Тоҷикӣ

ИДОМАИ КОРҲОИ БУНЁДӢ ДАР ПОЙТАХТ

21 Декабри 2021, Сешанбе

ш.Душанбе. 20.12.2021. Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгзуори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино дар кӯчаи Ҷаббор Расулови ноҳияи Сино Маркази савдову хизматрасон ва утоқҳои корӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Муқим-1» ифтитоҳ карда шуд. Лоиҳаи иншоот мутобиқ ба меъёрҳои меъморию шаҳрсозӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Пажуҳишгоҳи илмӣ-лоиҳакашии «Пирамида» таҳия шудааст. Иншооти мазкур аз 11 ошёна иборат буда, сохтмони он моҳи январи соли 2020 оғоз гардида буд. Масоҳати умумии бино 5700 метри мураббаъро дар бар мегирад. Бо назардошти баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои муосир ба аҳолӣ ва қонеъ намудани талаботи истеъмолкунандагон дар ду ошёнаи аввал маркази савдову хизматрасонӣ бунёд гардида, 9 ошёнаи дигари бинои навсохт дорои утоқҳои корӣ мебошад, ки барои фаъолияти самту соҳаҳои гуногун шароити мувофиқ фароҳам оварда шудааст. Ҳамчунин дар доираи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби ҷавонону наврасон ба машқу тамрини бадан дар ошёнаи сеюми бино толори замонавии варзишӣ сохта шудааст. Дар давоми пешбурди корҳои сохтмонӣ дар ин бинои замонавии баландошёна аз 50 то 60 нафар ба кор ҷалб гардида буданд. Дар маҷмуъ дар иншооти мазкур барои 38 ширкат утоқҳои кории муосир муҳайё гардидааст, ки дар онҳо метавонанд зиёда аз 500 нафар бо ҷойҳои нави корӣ таъмин гарданд.
Инчунин дар кӯчаи Нусратулло Махсум 15-и ноҳияи Сино низ бо ширкати намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино бинои 12-ошёнаи истиқоматӣ мавриди истифода қарор гирифт. Ин бинои хуштарҳ ва замонавӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сохтмон Палас» сохта шуда, дар ошёнаи аввали бино бунёди маркази наву замонавии савдо дар назар дошта шудааст. Ҳамзамон дар ошёнаи аввали ин бино маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба роҳ монда шудааст, ки кӯдакону наврасон ба омӯхтани забонҳои гуногун машғул мебошанд. Бино дар маҷмуъ дорои 122 ҳуҷра буда, хонаҳои 1 ва 2 ҳуҷрагиро дар бар мегирад. Он дар асоси талаботи меъмориву шаҳрсозӣ бо риояи қоидаҳои ҳатмии сохтмон бунёд шудааст.
Ҳамзамон дар шаҳраки 102-и ноҳия низ бинои истиқоматии иборат аз 10 ошёна мавриди истифодаи сокинон қарор дода шуда, дар ин рӯз дар кӯчаи Королёви ноҳияи Сино бинои 5 ошёнаи истиқоматӣ ки аз ҷониби шаҳрванд Бобохонова Идигул бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор гирифт. Бинои мазкур дар масоҳати беш аз 350 метри мураббаъ сохта шуда, хонаҳои аз 1 то 3 ҳуҷрагиро дар бар мегирад. Ҳуҷраҳои бино бо шароити зарурӣ ва таъмири хуб мавриди истифодаи сокинони он қарор дода шудааст. Дар атрофи бино майдончаи бозии кӯдакона бо ҷойгирнамоии ашёҳои зарурии дилхушӣ бунёд карда шудааст.

Илова кунед