Тоҷикӣ

ЭЪЛОН: ҚАТЪ ГАРДИДАНИ ҲАРАКАТИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ

24 Июни 2022, Ҷумъа
 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки аз соати 6:00-и рӯзи 25-июни соли 2022 то рӯзи 27-июни соли ҷорӣ соати 19:00 бинобар гузаронидани корҳои таҷдид ва васлу насби конструксияи оҳанини пули хиёбони И.Сомонӣ, ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар хиёбони Ҳ.Шерозӣ (зери пул) манъ карда мешавад. Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар хиёбони Ҳ.Шерозӣ аз баромад ба хиёбони И.Сомонӣ аз роҳҳои ҳамшафат истифода баранд.

Илова кунед