ПАЁМ - РОҲНАМОИ ЗИНДАГИИ МО
18 Январи 2022, Сешанбе
ш.Душанбе. Бо мақсади мусоидат дар рушди ҷомеа, вусъати корҳои созандагӣ ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати саҳмгузории кормандони касбу кори гуногун ва сокинони шаҳи Душанбе дар амалӣ гардидани ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021, иҷрои банди 5-и нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлтаии шаҳри Душанбе барои соли 2022, Қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи ташкили мулоқоту вохӯриҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлтаии шаҳри Душанбе оид ба шарҳу тавзеҳи моҳияти Паёми сарвари давлат ба имзо расидааст. Мулоқоти навбатӣ бо ҷалби кормандони соҳаи нақлиёти шаҳр дар толори КВД «Нақлиёти барқӣ ва велосипед» баргузор шуд. Зимни баромади худ муовини Раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода ҳамчун роҳбари гурӯҳи 4-уми таблиғотӣ афзуд, ки давоми солҳои соҳибистиқлол дар ҳама соҳаҳо кишвари мо ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст, ки аксари он бо таҳлили амиқ зимни Паём аз ҷониби сарвари давлат ироа гардид. Зимнан зикр шуд, ки Ҳукумати мамлакат бо истифода аз тамоми имкониятҳо ҷиҳати ҳалли масъалаҳои бунёду азнавсозии роҳҳо мунтазам чораҷӯӣ карда истодааст. Имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт татбиқи 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии зиёда аз 11 миллиард сомонӣ идома дорад, ки барои ба кишвари муосири транзитӣ табдил ёфтани Тоҷикистон мусоидат мекунад. Ҳамин тариқ нуктаҳои муҳими Паёми солонаи роҳбари давлат ба ширкатдорон тавзеҳ дода шуд.