КУМАКҲОИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА ҚИШРИ НИЁЗМАНДИ ҶОМЕА
25 Декабри 2021, Шанбе
ш.Душанбе. 25.12.2021. Дасти кумак дароз намудан ба ятимону бепарасторон ва оилаҳои ниёзманд - хислатҳои неки инсонист. Дастгириҳои пайваста ва таваҷҷуҳу ғамхориҳои рӯзафзун нисбат ба ятимону маъюбон, бепарасторон, дардмандону оилаҳои эҳтиёҷманд дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, аз амалҳои хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.
Дар доираи чунин иқдому тадбирҳои муҳим ва хайрхоҳонаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оилаҳои эҳтиёҷманд, хусусан ятимону шахсони дорои имконияти маҳдуд дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе пайваста дастгирӣ карда мешаванд ва зери таваҷҷуҳу ғамхориҳои ҳамешагии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ қарор доранд.
Дар пайравӣ аз иқдомҳои бузург ва сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои дастгирии табақаи ниёзманди ҷомеа дар пойтахти мамлакат пайваста тадбирҳои амалӣ меандешад.
Дар пайравӣ бо ташаббусу иқдомҳои инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат ин навбат низ чун анъана аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар рӯзҳои охири соли 2021 ва фарорасии соли нави мелодии 2022 ба зиёда аз 11000 (ёздаҳ ҳазор) нафар, аз ҷумлаи ятимони кулл, маъюбон, шахсони яккаву танҳо, дардмандону бепарасторон, оилаҳои ниёзманд ва кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои пойтахти мамлакат кумакҳои моддӣ ва туҳфаҳои идона тақдим карда шуд.
Таъкид бояд кард, ки кумакҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, аз қабили маҷмуи либоси гарми зимистона, маҳсулоти хӯрокворӣ, шириниҳои идона ва дигар лавозимоти зарурӣ дар ин рӯзҳо ба бошандагону тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастор, мактаб-интернати махсуси таҳсилоти асосии №2, мактаб-интернати махсуси ёрирасони №3”, мактаби махсуси ношунавоён, мактаби шабонарӯзии махсус барои кӯдакони нобино ва сустбин, хонаи кӯдакони синни томактабии №1, маркази дастгирии оила ва кӯдаки №2 ва Маркази минтақавии хизмати иҷтимоии нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе дастрас ва барои бошандагону тарбиятгирандагони ҳамаи ин муассисаҳои иҷтимоии пойтахт дастурхони идонаву барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ бо риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ташкил карда шуд.