Тоҷикӣ

ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ "БЕҲТАРИН ТАРАБХОНА ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ"

29 Марти 2022, Сешанбе

ш.Душанбе. 29.03.2022. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин тарабхона дар шаҳри Душанбе» ҷамъбаст гардид.
Озмун мазкур дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 17 январи соли 2022, №8 дар бораи ташкил ва гузаронидани озмуни “Беҳтарин Тарабхонаи шаҳри Душанбе” бо мақсади рушду равнақи соҳибкорӣ, дастгириву ҳавасмандгардонии соҳибкорон, беҳтаргардонии сифати хизматрасонӣ ва муаррифии фарҳанги меҳмоннавозӣ роҳандози карда шудааст.
Дар оғози чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Гуреззода Умед оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мизоҷон ва сокинону меҳмонони пойтахт суханронӣ намуда, ғолибони озмунро барои сазовор гардиданашон ба зинаҳои ифтихорӣ табрик намуданд.
Дар асоси Низомномаи озмун, тарабхонае, ки дар он тарзи дастархонороӣ, тарзи хизматрасонии пешхизмат, муносибати пешхизматону масъулини тарабхонаҳо бо мизоҷон, тарзи дурусти оро додани дастархон бо маҳсулоти хӯрока ва истифодаи санъати баланди ороишӣ ва ғояҳои мухталифи сарошпаз ва дигар нишондодҳо ба инобат гирифта шуда, ҳамзамон муҳити тарабхона низ бояд хушоянду дилписанд бошад.
Қайд бояд кард, ки тарабхонаҳое, ки дар даври ноҳиявии Озмуни «Беҳтарин тарабхона дар шаҳри Душанбе ғолиб гардиданд ба даври шаҳрӣ пешниҳод карда шуд.
Ҷамъбасти озмун дар асоси хулосаи ҳайати комиссияи даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин тарабхона дар шаҳри Душанбе» баргузор карда шуда, баъди пурра ва санҷидани ҳайати комиссия, ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин тарабхона дар шаҳри Душанбе» тарабхонаи «Бухоро» дониста шуда, бо ҷоизаи ва Диплому туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуд.
Намояндагони як зумра тарабхонаҳои пойтахи низ барои иштироки фаъолона бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе сарфароз намуданд.
Ҳамзамон, Абдурауфов Сарвар дар номинатсияи “Беҳтарин мененҷер”, Абросимова Елена дар номинатсияи “Беҳтарин пешхизмат”, Гиясов Мавлонҷон дар номинатсияи “Беҳтарин ошпаз” ва тарабхонаи Бухоро дар номинатсияи “Беҳтарин хӯроки хоси тарабхона” ғолиб дониста шуда, бо сипосномаю туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдони карда шуданд.
 
 
 
 
 

Илова кунед