Тоҷикӣ

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ “МОДАР САРЧАШМАИ ҲАЁТ ВА ЗИНННАТБАХШИ ЗИНДАГӢ”

03 Марти 2022, Панҷшанбе

ш.Душанбе. 03.03.2022. Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 25 феврали соли 2022, таҳти №88 тасдиқ гардидааст, бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Модар сарчашмаи ҳаёт ва зинннатбахши зиндагӣ” доир гардид. Конфронс бо сухани ифтитоҳии сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода оғоз гардида, дар маросими расмии он Суруди миллии Тоҷикистон садо дод. Дар идома муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Карим аз номи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иштирокчиёнро ба муносибати Рузи модар табрику муборакбод намуда, дар бораи ғамхориву тавваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳуваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгириҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нисбат ба занону модарон суханронӣ намуд. Дар идома Хидирзода Махфират Умар узви Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Нақши зан-модар дар идоракунии давлат”, Норасов Абдуалим – мудири Шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар мавзӯи “Ҷойгоҳи зан Модар аз нигоҳи ислом”, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Ҷурабек Муродзода ва масъулини дигар сохторҳо иштирок ва маърӯза карданд. Дар фарҷом занону бонувон аз сохторҳои дахлдори шаҳриву ноҳиявӣ, вазорату идораҳо барои ҳамкориҳои судманд, саҳми арзанда гузоштан дар амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, намунаи ибрат будан миёни бонувон, инчунин мусоидат дар ташкилу баргузории чорабиниҳои гуногуни маърифативу фарҳангӣ миёни наврасону ҷавонон бахшида ба Рӯзи Модар бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.
 
 

Илова кунед