БИНОИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт расонида мешавад, ки кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки то ин муддат дар хиёбони Рӯдакӣ 80 фаъолият доштанд, аз ин ба баъд фаъолияти кории худро дар хиёбони Рӯдакӣ 40 идома медиҳанд. Сокинон ва меҳмонони пойтахт имкон доранд, ҷиҳати баррасии мушкилот ва дигар талаботи шаҳрдорӣ ба суроғаи нави мақомот воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 40 муроҷиат намоянд.