ТАҶЛИЛИ "РӮЗИ МОДАР" ДАР МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
05 Марти 2022, Шанбе
ш.Душанбе. 05.03.2022. Имрӯз ба ифтихори "Рӯзи модар" бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Кохи Суруш ҳамоишитантанавӣ бо барномаи фарҳангӣ таҳти унвони “Модар сафои хонадон” доир гардид.
Дар чорабинии мазкур бонувону модарон, фаъолзанон, кормандони сохторҳои гуногуни ҷумҳуриявию шаҳрӣ ва намояндагони қишрҳои мухталифи ҷомеа иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар суханронӣ намуда, зикр карданд, ки бонувону хоҳарон ҳамчун сокинони пойтахт иқдомҳои созандаи шаҳрдориро ҳамеша дастгириву ҷонибдорӣ мекунанд ва дар амалӣ сохтани корҳои ободиву созандагӣ дар шаҳр нақши беандоза доранд. Ҳамчунин муовини Раиси шаҳри Душанбе ба ифтихори ин санаи фархунда, ки дар оғози фасли зебои баҳор ва дар арафаи соли нави аҷдодӣ таҷлил мегардад, Паёми шодбошии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба тамоми модарону бонувон ва ҳамватанон расонида, ба онҳо саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву саодати рӯзгор орзу намуданд.
Модар чароғи нурбахшу сафобахши ҳар як хонадон, ганҷи бебаҳо ва фариштаи илоҳиест барои фарзанд. Ҳамзамон рисолати модар дар пос доштани фарҳангу адабиёт, забону ҳуввияти миллӣ ифода меёбад, яъне тарбияи ҳар фарзанд низ бар дӯши модар аст. Ободии ҳар хонадон ба хиради созандаву нерӯи тавонои офарандагии зан – модар бастагии бевосита дорад. Аз ин ҷост, ки ҳар хонаводаи ободу осуда тимсоли ободиву субот дар ҳар давлату ҷомеа дониста мешавад.
Тазаккур бояд дод, ки дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бахшида ба Рӯзи Модар ба 750 назафар зонону бонувон ҷиҳати ҳавасманд гардонидани оҳно тӯҳфаҳои хотиравӣ аз номи Раиси шаҳр супорида шуд. Ҳамзамон дар асоси Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Модар аксияи шаҳрӣ таҳти унвони “Гул барои модарон” баргузор карда мешавад.
Қайд бояд кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро ҳамеша дар маркази диққат қарор дода, ҷиҳати беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии занону модарон, ҳифзи ҳуқуқи оила ва модару кӯдак, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагиву корӣ барои бонувону модарон ва муҳимтар аз ҳама, ҳарчи бештар ба раванди идораи давлат ҷалб намудани онҳо ва баланд бардоштани нақши иҷтимоии занону бонувон ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.
Сипас баҳри болидарӯҳии бонувону модарон ва иштирокчиён дастагули мусиқии иборат аз суруду таронаҳои дилангез дар васфи зан-модар бо иштироки устодони санъат ва ҳунармандони ҷавон пешкаши ҳозирин гардонида шуд.