Тоҷикӣ

Тақсимоти вазифаҳо

ТАҚСИМОТИ

вазифаҳо байни муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе

 

Табарзода Ҷамшед Афзал

муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе

Барои татбиқи Нақшаи генералии шаҳр ва тақвияти ислоҳоту дигаргунсозиҳо дар соҳаҳои замин, сохтмон, роҳсозӣ, хизматрасонии коммуналӣ дар ҳамкорӣ бо раисони ноҳияҳои шаҳр, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, сохторҳои нигоҳдорӣ ва идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ оид ба истифода, ободонию нигоҳдории фонди манзилу шабакаҳои муҳандисии он, фаъолияти самараноки системаҳои обтаъминкунию корезӣ, каналу селпартоҳо ва татбиқи лоиҳаи обтаъминкунӣ, ҷалби инвеститсияҳои ватанию хориҷӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дар соҳаҳои сохтмону хизматрасониҳои коммуналӣ ва мубориза бо коррупсия дар соҳаҳои зикршуда, ҳамоҳангсозии кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе дар таъмин намудани волоияти қонун, қонуният, тартибот, амният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳалли масъалаҳои ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ, муҳофизат аз сӯхтор ва тадбирҳои зидди обхезӣ масъул мебошад.

Сарпарастӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти Раёсати сохтмон ва хизматрасониҳои коммуналии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе, Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозӣ, Раёсати назорати давлатии меъморӣ-сохтмонӣ, муассисаҳои давлатии Раёсати сохтмони асосӣ, Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳо, Раёсати ҳисоби хоҷагии баҳисобгирӣ ва тақсимоти манзили шаҳри Душанбе, корхонаҳои воҳиди давлатии «Роҳсоз», «Обу корези Душанбе», «Ободонӣ», «Партовгоҳи партовҳои сахти маишӣ», «Нуқтаи гӯркунии партовҳои радиатсионӣ», Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашии «Душанбе-шаҳрсоз», баҳодиҳӣ (нархгузорӣ), Корхонаи фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии Раёсати «Обёрӣ», лоиҳаҳои обтаъминкунии шаҳри Душанберо ба уҳда дошта, бо раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳри Душанбе, шуъбаи дуюми Раёсати оперативӣ-ҷустуҷӯии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шаҳри Душанбе, Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе ва Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе ҳамкорӣ менамояд.

Фаъолияти комиссияҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои пешниҳод ба мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номгузории кӯчаҳо, додани иҷозат барои гузаронидани корҳои муҳандисию коммуникатсионӣ ва тақсимоти манзилро мусоидат мекунад.

 

Одилзода Дилбар Раҳим

муовини Раиси шаҳри Душанбе

Барои густариш ва тақвияти ислоҳоту дигаргунсозиҳо, амалӣ намудани барномаҳои қабулгардида дар соҳаҳои  маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, рушди сайёҳӣ, ҳуқуқи кӯдак, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, дин ва озодии виҷдон, тарғибу ташвиқи ҳама самтҳои фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тавассути воситаи ахбори омма, ташкил ва сарпарастӣ намудан ба ҳама гуна чорабиниҳои фарҳангӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ вобаста ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҷалби инвеститсияҳои ватанию хориҷӣ мусоидат ба ташкили ҷойҳои корӣ дар соҳаҳои иҷтимоӣ, муқовимат ба коррупсия, ҷинояткорӣ, ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи иҷтимоӣ масъул мебошад.

Ба Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷӣ, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Сарраёсати маориф, Раёсати тандурустӣ, Раёсати фарҳанг, Раёсати кор бо занон ва оила, шуъбаи корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, шуъбаи рушди сайёҳӣ ва бахш оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе», «Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе», «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе», «Маҷмааи тандурустии «Истиқлол», «Аҳорун», театри намунавӣ минётурии «Оина», «Маркази худшиносии бонувон», «Маркази дӯстии Интернет-кафе», «Рӯзномаи Паёми Душанбе», «Телевизиони Душанбе», «Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ», «Театри таҷрибавии тамошобини ҷавонон ба номи М.Қосимов», Китобхонаи марказонидашуаи шаҳрии ба номи А.Лоҳутӣ, корхонаҳои воҳиди давлатии «Қасри теннис», «Маркази ҷавонон» сарпарастӣ намуда, фаъолияти Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, шуъбаи Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии шаҳри Душанбе, шуъба – хонаи ақди никоҳи шаҳри Душанбе, Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнатро ҳамоҳанг намуда, назорат менамояд.

Ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо бо ҳизбҳои сиёсӣ ба роҳ мемонад.

Ба шӯроҳои рушди соҳаи маориф, ҳамоҳангсозӣ дар соҳаи   тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, комиссияҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва муташаккилона баргузор намудани мавсими «Ҳаҷ», оид ба муқовимат ба савдои одамон, ҳуқуқи кӯдак, оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» роҳбарӣ намуда, ба фаъолияти шӯроҳои маҳаллии кор бо ҷавонон, ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе, Комиссияи танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  мусоидат менамояд.

 

АБДУРАҲМОНЗОДА Абдураҳмон Сафаралӣ

муовини Раиси шаҳри Душанбе

*Соли таваллуд: 11.11.1988 

*Ҷои таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон

*Миллат: тоҷик

*Таҳсилот: олӣ

*соли 2010 Донишкадаи Ню-Йорки, Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро (рӯзона) хатм кардааст

*соли 2012 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро (рӯзона) бо дипломи Магистр хатм кардааст

*Ихтисос иқтисодиёти ҷаҳон

*Унвони илмӣ магистр (айни ҳол дар раванди ҳимояи рисолаи номзадии илмӣ дар мавзӯи “Институтсионализатсияи равандҳои ҳамгироии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Низоми Байналмилалии Савдо” қарор дорад)

*Забонҳои русӣ, туркӣ ва англисиро медонад

Соли 2016 бо Ифтихорномаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барои хизматҳои арзанда дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, рушди соҳаҳои иќтисодиёт ва савдо дар даврони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст

*Вазъи оилавӣ оиладор, соҳиби 3 фарзанд

*Суроға шаҳри Душанбе 

*аз моҳи январи соли 2023 дар мансаби Муовини Раиси шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

*Кор ва фаъолияти собиқа:

2012-2013   Мутахассиси шуъбаи ҳамкорӣ бо Созмони Умумиҷаҳонии Савдои Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе;

2013-2015   Мутахассиси пешбари Раёсати ҳамкориҳо бо Созмони Умумиҷаҳонии Савдои Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе;

2015-2018   Сармутахассиси Раёсати ҳамкориҳо бо Созмони Умумиҷаҳонии Савдои Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолии Вазорати рушди иќтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе;

2017   Тибқи розигии Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2017, №1798 (29-8) дар доираи Барномаи таҷрибаомӯзии Донишкадаи такмили ихтисос ва ҳамкории техникии Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дар Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева;

2016 -2018   Ҳамзамон ба ҳайси омӯзгори соатбай (о,25 воҳиди корї) аз фанни «Иқтисодиёти ҷаҳон» дар Кафедраи муносибатҳои байналмилалии Факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;

2018-2020   Сардори Раёсати ҳамкориҳо бо Созмони Умумиҷаҳонии Савдои Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе;аз 24 декабри соли 2016, №529  бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Котиби масъули Кумитаи ҳамоњангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо;

2020-2023   Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Аз январи

2023 то ҳол   Муовини Раиси шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Муовини Раиси шаҳри Душанбе

                                                                                                                                                        ХОЛМУҲАМАДЗОДА Сорбони Амирхонӣ

 

*Соли таваллуд: 18 июни соли 1991

*Ҷои таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон

иллат: тоҷик

*Таҳсилот: олӣ

*Ихтисос - 1. электроэнергетика, 2. иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар энергетика

*Забонҳои русӣ ва англисӣ

*Унвони илмӣ - номзади илмҳои техникӣ 

 Вазъи оилавӣ оиладор

                      Фаъолият ва собиқа:

Солҳои 2007 – 2011  Донишҷӯи Донишгоҳи энергетика ва алоқаи шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон.

Солҳои 2012 -2015   Донишҷӯи магистратураи Донишгоҳи техникии Тоқикистон ба номи академик М.С.Осимӣ,

Солҳои 2011 - 2013  Мутахассиси пешбари раёсати сохтмони асосии Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоқикистон,

Солҳои 2013 - 2014  Сармутахассиси раёсати сохтмони асосии Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Соли 2014 (03-04)   Сармутахассиси раёсати мониторинги сохтмони иншооти обӣ ва энергетикии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Соли 2014 (04-09)   Иҷрокунандаи мансаби муовини сардори раёсати электроэнергетикаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, 

Солҳои 2014 – 2022 Сардори раёсати электроэнергетикаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Солҳои 2022 - 2024 Муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, 

Аз  соли 2023 - муовини Раиси шаҳри Душанбе. 

