ИТТИЛОИЯ
24 Ноябри 2021, Чоршанбе
ш. Душанбе 24.11.2021. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади ба талаботи меъморию шаҳрсозии муосир мувофиқ намудани кӯчаҳои Н.Қарабоев, Абайи ноҳияи Фирдавсӣ ва А. Ҷомии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, таъмини ҳаракати бемамонияти воситаҳои нақлиёт дар ин роҳҳо ва танзими давлатии савдо бо қарор аз 24 ноябри соли 2021 фаъолияти бозор, нуқтаҳои фурӯш ва хизматрасонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Султони Кабир», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файзи Саид»-«Осиё» ва гирду атрофи он дар ноҳияи Фирдавсӣ, ҳамчунин маркази савдои «Мадад» воқеъ дар кӯчаи А. Ҷомии ноҳияи Сино аз 1 марти соли 2022 боз дошташуда, минбаъд бо тартиби муқарраргардида фаъолияти соҳибкорон дар дигар маҳал ҷойгир карда мешаванд.
Тазаккур бояд дод, ки бунёди шаҳраки тиббӣ, марказҳои солимгардонӣ бо минтақаи сабзазоркунии истифодаи умум ҳанӯз дар нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар соли 1983 таҳия ва тасдиқ шуда буд.
Иқдоми мазкур бо мақсади тадбиқи бомароми нақшаи генералӣ ва амалӣ намудани ҳадафҳои иҷтимоӣ ҷиҳати таъмини шароити мусоид ба сокинони пойтахт ва бунёди иншоотҳои тандурустиву солимгардонӣ роҳандозӣ мегардад.