Тоҷикӣ

ИДОМАИ КОРҲОИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ ДАР ПОЙТАХТ

07 Декабри 2021, Сешанбе

ш. Душанбе. 07.12.2021.  Дар минтақаи саноатии шаҳри Душанбе бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимитяи давлатии ноҳияи Шоҳмансур корхонаи истеҳсоли чароғпояҳои светадиодӣ ва лампаҳо мавриди истифода қарор дода шуд. Дар корхонаи навтаъсис зиёда аз 45 ҷойи кори нав муҳайё карда шуда, кормандон пеш аз оғози кор ба курсҳои кӯтоҳмуддати тахассусӣ ҷалб гардидаанд. Зимни ифтитоҳи корхона ба намояндагон масъулин иттилоъ доданд, ки маводи хом ба корхона аз Федератсияи Россия ворид гардида, банду баст карда мешавад. Дар корхонаи мазкур зиёда аз 27 намуд лампаҳо истеҳсол карда мешавад. Ҳамзамон дар ин рӯз бо иштироки масъулин дар минтақаи саноатии пойтахт Корхонаи саноатии истеҳсолии қуттиҳои коғазӣ мавриди истифода қарор гирифт. Технологияи муосири корхона аз хориҷи кишвар ворид гардида, дар он кормандон ва мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин карда шуданд. Дар ҳудуди корхона зиёда аз 6 намуди техинкаи замонавӣ насб гардида, корхона ба истеҳсоли зиёда аз 30 намуд қуттиҳои коғазӣ машғул мебошанд. Имкони истеҳсоли моҳонаи корхона наздик ба 1,5 миллион адад қуттӣ буда, корхона имкон дорад, дар доираи фармоиши мизоҷ истеҳсолро ба роҳ монад. Корхонаи саноатии истеҳсоли қуттиҳои коғазӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пулотов» бунёд карда шуда, масоҳати умумии иншоот 2700 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар кӯчаи Садриддин Айнӣ 7а бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур маҷмааи фароғатӣ бо ободонии атрофи нимпайкара, фавораҳо, гулгашт барои истироҳати сокинони пойтахт мавриди фаъолият қарор гирифт. То ин муддат гулгашти мазкур ба номи Худоназар Махмадназаров фаъолият мекард, ки имрӯз ҳамчун рамзи эҳтиром ба хизматҳои шоёни ин ходими давлатӣ нимпайкараи ӯ дар даромадгоҳи гулгашт гузошта шудааст. Дар дохили гулгашт тарабхонаи замонавии туркӣ бо номи Ӯзюрт қомат афрохта дар он баҳри сокинону меҳмонони пойтахт шароити хуби фароғат фароҳам карда шудааст, ки пас аз фаъолияти пурра сокинон имкон доранд, бо ҳамроҳии наздикон аз хӯрокҳои лазиз ва хуришҳову шириниҳои туркӣ истифода баранд. Дар саҳни маҷмаа фавораҳо бунёд карда шуда, дар саҳни он 11 адад айвонча барои истироҳату фароғати сокинон дар фасли тобистон бунёд гардидааст. Баъди фаъолияти пурраи тарабхона дар он зиёда аз 70 ҷойи кори доимӣ фароҳам мегардад. Дар тарабхона баҳри мизоҷон утоқҳои алоҳидаи оилавӣ ва толори калон ҷойгир карда шудааст. Масоҳати иншоот наздик ба 5000 ҳазор метри мураббаъро дар бар мегирад. Дар як вақт тарабхона ба зиёда аз 280 нафар мизоҷон имкони хизматрасониро доро мебошад.
 
 
 
 
 
 

Илова кунед