Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №269 АЗ 01.06.2022

01 Июни 2022, Чоршанбе

    Дар бораи қатъ намудани  ҳаракати  воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ҳангоми баргузории дави байналмилалии   «Об  барои   рушди   устувор»      

   Бо мақсади баргузор намудани дави байналмилалии «Об барои рушди устувор» дар доираи Марафони Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028» ва Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об дар соли 2023, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» ва моддаҳои 7 ва 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ»

                                                            ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз кӯчаи Саид Носир баромад бо хиёбони Ҳофизи Шерозӣ бо роҳи давродаври буриши хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ба кӯчаи Карамов бозгашт тавассути хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе санаи 4 июни соли 2022 аз соати 0800 то 1000  манъ карда шавад.

2. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар кӯчаҳои ҳамшафати макони баргузории дави байналмилалӣ чораҳои мушаххаси мақсаднокро барои бехатарии ҳаракати шаҳрвандон роҳандозӣ намояд. 

3. Шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи соҳаи нақлиёти шаҳрӣ ҷиҳати таъмини мунтазами ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии истифодаи умум тавассути дигар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе тадбирҳои зарурӣ андешанд.

4. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти чорабиниро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.

5. Назорати иљрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шањри Душанбе, сарпарасти соҳа вогузор карда шавад.

                                                                                Рустами  Эмомалӣ

Илова кунед