Варзиш
ТАДБИРҲОИ АНДЕШИДА ДАР САМТИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ ДАР СОЛИ 2018
Раёсат давоми соли 2018 ҷиҳати амалигардонии сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш фаъолияташро дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳа, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе, дастуру супоришҳо ва фармоишҳои Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, силсила тадбирҳоро андешидааст.
Бо камоли эҳтиром дар робита ба иҷрои муқаррароти Фармоиши якҷояи Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Кумитаи тадорукот оид ба ташкил ва баргузории Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ ва мусобиқаҳои варзишии гуштингирӣ (марҳилаи якум) бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ 18 то 26 марти соли 2018» тадбирҳо андешида шуданд.
Бо мақсади эҳё ва рушди намудҳои миллии варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ноҳияҳои пойтахт ва шаҳри Душанбе ҷиҳати тарғибу ташвиқи ҳарчи бештари наврасону ҷавонон ба таҳкими тарзи ҳаёти солим дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ (марҳилаи якум) ва мусобиқаи гӯштингирӣ доир карда шуд.
Зимнан ёдовар мешавем, ки 19 марти соли 2018 дар ноҳияи Шоҳмансур (дар толори варзишии муассисаи таълимии №79) Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ (марҳилаи якум) аз рӯи намудҳои хурусҷанг, ҷавгонбозӣ, чиликдангал, ланкабозӣ, биҷилбозӣ, камолғулак, бандпарак ва мусобиқаҳои варзишӣ, аз рӯи намудҳои шоҳмот, гӯштини миллӣ, вазнбардорӣ, бандкашак, давидан ба масофаи 100 метр ва дастхобонӣ миёни наврасону ҷавонони шаҳраку маҳаллаҳои ноҳия бо фарогирии 310 нафар варзишгар ва 2000 нафар тамошобинон баргузор гардид. Дар оғози фестивал барномаи фарҳангӣ пешкаши иштирокдорон гардонида шуд.
Дар фарҷом ғолибони мусобиқаҳо бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуд.
Ҳамзамон, 20 марти соли 2018 дар Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи С.Айнӣ”-и ноҳияи И.Сомонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ (марҳилаи якум) аз рӯи намудҳои чиликдангал, ланкабозӣ, биҷилбозӣ, чавгонбозӣ, бандпарак ва мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои шоҳмот, вазнбардорӣ, фалағмолпартоӣ, бандкашак, давидан ба масофаи 100 метр, дастхобонӣ баргузор гардид, ки ғолибони мусобиқаҳо бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Дар ҳамин радиф, 21 марти соли 2018 дар майдони муосири варзишӣ воқеъ дар кӯчаи Маяковский 15-и ноҳияи Сино Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ (марҳилаи якум) аз рӯи намудҳои чиликдангал, ланкабозӣ, биҷилбозӣ, бандпарак, волейбол, футбол, акробатика ва мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои шоҳмот, вазнбардорӣ, бандкашак, давидан ба масофаи 100 метр, дастхобонӣ ва ҳамзамон мусобиқаи гӯштини миллӣ миёни наврасону ҷавонони шаҳраку маҳаллаҳои ноҳия бо фарогирии 480 нафар варзишгар ва 1800 нафар тамошобин баргузор гардид, ки ин иқдом дар рушди бозиҳои миллии варзишӣ мусоидат менамояд.
Дар фарҷом ғолибони мусобиқаҳо аз ҳисоби соҳибкорон бо диплому туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Инчунин, 24 марти соли 2018 дар Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии Дӯстии халқҳо”-и ноҳияи Фирдавсӣ мусобиқаи варзишӣ оид ба гӯштини миллӣ ва Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ (марҳилаи якум) аз рӯи намудҳои хурусҷанг, чиликдангал, ланкабозӣ, биҷилбозӣ, бандпарак ва мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои шоҳмот, вазнбардорӣ, бандкашак, давидан ба масофаи 100 метр ва дастхобонӣ миёни наврасону ҷавонони шаҳраку маҳаллаҳои ноҳия бо фарогирии 350 нафар варзишгар ва 2100 нафар тамошобин баргузор гардид.
