Тоҷикӣ

Саноат

Ҳисобот

оид ба ҷамъбасти нишондиҳандаҳои соҳаи саноати шаҳри Душанбе дар моҳҳои январ-августи соли 2019

Тибқи таҳлили соҳаи саноати шаҳри Душанбе дар моҳҳои январ-августи соли 2019 аз ҷониби 455 адад корхонаҳои истеҳсолӣ бо дарназардошти субъектҳои соҳибкорӣ ба маблағи 1644745,4 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-августи соли 2018 ба маблағи 285313,0 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 118,8 фоизро ташкил додааст.

Аз ҷумла, дар ноҳияҳои Шоҳмансур 92 адад корхона ба маблағи 236958,1 ҳазор сомонӣ ё 116,7 фоиз, Исмоили Сомонӣ 77 адад корхона ба маблағи 322472,6 ҳазор сомонӣ ё 117,5 фоиз, Сино 176 адад корхона ба маблағи 563062,0 ҳазор сомонӣ ё 109,3 фоиз ва Фирдавсӣ 110 адад корхона ба маблағи 522252,7 ҳазор сомонӣ ё 133,5 фоиз маҳсулот истеҳсол намуданд.

Дар моҳҳои январ-августи соли 2019 дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ҳиссаи саноати коркард 63,9 фоиз, истеҳсол ва таъминоти энергияи барқ, газ, об ва тозакунии ҳаво 34,5 фоиз, саноати истихроҷи масолеҳи ғайримаъдани бинокорӣ 1,6 фоизро ташкил дод.

 

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ

(ҳазор сомонӣ)

 

Январ-июли соли 2018

 

 

Январ-июли соли 2019

бо фоиз

 

Ҳамагӣ

1359432,4

 

1644745,4

118,8

аз ҷумла:

 

 

 

 

саноати истихроҷи маъдан

9656,6

 

25448,0

3,0 бар

саноати коркард

927055,7

 

1051068,4

110,0

тақсимоти энергияи барқ, газ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво

394749,9

 

531544,2

117,2

Таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастрасии коркарди дуюмдараҷа

27970,2

36684,8

102,0

 

Истеҳсоли энергияи барқ ва гармӣ

 

Январ-июли

соли 2018

 

 

Январ-июли и соли 2019

бо фоиз

 

энергияи барқ, млн.кв.соат

595,3

 

934,6

1,6 бар

энергияи гармӣ, ҳаз.гкал

332,1

 

482,8

145,8

 

Дар моҳҳои январ-августи соли 2019 дар маҷмӯъ 239 адад корхонаҳои саноатӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 100 фоиз зиёд намуда, нисбат ба моҳҳои январ-августи соли 2018 ба маблағи 253625,6 ҳазор сомонӣ зиёдтар ба буҷет ворид намуданд ва ин нишондод дар ноҳияҳо чунин аст:

-н. Шоҳмансур 41 адад 27893,2 ҳазор сомонӣ зиёд;

-н. И.Сомонӣ 39 адад 54528,5 ҳазор сомонӣ зиёд;

-н. Сино 99 адад 50275,3 ҳазор сомонӣ зиёд;

-н. Фирдавсӣ 60 адад 120928,6 ҳазор сомонӣ зиёд.

Дар моҳҳои январ-августи соли 2019 дар маҷмӯъ 134 адад корхонаҳои саноатӣ ҳаҷми истеҳсолотро ба маблағи 97993,5 ҳазор сомонӣ коҳиш доданд ва ин нишондод дар ноҳияҳо чунин аст:

-н. Шоҳмансур 33 адад 15910 ҳазор сомонӣ кам;

-н. И.Сомонӣ 22 адад 34696,1 ҳазор сомонӣ кам;

-н. Сино 45 адад 36544,7 ҳазор сомонӣ кам;

-н. Фирдавсӣ 34 адад 10842,7 ҳазор сомонӣ кам.

Сабабҳои кам шудани ҳаҷми истеҳсолот дар корхонаҳои саноатӣ, ин пеш аз ҳама поёнравии сатҳи рақобатнокии маҳсулоти истеҳсолшуда нисбат ба маҳсулоти воридгардида, нокифоягии маблағи корхонаҳо, қобилияти пардохт надоштани онҳо, афзоиши нархи ашёи хом, захираҳои энергетикӣ ва набудани талабот ба маҳсулоти истеҳсолшуда мебошанд.

Дар моҳҳои январ-августи соли 2019 дар маҷмӯъ 82 адад корхонаҳои саноатӣ муваққатан фаъолият накарда, маҳсулот истеҳсол накарданд.

Аз ҷумла, дар ноҳияҳои Шоҳмансур 18 адад, Исмоили Сомонӣ 16 адад, Сино 32 адад ва дар ноҳияи Фирдавсӣ 16 адад корхона фаъолият накард.

Сабабҳои муваққатан фаъолият накардан ва истеҳсол накардани маҳсулот дар корхонаҳо, ин пеш аз ҳама ба мушкилоти молиявӣ дучор гардидани онҳо (қарзҳои андоз, бонкӣ, иҷора, энергияи барқ, ашёи хом), нокифоягии маблағ, набудани талабот ба маҳсулот ва ба фурӯш нарафтани маҳсулоти истеҳсолшудаи корхонаҳо мебошанд.

