ИДОМАИ КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ ДАР ПОЙТАХТ
07 Январи 2022, Ҷумъа
ш.Душанбе. 07.01.2022. Имрӯз дар ҳудуди ноҳияҳои шаҳри Душанбе корҳои бунёдкорӣ ва ташкили марказҳои савдою хизматрасонӣ идома дорад. Ин навбат дар доираи нақшачорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ноҳияи Шоҳмансур як майдончаи муосири варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар доираи нақшачорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт тадбирҳои созандагӣ вусъат ёфтааст. Илова ба майдончаҳои мавҷуда дар маҳаллаи Бадахшон 2-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт як майдончаи муосири варзишӣ дар вазъияти тантанавӣ ба истифода дода шуд. Майдончаи варзишӣ дар ин маҳаллаи кӯҳдомани ноҳия бо ташаббуси вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва шарикони рушд сохта шудааст. Дар расми ифтитоҳи майдончаи варзишӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилшод Одиназода, намояндагони сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур, инчунин сокинони маҳаллаи Бабахшон 2 ширкат намуданд. Дар баробари майдончаи варзишӣ инчунин мавзеъ барои дилхушиву фароғати кӯдакон ва машқу тамрини онҳо низ бо фароҳамии шароити зарурӣ бунёд гардидааст. Сокинон қаноатмандӣ аз он доранд, ки бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соҳиби чунин майдончаи муосири варзишӣ гардиданд. Зеро дар гузашта сокинони маҳалла ба чунин иншоот эҳтиёҷ доштанд. Аз сокинони хонаҳои атрофи майдончаи варзишӣ даъват карда шуд, ки барои истфиодаи самаранок ва дар ҳолати хуби коршоямӣ нигоҳ доштани он кӯшиш намоянд. Зеро майдончаи универсалии варзишӣ бояд барои онҳо солҳои зиёд хизмат намояд. Илова бар ин майдонча дар замини релефаш ноҳамвор ҷойгир буда, бо истифодаи масолеҳи зиёди сохтмонӣ ва қувваи кории бештар бунёд шудааст. Ҷойи таъкид аст, ки давоми солҳои охир дар ҳамаи шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт чунин иншооти солимгардонӣ сохта шудааст ва шароити созгор барои машқу тамрини ҷавонону наврасон фароҳам гардидааст. Ҷойи таъкид аст, ки давоми соли 2021 бо ташаббуси вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва дастгирии сокинони маҳалла дар ҳудуди он корҳои ободониву созандагӣ дар мисоли таъмири роҳу ҷӯйборҳо, хатҳои интиқоли барқ ва бунди партовгоҳҳои нав амалӣ шудааст. Зимнан тасими гирифта шуд, ки дар идомаи тадбирҳои созандагиву иҷтимоии роҳбарияти олии мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ояндаи наздик дар маҳаллаи Бадахшон 2 як бунгоҳи тиббӣ низ сохта ба истифода дода мешавад.
Корҳои ободониву созандагие, ки давоми солҳои охир дар шаҳраку маҳаллаҳо амалӣ карда шудаанд, аз ҳадафҳои роҳбарияти шаҳри Душанбе дар самти мутобиқ намудани пойтахти кишвар ба талаботи мусоири шаҳрсозӣ ба шумор меравад. Бо татбиқи ин ва дигар тадбирҳои созандагивуо ободкорӣ, дар баробари фароҳам овардани шароити хуби истироҳату фароғат барои сокинону меҳмонони пойтахт, инчунин симои шаҳрро бозҳам ободу зебо менамояд.