Тоҷикӣ

ИТТИЛОИЯ

12 Ноябри 2021, Ҷумъа

 ш. Душанбе. 12.11.2021 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, оиди паҳн гардидани хабарҳо дар мавзӯи бартараф намудани Хона-музейи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ иттилоъ медиҳад:
   Бо дарназардошти хизматҳои шоёну барҷастаи адиб, олим, аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба Академияи милии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод барои ба ҷойи муносиб кӯчонидану бунёди Хона-музейи наву замонавӣ, ҷавобгӯ ба талаботи муосир ироа намуда буд.
   Инчунин бояд қайд кард, ки масъалаи мазкур ҳанӯз ҳалли ниҳоии худро наёфтааст ва он дар марҳилаи омӯзиш қарор дорад.
   Ҳамзамон бояд тазаккур дод, ки дар ҷойи Осорхонаи мавҷуда, бунёди ягон намуд бинову иншоот пешбинӣ нагардидааст ва хабарҳо оиди гӯё дар макони Хона-музей роҳандозӣ гардидани сохтмони меҳмонхона ё бинои таъиноти дигар, асоси воқеӣ надоранд.

Илова кунед