Дар фарҷом ба ғолибони мусобиқаҳо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
26 марти соли 2018 дар Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳи пойтахт” Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ (марҳилаи дуюм) аз рӯи намудҳои чиликдангал, чавгонбозӣ, вазнбардорӣ, дастхобонӣ, камонғулак, фалағмолпартоӣ, ланкабозӣ, биҷилбозӣ, бандпарак, волейбол, баскетбол, тенниси рӯйи миз, футбол, акробатика, гимнастика, шоҳмот, бандкашӣ, аспакбозӣ ва бо ташкили барномаи ҷолиби фарҳангӣ гузаронида шуда, дар ин замина ҷиҳати тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳри Душанбе ба воситаи рушди тарбияи ҷисмонӣ таъмин намудани солимгардониву болидаруҳии сокинону меҳмонони пойтахт мусоидат намуд.
Дар ҳамин радиф, бо камоли эҳтиром маълум менамоем, ки бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе “Дар бораи баргузор намудани мусобиқаҳои кушоди варзишии гӯштини миллӣ, пойгаи аспдавонӣ ва теннис дар байни наврасону духтарон барои дарёфти ҷоми “Пойтахт-2018” бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе” аз 6 марти соли 2018, №166 тадбирҳо андешида шуданд.
Зимнан ёдовар мешавем, ки 21-24 марти соли 2018, мусобиқаи кушод оид ба теннис байни наврасону духтарони солҳои таваллуди 2004 - 2007 ва 2001 - 2003 дар “Қасри теннис”-и шаҳри Душанбе, Корти тенниси тобистонаи кушодаи КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва “Тоҷварз”-и шаҳри Душанбе барои дарёфти ҷоми “Пойтахт-2018” бо иштироки 4 даста (Душанбе-1, Душанбе-2, Хатлон ва Суғд) дар ҳайати 102 нафар варзишгар баргузор гардид. Варзишгарон ва дастаҳое, ки дар мусобиқаи кушод оид ба теннис байни наврасону духтарони солҳои таваллуди 2004-2007 ва 2001-2003 барои дарёфти ҷоми “Пойтахт-2018” ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд бодиплом, ҷомҳо ва мукофотпулиҳои таъсиснамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамзамон дар асоси қарори мазкур 26 марти соли 2018 дар Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳи пойтахт” мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ барои дарёфти ҷоми “Пойтахт - 2018” бо иштироки 8 даста (Душанбе-1, Душанбе-2, Хатлон-1, Хатлон-2, Суғд, ВМКБ, Рашт ва ШНТМ) дар ҳайати 42 нафар варзишгар баргузор гардид.
Варзишгароне, ки дар ҳар як сабқат ғолиб омаданд, бо мукофотҳои пулию (барои ғолиби сабқати даврҳои якум, 300 сомонӣ, дуюм 400 сомонӣ, сеюм 500 сомонӣ, сабқати даври чорум, сабқати ниҳоӣ барои ғолиби сабқати даврҳои якум, 3000 сомонӣ, барои ғолиби сабқати даврҳои дуюм, 1500 сомонӣ ва барои ғолиби сабқати даврҳои сеюм, 1000 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар вазни 60кл Латипов Сорбон (Хатлон-2) сазовори ҷойи якум, Хусравов Хушқадам (ВМКБ) сазовори ҷойи дуюм ва Ҷомии Ҳасан (Душанбе-1) сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Дар вазни 70кл Додов Ориф (Рашт) сазовори ҷойи якум, Каримзода Наврӯз (Душанбе-1) сазовори ҷойи дуюм ва Мирзоев Муҳаммад (Хатлон-2) сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Дар вазни 80кл Муродов Акмал (Хатлон-1) сазовори ҷойи якум, Рамазонов Мирзоҷамил (ВМКБ) сазовори ҷойи дуюм ва Фарҳодов Раҳматуллобек (Душанбе-2) мутаносибан сазовори ҷойҳои дуюму сеюм гардиданд.
