ОҒОЗИ МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ГӮШТИНГИРӢ БАРОИ ДАРЁФТИ "ҶОМИ ПОЙТАХТ-2022"
21 Марти 2022, Душанбе
ш.Душанбе. 21.03.2022. Имрӯз бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» баргузор гардид.
Дар оғози мусобиқа муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед ва Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, ба тамоми меҳмонону иштирокдорони мусобиқаи мазкур барои сабқат барору пирӯзт орзунамуданд.
Дар мусобиқаи мазкур варзишгарони зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон ба ҳам омада, дар вазнҳои гуногун қувваозмоӣ менамоянд.
Гӯштини миллии тоҷикӣ ҳамчун анъана ба ҷашни Наврӯз шаҳомати хосса бахшида, ягона варзиш ё худ анъанае мебошад, ки мардум махсусан мардон ба хотири қувваозмоӣ дар фасли зебои баҳор гӯштин ва ҷашни Наврӯзро интизорӣ мекашиданд. Аз ин бармеояд, ки гӯштин ва Наврӯз ба ҳам алоқамандии ногусастанӣ доранд, ки бо омадани фасли баҳору ҷашни Наврӯз мардум ба ҳам омада, истиқбол аз боҳору иди Наврӯз мекунанд ва доираи васеъи мардон ба гӯштингирию асптозӣ ва бузкашӣ мепардозанд.
Мусобиқа тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи Федератсияи миллии «Гӯштингирӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад
Мусобиқаи байналмиллалии гуштини миллӣ “Гӯштингирӣ” барои дарёфти Ҷоми «Пойтахт-2022» шоми 21 март анҷом ёфта, ғолибон дар вазнҳои гуногун аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо шоҳҷоизаҳо, автомашинаи сабукрав, Ҷоми «Пойтахт-2022» ва туҳфаву ифтихорномаҳо мукофотонида мешаванд.