БАРГУЗОРИИ 2-ЮМИН ФЕСТИВАЛИ ДӮСТИИ АФСАРОНУ САРБОЗОН ВА ҶАВОНОНИ СИННИ ДАЪВАТӢ ТАҲТИ УНВОНИ "БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ"
17 Феврали 2022, Панҷшанбе
ш.Душанбе. 17.02.2022. Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 16 феврали соли 2022, №67 “Дар бораи таҷлили ҷашни 29 солагии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” тасдиқ гардидаст, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе 2-юмин Фестивали дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ, таҳти унвони “Барои миллату давлатам содиқона хизмат мекунам!” доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ташкил карда шуда, давоми 7 рӯз аз санаи 17 то 23 феврали соли 2021 дар заминаи тамоми қисмҳои ҳарбию низомии ҳудуди шаҳри Душанбе баргузор карда мешавад.
Мақсад аз ташкил ва баргузор намудани Фестивали мазкур самараноку мақсаднок истифода намудани инфрасохтори соҳаи варзиш, ҷалби афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватию то даъватӣ ба варзиш ва таҳкими тарзи ҳаёти солим, пешгирии бемориҳои сироятӣ, баланд бардоштани рӯҳияи афсарону сарбозон дар роҳи содиқона хизмат кардан ба Ватан, ҷалби ҷавонони синни даъватию то даъватӣ ба ватандӯстию хештаншиносӣ, шиносоӣ пайдо намудан аз шароити хизмати афсарону сарбозон, ҷалби ихтиёрии онҳо ба хизмати ҳарбӣ, хосатан пешгирии наврасону ҷавонон аз амалҳои номатлуби иҷтимоӣ ва ҳушёрию зиракии сиёсии онҳо мебошад.
Фестивал бо ба намоиш гузоштани тамоми дастовардҳои ҳарбию низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе адои фаъолият менамоянд дар саҳни Маркази таълимии “Пойтахт”, қисми ҳарбии 0123-и Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд, ки дар кори он муовини Раиси шаҳри Душанбе Гуреззода Умед, муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳиён Абдусаттор, роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, роҳбарияти воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ҷузъу томҳои қувваҳои мусаллаҳ, беш аз 1200 нафар афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватию то даъватӣ ҳузур доштанд.
Фестивал аз чор қисмати асосӣ иборат буда, қисмати аввали онро маросими ифтитоҳӣ, қисмати дуюму сеюми онро сексияҳои варзишӣ аз рӯйи намудҳои варзишии футболи хурд, волейбол, шоҳмот, гӯштини миллӣ ва варзиши сабук дар ду марҳила, марҳилаи интихобии 1-ум дар заминаи қисмҳои ҳарбию низомӣ ва марҳилаи интихобии 2-юм дар сатҳи шаҳр, инчунин даври чоруми Фестивалро маросими ҷамъбастӣ ва ҷоизасупории дастаҳои ғолиб бо ташкили барномаи рангини фарҳангӣ ташкил медиҳад.
Ба истиснои баргузории мусобиқаҳои варзишӣ дар доираи фестивали мазкур дар толори “Кохи Афсарон”-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ ва то даъватӣ Конференсияи илмӣ – амалӣ ва назариявӣ дар мавзӯи “Дастовардҳои ҳарбию низомии даврони истиқлолият: ҳолат ва дурнамо” таҳти унвони “Пос доштани обу хоки Ватан - рисолати ҷавонмардист!” бо пешниҳоди роликҳои тарғиботӣ бо ҷалби 100 нафар, ташкили мулоқоту вохӯриҳо бо афсарону сарбозон ва курсантон дар Донишкадаи Олии ҳарбӣ, Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар ҷузъу томҳои қувваҳои мусаллаҳ (дар сатҳи Раёсат ва комендатура) бо ҷалби наздик ба 1000 нафар, ташкили мизи мудаввар дар мавзӯи “Хизмат ба Ватан - шарафи ҷавонмардист!” бо фарогирии 70 нафар ва ташкили аксияҳои иттилоотию тарғиботӣ дар мавзӯи “Ба муҳофизати ватани маҳбубамон омода бош!” бо тақсими беш аз 5000 адад варақаҳои иттилоотӣ ва 500 адад китобҳои ватандӯстона, доир карда мешаванд.
Дар фарҷом ғолибони мусобиқаҳои варзишии марҳилаи 2-юм дар ҷамъбасти Фестивал санаи 22 феварли соли 2022, ки дар толори “Кохи Сурӯш”-и шаҳри Душанбде баргузор мегардад, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо Диплом, медал, ҷом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.