Дар вазни 90кл Раҳмонов Ҳоҷимашраб (Душанбе-2) сазовори ҷойи якум, Олимшоев Зафар (Душанбе-1) сазовори ҷойи дуюм ва Шарипов Қурбоналӣ (Суғд) сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Дар вазни 100кл Саидов Саидҷаллол (Душанбе-1) сазовори ҷойи якум, Назриев Ҷумахон (Хатлон-2) сазовори ҷойи дуюм ва Соҳибназаров Довуд (Душанбе-2) сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Дар вазни +100кл Раҳмонов Абубакр (Душанбе-1) сазовори ҷойи якум, Дадахон Қурбоналиев (ШНТБ) сазовори ҷойи дуюм ва Зафаров Одил (Душанбе-1) сазовори ҷойи сеюм гардиданд
Барои ба даст овардани Шоҳҷоиза дар вазни мутлақ Саидов Саидҷаллол (Душанбе-1) сазовори ҷойи якум гардида соҳиби автомобили тамғаи “Мерседес-Бенс”, Раҳмонов Абубакр (Душанбе-1) сазовори ҷойи дуюм соҳиби 6000 сомонӣ ва Раҳмонов Ҳоҷимашраб (Душанбе-2)сазовори ҷойи сеюм соҳиби 3000 сомонӣ гардиданд.
Дар маҷмӯъ дар рӯзҳои баргузории мусобиқаҳои кушоди варзишии гӯштини миллӣ ва теннис дар байни наврасону духтарон барои дарёфти ҷоми “Пойтахт-2018” бахшида ба Иди Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе 144 нафар варзишгарон ва зиёда аз 17 ҳазор нафар наврасону ҷавонон ва сокинону меҳмонони пойтахт фаро гирифта шуданд.
Бояд зикр намуд, ки дар маҷмӯъ 119 ҳазору 625 сомонӣ аз ҳисоби буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, 25 ҳазору 222 сомонӣ аз ҳисоби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузори гардид.
Бахшида ба 25 - солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш як қатор чорабиниҳои гуногуни варзиши баргузор карда шуд.
Аз 8 то 27 январи соли 2018 дар толори варзишии Литсейи Роҳнамо мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе оид ба шоҳмот байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе бо иштироки 400 нафар хонандагон баргузор гардид, ки дар ин чорабинӣ зиёда аз 450 нафар тамомшобинон ва мухлисон фаро гирифта шуданд.
Ин иқдом дар ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш дар таътили зимистонаи мактаббачагон ва пешгирӣ аз омилҳои номатлуб мусоидат менамояд.
20 январ Чемпионати кушоди шаҳри Душанбе оид ба унифайт дар Маҷмааи варзишии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки 230 нафар ҷавонон ва 1200 нафар тамошобинон баргузор гардид.
Дар таътили зимистона байни мактаббачагон мусобиқаҳои шоҳмот, шашка, дастхобони турниккашӣ ва вазнбардорӣ бо иштироки 223 нафар варзишгарон ва 510 нафар тамошобинон баргузор карда шуд.
4-5 феврал Чемпионати кушоди шаҳри Душанбе оид ба каратэ киёкушинкай миёни наврасон ва ҷавонон дар толори варзишии Федератсияи киёкушинкайи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки 336 нафар варзишгарон ва 430 нафар тамошобинон доир карда шуд.
8-12 феврал мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе оид ба бокс дар Маҷмааи варзишии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фарогирии 150 нафар варзишгарон ва 1200 нафар тамошобинон баргузор карда шуд.
19-23 феврал дар толори варзишии КШТҶММ шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе оид ба тиррандозӣ миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Варзоб бо иштироки 900 нафар варзишгарон ва 1853 нафар мухлисон ва тамошобинон баргузор гардид.
23 феврал бо мақсади оммавияти варзиш бахшида ба 25 солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаҳои оммавию варзишӣ аз қабили волейбол, футбол, баскетбол, гимнаситика, акробатика, гӯштини миллӣ, варзиши сабук, таэквондо ва камонварӣ дар майдону толорҳои варзишии ҳудуди пойтахт бо иштироки 2279 нафар варзишгарон ва 3010 нафар тамошобинон баргузор карда шуд.
Аз 6 январ то 6 март мусобиқаи кушдои шаҳри Душанбе оид ба волейбол миёни бонувони вазорату идораҳо барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” бо иштироки 300 нафар варзишгарон доир гардид.
