ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ ВАО-И ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ҶИҲАТИ ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ
25 Январи 2022, Сешанбе
ш.Душанбе. 25.01.2022. Ба хотири шарҳу тавзеҳи моҳияти Паёми Президенти кишвар дар шаҳри Душанбе мулоқоту вохуриҳои роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо сокинону фаъолон ва кормандони касбу кори гуногун идома доранд. Ин навбат вохурии навбатӣ бо намояндагони сохторҳои гуногуни пойтахт бо кормандони ВАО-и шаҳри Душанбе доир гардид. “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳими расмӣ, барномавӣ ва муайянкунанда буда, ифодаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи мукаммали фаъолияти тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад.” -Гуфта шуд, зимни мулоқоти роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва намояндагони сохторҳои гуногуни шаҳри бо кормандони Воситаҳои ахбори оммаи пойтахт.
Бо такя ба суханони Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми имсола баён карданд, Мавсума Муинӣ-муовини Раиси шаҳри Душанбе, иброз дошт, ки “Барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд. Аз ин рӯ моро мебояд ба қадри неъматҳои истиқлол бирасем ва барои насли ояндаи худ як давлати ободу осуда ва пешрафтаро ба мерос гузорем.”
Тавре иттилоъ дода шуд, ба хотири шарҳу тавзеҳи моҳияти Паёми Президенти кишвар дар пойтахт 6-гурӯҳи корӣ аз ҳисоби роҳбарият ва намояндагони сохторҳои гуногуни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таъсис ёфта, ҳоло корбарӣ доранд. Зимни мулоқот масъулин доир ба одобу ахлоқи ҳамида дар кору фаъолият ва фарҳанги либоспӯшӣ ибрози андеша карданд.
Аз кормандони ВАО даъват карда шуд, ки дар муборизаҳои иттилоотӣ ҳушёриро аз даст надода, барои пурра намудани фазои иттилоотӣ ва пос доштани арзишҳои миллию суботи сартосарии кишвар бо таҳияи барномаҳои таҳлилӣ саҳм гузоранд.
Ҳамчунин дар доираи 4-ҳадафи стратегии кишвар ва нақшаву барномаҳои таҳиягардидаи 35-солагии истиқлоли давлатӣ сухан рафт. Гуфта шуд, ки “Ҳукумати мамлакат ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати мамлакат ва васеъ намудани шуғли пурмаҳсулро тадриҷан амалӣ карда истодааст.”
Дар идома иброз гардид, ки ташаббуси пешгирифтаи Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомали бобати ба шаҳри сабз табдил додани пойтахт барои тозагии муҳити атроф шароити созгорро муҳайё сохта, симои Душанбешаҳрро боз ҳам зебо мегардонад. Аз ин рӯ аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки дар муаррифии имкониятҳо ва зебоиҳои пойтахт заҳмгузор бошанд. Дар идома дигар мавзуҳои дар паём дарҷгардида мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.