Дар моҳҳои январ-августи соли 2019 ба маблағи 92221,8 ҳазор сомонӣ маҳсулоти нассоҷӣ, дӯзандагӣ, истеҳсоли чарм, маснуот аз чарм ва пойафзол истеҳсол гардид, ки нисбат ба моҳҳои январ-августи соли 2018 ба маблағи 24429 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 135,5 фоизро ташкил дод.

Аз ҷумла, калобаи пахтагин 783 тонна ё 2,9 баробар зиёд, газворҳои пахтагини тайёр 3305,0 ҳазор м.мурабаъ ё 1,7 баробар зиёд, маҳсулоти ҷӯробу пайпоқ 802,7 ҳаз.ҷуфт ё 112,7 фоиз, пойафзол 429,4 ҳазор ҷуфт ё 96,6 фоиз ва молҳои чарми хромӣ 2657,2 ҳазор дм.мурабаъ ё 92,7 фоиз гардид.

Дар моҳҳои январ-августи соли 2019 ба маблағи 6765,5 ҳазор сомонӣ ё 162679 дона либоси мактабӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба моҳҳои январ-августи соли 2018 ба маблағи 345,8 ҳазор сомонӣ зиёд ё (105,4%) ва ба ҳисоби дона бошад, 25404 дона зиёд (118,5%) истеҳсол гардид.

Дар моҳҳои январ-августи соли 2019 аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ 103 намуди муҳимтарини маҳсулот истеҳсол гардид, ки аз инҳо 75 номгӯй афзоиш ёфта (72,8 фоиз), 27 номгӯй кам шуд (26,2 фоиз) ва 1 номгӯй саққои пӯлодин умуман истеҳсол нашудааст (1,0 фоиз).

Ҳаҷми маҳсулоти аз анбор ба фурӯш баровардашудаи корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе дар моҳҳои январ-августи соли 2019 ба 1579119,7 ҳазор сомонӣ баробар шуд, ки 96,0 фоизи маҳсулоти истеҳсолгардидаро дар бар мегирад.

Ба ҳолати 1 сентябри соли 2019 дар анборҳои корхонаҳои саноатӣ 141680 ҳазор сомонӣ маҳсулот боқӣ мондааст. Маҳсулоти боқимонда, инҳо маҳсулоти заргарӣ, дӯзандагӣ, қисмҳои эҳтиётӣ, консерваҳои меваю сабзавот, семент ва ғайра мебошанд, ки тибқи тартиб аз рӯи меъёри лозима истеҳсолу захира гардида, баъдан ба фармоишгарон фиристода мешаванд.

Дар маҷмуъ содироти маҳсулот дар шаҳри Душанбе дар нимсолаи якуми соли 2019 ба 8343,2 ҳазор доллари ИМА баробар шуд, ки дар муқоиса бо нимсолаи якуми соли 2018 ба маблағи 1782,1 ҳазор доллари ИМА зиёд шуда, 127,2 фоизро ташкил дод.

Ҳамзамон, дар давраи мазкур корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе ба маблағи 1535,5 ҳазор доллари ИМА содирот намуданд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 86,5 фоизро ташкил дода, 238,8 ҳазор доллари ИМА кам мебошад.

Аз ҷумла, ҶДММ “ИИ Нассоҷии тоҷик»” ба маблағи 537,4 ҳазор доллари ИМА газворҳои пахтагин, “Тоҷикинтиқол” ба маблағи 396,1 ҳазор доллари ИМА ва “Матинчарм” ба маблағи 292,6 ҳазор доллари ИМА пӯсти коркардашудаи чорво, “Меҳроҷ-2016” ба маблағи 82,1 ҳазор доллари ИМА нахи пахта, “Аслӣ” ба маблағи 16,5 ҳазор доллари ИМА каҷакҳои пӯлодин ва ҶСК “Гулистони Душанбе” ба маблағи 210,8 ҳазор доллари ИМА либоси ҷинс содирот намуданд.

Шумораи кормандони корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе ба 1 августи соли 2019 дар умум 20746 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1437 нафар корманд зиёд гардидааст аз ҷумла, музди миёнаи кормандони корхонаҳои саноатӣ бошад, ба 1 августи соли 2019 маблағи 1428,02 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 ба маблағи 59,43 сомонӣ зиёд мебошад.

Тибқи маълумотҳои Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар моҳҳои январ-августи соли 2019 дар маҷмӯъ 51 адад корхонаи нави саноатӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз инҳо 34 корхона бо шумораи 651 ҷойи корӣ фаъолияти истеҳсолиро оғоз намуда, маҳсулотҳои полиграфӣ, қуттиҳои қоғазӣ, мебел, маҳсулоти макаронӣ, масолеҳи бинокорӣ, доруворӣ, рехтаи пӯлодин, равғани растанӣ, собун, қубурҳои пластикӣ, қанди сафед, коркарди дуюмдараҷаи алюминий, ранги сохтмонӣ, дару тирезаҳои алюминӣ, истеҳсоли ҷӯроб, сангҳои ороишӣ, тахтасангҳои мармарин, қубурҳои металӣ ва моеи зарфшӯӣ, мебел, асфалт ва маҳсулоти дӯзандагӣ истеҳсол намудаанд. Аз ҷумла, 17 адад корхонаи дигари навтаъсис бо 32 ҷойи корӣ айни ҳол фаъолиятро оғоз накарданд.

 





Илова кунед