9 март мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе оид ба Ҷиу-Ҷитсу дар Маҷмааи варзишии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фарогирии 180 нафар варзишгарон ва 700 нафар тамошобинон баргузор карда шуд.
10 март мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе оид ба унифайт байни наврасону ҷавонон дар Маҷмааи варзишии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки беш аз 210 нафар варзишгарон ва 1100 нафар тамошобинон баргузор карда шуд.
Аз санаи 7 то 13 марти соли 2018 дар толори варзишии МДММВЗО№ 5 шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе оид ба волейбол миёни бонувон бахшида ба Иди Модарон бо иштироки 120 нафар варзишгарон баргузор карда шуд.
10 март дар Маҷмааи варзишии Тоҷикстандарт мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе оид ба таэквондо ИТФ бо иштироки 120 нафар варзишгарон баргузор карда шуд.
10 март дар толори варзишии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе оид ба гӯштини тарзи озод миёни наврасону ҷавонон бо иштироки 120 нафар варзишгарон баргузор карда шуд.
17 март бо мақсади оммавияти варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар шаҳри Душанбе марафони велосипедронӣ ва дави Наврӯзӣ бо иштироки 1610 нафар велосипедрон ва 8140 нафар иштирокчиёни дав дар як сати баланди зарурӣ баргузор карда шуд.
25 март дар толори варзишии Душанбе мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе байни наврасону ҷавонон оид ба грепплинг бо иштироки зиёда аз 85 нафар варзишгарон ва 210 нафар мухлисон баргузор карда шуд.
29 март дар толори варзишии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе оид ба гӯштини тарзи самбо миёни наврасону ҷавонон бо иштироки 80 нафар варзишгарон ва 150 нафар мухлисону ҳаводори ин намуди варзиш баргузор карда шуд.
Аз 16 то 31 март бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз 2018 ҷиҳати тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, таъмини иштироки наврасону ҷавонон ба машғулиятҳои варзишӣ дар 21 майдончаи варзишӣ, 10 мактаби варзишӣ 25 мусобиқаи дӯстонаи варзишӣ бо иштироки 3410 нафар гузаронида шуданд.
Дар анҷоми тамоми чорабиниҳои баргузоргардида, ғолибон бо диплому туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Бо мақсади иҷрои дастуру роҳнамоиҳои варзишпарваронаи Пешвои муаззами миллат ҷиҳати тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, таъмини иштироки наврасону ҷавонон ба машғулиятҳои варзишӣ ҳар рӯзи шанбе чорабиниҳои гуногуни варзишӣ таҳти унвони “Шанбе-рӯзи варзиш ва солимгардонӣ” ва дар ҳамин замина машқҳои пагоҳирӯзӣ таҳти унвони “Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст” баргузор гардида истодааст, ки то ин муддат 356 машқҳои пагоҳирӯзӣ ва бозиҳои дӯстона бо фарогирии 135 ҳазору 608 нафар (аз ин шумора 14 ҳазору 113 нафар бонувон) баргузор карда шуд.
Зимнан ёдовар мегардем, ки дар шаҳри Душанбе 10 Муассисаи давлатии мактабҳои махсуси варзишии захираҳои олимпӣ аз рӯи 23 намуди варзиш фаъолият доранд, ки дар онҳо 155 мураббӣ ба 3733 нафар машқварз, аз ҷумла 503 нафар духтарон нозукиҳои намудҳои варзишро тамрин медиҳанд.
Раёсат дар доираи Нақшаи чорабиниҳо оид ба баргузории чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ, иттилоотиву таблиғотӣ, мусобиқаҳои оммавӣ-варзишӣ бахшида ба таҷлили “Рӯзи Пойтахт” таҳти унвони “Пойтахт - тарранумгари музаффариятиҳои мо ҷавонон ва варзишгарон” санаи 21 апрели соли 2018 як қатор мусобиқаҳои оммавӣ-варзиширо дар шаҳри Душанбе миёни наврасону ҷавонон ва сокинони пойтахт баргузор намуд.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои таҳрезигардидаи Раёсат дар самти варзиш бо мақсади баланд бардоштани рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ҳамзамон оммавияти варзиш, ҷалби ҷавонону наврасон ва сокинони пойтахт ба ташаккули тарзи ҳаёти солим дар майдончаҳои варзишии ҳудуди пойтахт 120 адад чорабиниҳои варзишию солимгардонӣ ба монанди бозиҳои рафиқона ва мусобиқаҳои футбол ва баскетбол байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо иштироки 12340 нафар ҷавонону наврасон баргузор карда шуд, ки ин иқдом саривақтӣ буда, барои рушди бемайлони варзиш дар шаҳри Душанбе мусоидат менамояд.