 

САИДЗОДА Фирдавс Ҳамро

муовини Раиси шаҳри Душанбе

Барои густаришу тақвияти ислоҳот ва дигаргунсозиҳо  дар соҳаи нақлиёт, алоқа, истифодабарии роҳҳо, ҷалби инвеститсияҳои ватанию хориҷӣ ба ин соҳаҳо, ташкили ҷойҳои нави корӣ, ҳифзи меҳнат ва пардохти саривақтии музди меҳнат ва муқовимат ба коррупсия, ҷинояткорӣ ва ҳар гуна ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаҳои болозикр масъул мебошад.

Ба шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенаклиётхадамот-расон», корхонаҳои воҳиди давлатии «Автобус-1», «Автобус-2», «Автобус-3», «Троллейбус», Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи «Рушди нақлиёти  истифодаи умуми шаҳри Душанбе» сарпараст ва бо шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти шаҳри Душанбе, Шабакаҳои телефонии шаҳри Душанбе ва сохторҳои марбутаи ҷумҳуриявӣ баҳри таъмини фаъолияти самаранокашон ҳамкорӣ менамояд.

Ба фаъолияти комиссияҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар самтҳои марбут ба соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия мусоидат мекунад.

Сарпарастии ноҳияи Фирдавсиро оид ба ҳаллу фасли масъалаҳо ва тадбирҳои сатҳи шаҳрию ноҳиявӣ ба амал мебарорад.

 

РАҲИМЗОДА Толиб Карим

муовини Раиси шаҳри Душанбе

Барои густаришу тақвияти ислоҳоту дигаргунсозиҳои мухталиф дар соҳаҳои ободонию кабудизоркунӣ, боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳр, ҷалби инвеститсияҳои ватанию хориҷӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, муқовимат ба коррупсия, ҷинояткорӣ ва ҳар гуна ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаҳои ҳифзи табиат ва ободонӣ масъулият дорад.

Ба шуъбаи ободонӣ ва кабудизоркунӣ, Корхонаи воҳиди давлатии таҷрибавии илмию истеҳсолии «Сабзкорӣ», муассисаҳои давлатии «Нигоҳдорӣ ва истифодабарии иншоотҳо», «Наврӯзгоҳ», «Боғи ҳайвонот», «Боғи фарҳангию фароғатии Айнӣ», «Боғи фарҳангию фароғатии «Дӯстии халқҳо», «Боғи фарҳангию фароғатии «Кули ҷавонон»,Боғи фарҳангиву фароғатии «Ҷавонон», «Боғи «Ғалаба» ва нигоҳдории ҷангал» ва Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангию фароғатии   «Хайём»,   «Раёсати оромгоҳҳо», Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе, Раёсати назорати давлатии байтории шаҳри Душанбе сарпарасти намуда ва дар амали сохтани вазифаҳои ба зиммадоштаашон мусоидат менамояд.

Комиссияҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо дар самтҳои марбут ба ободонию кабудизор-кунӣ роҳбарӣ мекунад.

Сарпарастии ноҳияи Исмоили Сомониро оид ба ҳаллу фасли масъалаҳо ва тадбирҳои сатҳи шаҳрию ноҳиявӣ ба амал мебарорад.

 

                                                                                                                                                            

Муовини Раиси шаҳри Душанбе

                                                                                                                                                             ФАҚЕРЗОДА Рустам Раҳим

 

*Соли таваллуд: 27 июли соли 1974

*Ҷои таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон

иллат: тоҷик

*Таҳсилот: олӣ

*Ихтисос - иқтисодчӣ, олим – агроном, ҳуқуқи иқтисодӣ

*Забони русиро медонад

*Унвони илмӣ - надорад 

 Вазъи оилавӣ оиладор

                      Фаъолият ва собиқа:

  Солҳои 1992-1997    Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб

 Солҳои 1999-2011   Раиси хоҷагии деҳқонии <<Сорбон>>-и ноҳияи Восеъ

 Солҳои 2011-2015  Сармутахассиси раёсати кишоваризии ноҳияи Восеъ.

 Солҳои 2015-2022   Сардори раёсати кишоваризии ноҳияи Восеъ

 Солҳои 2022-2024   Муовини якуми раиси ноҳияи Восеъ

 Аз 30 январи соли 2024   Муовини Раиси шаҳри Душанбе

 

 



Илова кунед