиқсозии он ба талаботи ҷории байналмилалӣ  об аз филтрҳои кварсӣ, карбонӣ, керамикӣ ва ионикунӣ гузаронида мешаванд. Дар ин баробар ҷиҳати таъмини бехатарии маҳсулот ва ҳифзи саломатии истеъмолкунанда низоми азоникунанда низ дар корхонаи тозабунёд истифода бурда мешавад, ки тадбирҳо сифати ҳамаҷонибаи маҳсулотро таъмин хоҳад кард.

Истеҳсоли обҳои газнок, бегаз ва обҳои хуштаъм дар зарфҳои пластикӣ ва шишагии гуногунҳаҷм ба роҳ монда шуда, намуди зоҳирӣ ва сифати он ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои дохилӣ ва хориҷӣ мебошад. Ба фаъолият оғоз намудани корхонаи мазкур имконият медиҳад, ки минбаъд дар ин ҷо на танҳо маҳсулоти воридотивазкунанда, балки ба содирот нигаронидашуда низ истеҳсол карда шавад, зеро ин корхона аз рӯи стандартҳои эътирофгардидаи ҷаҳонӣ фаъолияти худро роҳандозӣ кардааст.

Ба иттилои масъулин ҳангоми васлу насби хати истеҳсолӣ дар асоси қарордодҳои баимзорасидаи Ширкати “Авесто Гурӯҳ” ва “Сидел”-и Фаронса мутахассисони маҳаллӣ аз курси омӯзишӣ гузашта, тартиби истифодабарии технологияро пурра аз худ намуда, феълан мустақиман идораи фаъолияти хати истеҳсолиро амалӣ месозанд.

Хати технологии истеҳсоли маҳсулоти машруботӣ бошад, аз давлатҳои Аврупо, бахусус аз ширкатҳои машҳури “Altec”-и Чехия ва “STM”-и Лаҳистон, инчунин аз “ЗавКом Инжиниринг”-и Федератсияи Россия фармоиш дода шуда, пурра васлу насб карда шудааст. Бо мақсади пешниҳоди маҳсулоти аълосифат лабораторияи муосир бо   таҷҳизоти замонавӣ, бахусус муайянкунандаи зичии дараҷаи машрубот аз ширкати австриягӣ  таъмин гардидааст, ки дар айни замон дар ҳудуди Осиёи Марказӣ қиёс надорад.  Машруботи дар ин корхона истеҳсолшаванда асосан барои содирот пешбинӣ шудааст.

Дар айни замон  100 нафар дар корхонаи нав соҳиби ҷои кор гардида,  ҳангоми пурра ба кор даромадани корхона 160 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷои корӣ доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд. Ҳамчунин 25 мутахассиси хориҷии дигар барои омода кардани кадрҳои маҳаллӣ ба кор ҷалб гардиданд. Ба иттилои масъулин барои боз ҳам беҳтару хубтар кардани шароити корӣ барои кормандони корхона хуҷраҳои кории барҳаво бунёд ёфта, онҳо бо сару либоси махсуси корӣ ва хӯрок таъмин мебошанд.

 Ҳудуди корхона 1,4 гектар заминро дар бар гирифта, масоҳати бинои сохташуда 7500 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Бинои  мазкур бо санъати муосири меъморӣ бунёд ёфта, дар сохтмони он  зиёда аз 100 нафар мутахассисони соҳибтаҷрибаи маҳаллӣ соҳиби ҷои кори доимӣ гаштанд.

Аснои шиносоӣ Роҳбари давлат ба сатҳу сифати корҳои анҷомёфта  баҳои баланд дода, барои фаъолияти пурсамар ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ба масъулини корхона дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.

Қобил ба тазаккур аст, ки барои бунёди корхонаи мазкур Пешвои муаззами миллат 19 уми марти соли 2018 санги асос гузоштанд ва то ин дам иншоот бо сатҳу сифати баланд сохта ба истифода дода шуд.  

Бояд гуфт, ки об барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз дарёи Сиёма,  ки 55 километр дуртар аз пойтахти мамлакат қарор дорад, дастрас карда мешавад ва ин об дар Озмуни байналмилалии обҳои ошомиданӣ, ки соли 2001 дар ИМА баргузор гардида буд, дар даҳгонаи обҳои беҳтарини ҷаҳон шомил карда шуд.  Тибқи тадқиқоти олимони соҳа оби Сиёма ба организми зинда таъсири мусбӣ расонида, барои тавоноии тан, бахусус кори мушакҳо, рӯда, ҳазмкунии таом ва барои тозакунии организм басо фоидаовар арзёбӣ карда шудааст. Он аз қабати пиряхҳо сарчашма гирифта, барои кашонидани об корхона бо нақлиёти муосири соҳавӣ, ки таркиб ва хусусиятҳои онро ҳамаҷониба нигоҳ медорад таъмин мебошад. Барои таъминоти корхона бо об ва тақсимоти минбаъдаи он дар нуқтаҳои фурӯш воситаҳои нақлиёти махсуси калонҳаҷм бо ғунҷоиши 25 тоннагӣ ва миёнаҳаҷм бо ғунҷоиши 4 тоннагӣ бо насби тамғаи “Сиёма” харидорӣ шудааст. Дар назар аст, ки дар мӯҳлати наздиктарин шумораи нақлиёти боркаш то 200 адад расонида шавад.

Тоҷикистон дар ҷаҳон аз лиҳози захираҳои оби тозаи ошомиданӣ яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол карда, оид ба ҳалли масъалаҳои марбут ба об ба нафъи аҳли башар кишвари ташаббускори эътирофшуда маҳсуб меёбад.

Бо қабул гардидани ташаббуси чоруми Сарвари давлати Тоҷикистон ҳоло дар миқёси сайёра даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” татбиқ шуда истодааст, ки дар доираи он то имрӯз пешниҳодҳои асосноку созанда ба миён гузошта шудаанд ва Тоҷикистон имрӯз ба яке марказҳои сиёсии баррасии масъалаҳои муҳимми об дар сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

Оби истеҳсолшавандаи «Сиёма» аз нигоҳи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ манфиатовар буда, муаррифгари кишвари маҳбубамон дар арсаи байналмилалӣ шуда, содироти минбаъдаи он метавонад манфиати хуби иқтисодӣ оварад. Ҳамзамон, фаъолияти корхона ба амалигардии "Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020"  мусоидат хоҳад кард.

Ҳукумати мамлакат мақсад гузоштааст, ки тавассути таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ коркарди ҳарчи бештари ашёи хоми ватаниро ба роҳ монда, ба ин васила Тоҷикистонро аз кишвари аграриву саноатӣ ба мамлакати саноативу аграрӣ ва содироткунандаи маҳсулоти тайёр табдил диҳад.

Танҳо дар нимсолаи якуми соли 2019 дар шаҳри Душанбе ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 1,3 миллиард сомониро ташкил кардааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 25 фоиз зиёд буда, тайи солҳои2016 - 2018 ҳаҷми он қариб ду баробар афзудааст.

Шумораи корхонаҳои саноатӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба 462 адад расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20 корхона зиёд мебошад.

Бино ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни 28-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон дар шаҳри Душанбе ба фаъолият оғоз намудани коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсоливу хизматрасонӣ нишонаи пешрафти босуботи иқтисоди миллӣ, қадамҳои устувори мо ба самти рушди дарозмуддати кишвар ва ободии пойтахти маҳбубамон мебошанд.

 

Илова кунед