Дар робита ба ин, санаи 21 то 25 апрели соли 2018 дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар доираи Бозиҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баскетбол байни бонувон бо иштироки 84 нафар варзишгарон баргузор гардид.
Дар толори варзишии МД ММВЗО№5, мусобиқаҳои оммавӣ- варзишӣ оид волейбол, баскетбол, туби дасти ва чавгонбозӣ бо иштироки 895 нафар, дар толори варзишии МД ММВЗО№2, мусобиқаи оммавӣ - варзишӣ оид ба камонварӣ бо иштироки 63 нафар, дар толори варзишии МД ММВЗО№6, мусобиқаи оммавӣ - варзишӣ оид ба гӯштини миллӣ, дзюдо, юнону румӣ ва тарзи озод бо иштироки 620 нафар, дар толори варзишии Литсейи Роҳнамо мусобиқаи оммавӣ- варзишӣ оид ба шоҳмот ва шашка бо иштироки 184 нафар, дар толори варзишии МД ММВЗО№8, мусобиқаи оммави варзишӣ оид ба акробатика ва батут бо иштироки 110 нафар, дар толори варзишии МД ММВЗО№9, мусобиқаи оммавӣ - варзишӣ оид ба бокс бо иштироки 45 нафар, дар клуби ҷумҳуриявии варзишӣ тирандозии Кумитаи марказии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи оммави варзишӣ оид ба тирпарронӣ миёни хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо иштироки зиёда аз 91 нафар баргузор карда шуд.
Дар Маҷмааи варзишии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе оид ба таэквондо ВТФ бо иштироки 160 нафар варзишгарон баргузор карда шуд.
Дар Маҷмааи варзишии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе оид ба унифайти ғарикасбӣ бо иштироки 120 нафар варзишгарон доир гардид, инчунин дар толори варзишии федератсияи каратэ- кёкушинкайи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе бо иштироки 110 нафар варзишгарон баргузор карда шуд.
Бо мақсади таҷлили Рӯзи пойтахт санаи 21 апрели соли 2018 Ниммарафони 9 байналмилалӣ бо иштироки беш аз 10000 нафар мухлисону варзишгарон, донишҷуёну хонандагон ва кормандони касбу кори гуногун баргузор карда шуд.
Дар МД Наврӯзгоҳи пойтахт мусобиқаи кушод оид ба пойгаи аспдавонӣ барои дарёфти ҷоми пойтахт бо иштироки 65 сар аспҳои зоти тоҷики ва англисӣ бо фарогирии беш аз 6000 мухлисон ва ҳаводорони ин намуди варзиш доир карда шуд.
Зимнан иттилоъ медиҳем, ки бахшида ба таҷлили Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе зиёда аз 150 чорабиниҳои оммавӣ - варзишӣ бо фарогирии 25143 нафар ҷавонону наврасон ва сокинони пойтахт, ки аз ин шумора 5233 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд, инчунин баргузории 34 адад чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ, аксияҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бо иштирокӣ 48300 нафар аз инҳо 17300 нафар бонувон ташкил медиҳанд баргузор карда шуд.
28 апрели соли 2018 дар боғҳои фарҳангию - фароғатии ба номи С.Айнӣ, Боғи ҷавонон, Боғи Ирам, Боғи ба номи устод А. Рӯдакӣ, Боғи шаршараи Наврӯзгоҳ ва Боғи Парчами давлатӣ “Фестивали ҷумҳуриявии намудҳои шоҳмот, шашка ва тенниси рӯи миз” дар як сатҳи баланд баргузор гардид.
