ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №84 АЗ 25.02.2022
Дар бораи даъват намудани иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум
Мутобиқи моддаҳои 12, 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»,
ҚАРОР МЕКУНАМ:
- Иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум 9 марти соли 2022, соати 900 дар толори бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ - 40 даъват карда шавад.
- Ба рӯзномаи иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:
2.1. Дар бораи рафти иҷрои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» дар шаҳри Душанбе ва нақша–чорабиниҳо оид ба ниҳолшинонию сабзкорӣ, шинонидани гулҳои садбарг дар мавсими тирамоҳи соли 2021 ва баҳори соли 2022;
2.2. Дар бораи рафти иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025».
2.3. Дар бораи номгузорӣ намудани муассисаи таълимоти миёнаи умумии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе.
2.4. Дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе.
- Барои омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳи корӣ тибқи замимаи 1 таъсис дода шавад.
- Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум тибқи замимаи 2 дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум то санаи 5 марти соли 2022 таклифҳои мушаххасро пешниҳод намоянд.
- Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо тартиби муқарраргардида муҳтавои қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба самъи сокинони пойтахт расонида, таклифу пешниҳодҳои вобаста ба иҷлосия воридгардидаро ба гурӯҳи корӣ манзур созад.
- Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Т.Н. гузошта шавад.
РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