ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №225 АЗ 13.05.2022
Дар бораи қатъ намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ҳангоми баргузории дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
Бо мақсади таъмини иҷрои супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи соли 2022, №26/10-6 оид ба баргузор намудани дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» ва моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ»
ҚАРОР МЕКУНАМ:
1. Ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз бурриши кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ то Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе санаи 15 майи соли 2022 аз соати 0800 то 1000 манъ карда шавад.
2. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар кӯчаҳои ҳамшафати макони баргузории дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ чораҳои мушаххаси мақсаднокро барои бехатарии ҳаракати шаҳрвандон роҳандозӣ намояд.
3. Шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи соҳаи нақлиёти шаҳрӣ ҷиҳати таъмини мунтазами ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии истифодаи умум тавассути дигар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе тадбирҳои зарурӣ андешанд.
4. Шуъбаи итилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти чорабиниро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.
5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа вогузор карда шавад.
Рустами Эмомалӣ