ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №71 АЗ 17.02.2022
Дар бораи баргузор намудани иҷлосияи 6-уми Маҷмааи умумии “Форуми раисони шаҳрҳои Осиё” дар шаҳри Душанбе
Бо мақсади ташвиқу тарғиби ғояҳои созандагӣ, фарҳангу таърихи миллати тоҷик, муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар, ҷалби сайёҳон, сармоягузорӣ, рушди имкониятҳои соҳибкорӣ ва таҳкими ҳамкориҳои бародаршаҳрӣ дар асоси розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз санаи 29 июли соли 2021, №433332 (29-4.3), мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”
ҚАРОР МЕКУНАМ :
1. Иҷлосияи 6-уми Маҷмааи умумии “Форуми раисони шаҳрҳои Осиё” рӯзҳои 9-10 марти соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор карда шавад.
2. Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва баргузории иҷлосияи 6-уми Маҷмааи умумии “Форуми раисони шаҳрҳои Осиё”, ҳайати кумитаи тадорукот ва ҳисобномаи хароҷотии баргузории он тибқи замимаҳои 1, 2 ва 3 тасдиқ карда шаванд.
- Муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ доир намудани форуми мазкур бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ тадбирҳо андешанд.
- Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ пешбинишуда маблағи 1 656 523 (як миллиону шашсаду панҷоҳу шаш ҳазору панҷсаду бисту се сомонӣ) сомонӣ ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе тибқи харҷномаи замимаи 3 ҷудо намояд.
- Бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пардохти саривақтии маблағи ҷудошударо тибқи тартиби муқаррагардида таъмин намояд.
- Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе”, рӯзномаи “Паёми Душанбе” қарори мазкур ва рафти баргузории чорабиниро тариқи воситаҳои ахбори омма васеъ инъикос намоянд.
- Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