Тоҷикӣ

ҶАМЪБАСТИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА КУРАШ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

22 Марти 2022, Сешанбе

ш.Душанбе. 22.03.2022. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хоса, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар толори Муассисаи давлатии "Қасри теннис ва маҷмааи варзиши оби"-и шахри Душанбе давоми 2 рӯз Чемпионати Осиё оид ба кураш бо ширкати варзишгарони беш аз 30 давлати дунё баргузор карда шуд.
Дар маросими ифтитоҳи ин чорабинии бонуфуз муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед, муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло суханронӣ намуда ҳамаи иштирокдорони мусобиқаҳо ба шаҳри Душанбе хайрамакдам гуфтанд.
Варзишгарони ин ришта тайи ду рӯз маҳорату малакаи варзиши худро нишон дода, ғолибон аз тарафи кумитаи тадорукот соҳиби тӯҳфаҳои гаронарзиш гардиданд.
Дар ду рӯзи дуюми Чемпионати Осиё оид ба кураш,ки рӯзҳои 19-20-уми марти соли равон дар Қасри теннис ва маҷмааи намудҳои варзиши обӣ ҷараён дошт, паҳлавони умедбахши тоҷик Муҳаммадризо Қувватов (-60кг) бо мағлуб намудани Абдулазиз Ҳамроев аз кишвари Ӯзбекистон сазовори медали тилло гардид.
Ҳамчунин дар рӯзи дуюми мусобиқот се варзишгари дигари тоҷик Фазилат Гулбоева (57кг) сазовори зинаи дуюм, Халилзода Субҳиддин (-73кг) дар мақоми дуюм ва Абубакри Акобир (-100кг) дар зинаи сеюм қарор гирифт.
Ёдовар мешавем, ки дар Чемпионати Осиё оид ба кураш варзишгарон аз 24 давлати Осиё иштирок дошта, дар рӯзи аввали мусобиқа Дадахон Қурбоналиев (+100кг) нишони тилло ба даст оварда буд.
Натиҷаҳои умумии ва ғолибони Чемпионати Осиё оид ба кураш чунин муаян карда шуданд.
Бонувон
-48кг
1. Диана Йеҳ (Тайпей)
2. Моҳинур Мӯъминова (Ӯзбекистон)
3. Сранг Тин То (Ветнам)
3. Малапрабҳа Чатҳав (Ҳиндустон)
-57кг
1. Ибодатхон Агоҷонова (Ӯзбекистон)
2. Фазилат Гулбоева (Тоҷикистон)
3. Йу-Ҳсуан Чуанг (Тайпей)
3. Саовалак Ҳомклин (Тайланд)
-63кг
1. Оля Ҳамидова (Ӯзбекистон)
2. Садаф Ардашер (Эрон)
3. Йу-Чинг Ченг (Тайпей)
3. Бҳартӣ (Ҳиндустон)
-78кг
1. Филура (Ӯзбекистон)
2. С. Алиакбар (Эрон)
3. Чиа-Линг Лиу (Тайпей)
3. Манприт (Ҳиндустон)
+78кг
1. Фотима Бармакӣ (Эрон)
2. Ти Танҳ Тран (Ветнам)
3. Ситора Хусанова (Узбекистон)
3. Ҷиттима Сирикарн (Тайланд)
Мардҳо
-60кг
1. Муҳаммадризо Қувватов (Тоҷикистон)
2. Абдулазиз Ҳамроев (Узбекистон)
3. Хатансайхан Амарсанаа (Муғулистон)
3. Баримонлу Алӣ Муҳаммадӣ (Эрон)
-73кг
1. Илёс Сабзалӣ Покдил (Эрон)
2. Субҳиддин Халилзод (Тоҷикистон)
3. Муҳаммад Муҳаммад (Кувейт)
3. Нгок Сон Ву (Ветнам)
-100кг
1. Ҷавон Ҳайдар Алӣ Муродӣ (Эрон)
2. Шералӣ Ҷӯраев (Узбекистон)
3. Абубакри Акобир (Тоҷикистон)
3. Вишал (Ҳиндустон)
 

Илова кунед