Қайд кардан зарур аст, ки дар “Фестивали ҷумҳуриявии намудҳои шоҳмот, шашка ва тенниси рӯи миз” зиёда аз 904 нафар варзишгарон ва 2678 нафар мухлисону тамошобинон иштирок варзиданд, ки аз ин шумора 667 нафарашонро бонувон ташкил медиҳанд.
Дар фарҷоми Фестивал ва бозиҳои шоҳмоту шашка ва тенниси рӯи миз ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои таъсиснамудаи Раёсат қадрдонӣ карда шуданд.
Раёсат ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор“Фестивали ҷумҳуриявии намудҳои шоҳмот, шашка ва тенниси рӯи миз” санаи 28 апрели соли 2018, Ҳамоиши ҷумҳуриявии “Як рӯзи велосипедронӣ” санаи 5 майи соли 2018 ва Фестивали ҷумҳуриявии намудҳои футбол, волейбол, баскетбол, ки санаи 12 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор гардиданд, тадбирҳо андешид.
Зимнан ёдовар мешавем, ки 28 апрели соли 2018 дар боғҳои фарҳангию - фароғатии ба номи С.Айнӣ, Боғи ҷавонон, Боғи Ирам, Боғи ба номи устод А.Рӯдакӣ, Боғи шаршараи Наврӯзгоҳ ва Боғи Парчами давлатӣ бо мақсади оммавияти намудҳои варзиши шоҳмот, шашка ва тенниси рӯи миз таҳти шиори “Варзиши дастрас” Фестивали ҷумҳуриявии намудҳои шоҳмот, шашка ва тенниси рӯи миз” баргузор гардид.
Дар робита ба ин, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Раёсат дар чойҳои баргузории Фестивал мизҳои тенниси хурд, мизу курси барои бозии шоҳмот ва шашка, тақвияти овоз, шиору овезаҳо ва тахтаи ифтихорӣ барои ҷоизасупории ғолибон таъмин карда шуд.
Санаи 5 майи соли 2018 дар Боғи фарҳангию фароғатии Ҷавонон маросими оғози Ҳамоиши ҷумҳуриявии “Як рӯзи велосипедронӣ” бо иштироки 250 нафар велосипедрон баргузор гардид.
Инчунин давоми рӯз дар ҳудуди Боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт бо иштироки варзишгарон ва велосипедронон “Як рӯзи велосипедронӣ” дар сатҳи баланди зарурӣ доир карда шуд.
Ҳамчунин 12 майи соли 2018 бахшида ба таҷлили “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон - 23 май Фестивали ҷумҳуриявии намудҳои футбол, волейбол ва баскетбол баргузор гардид, ки дар ҳудуди пойтахт 53 чорабинӣ бо фарогирии 5820 нафар иштирокчиён аз ҷумла 940 нафар бонувон доир карда шуд.
Ҳадаф аз баргузории чорабиниҳои варзишӣ рушду инкишофи намудҳои шоҳмот, шашка, тенниси рӯи миз, велосипедронӣ, футбол, волейбол ва баскетбол миёни наврасону ҷавонон ва сокинони пойтахт маҳсуб меёбад.
Қайд кардан зарур аст, ки дар фестивалу ҳамоишҳои ҷумҳуриявӣ зиёда аз 11259 нафар варзишгарон иштирок варзиданд, ки аз ин шумора 1907 нафарашонро бонувон ташкил медиҳанд.
Раёсат ҷиҳати иҷрои фармоиши Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2018, №36-в дар бораи баргузории Бозиҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешид.
Зимнан ёдовар мешавем, ки Бозиҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи 13 намуди варзиш аз 7 апрели соли 2018 то 6 майи соли 2018 дар вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат баргузор гардид.
Аз ҷониби Раёсат марҳилаи дуюми Бозиҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо мақсади муайян ва интихоби дастаи мунтахаби шаҳри Душанбе оид ба намудҳои варзиш дар сатҳи баланд доир карда шуда барои баргузории мусобиқаҳои интихобӣ ва сафарбаркунии дастаҳои шаҳри Душанбе дар доираи Нақшаи маблағгузории “Тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштироки варзишгарони пойтахт дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ дар соли 2018” ва Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳри Душанбе маблағӣ 67202 сомонӣ ҷудо карда шудааст.
Дар робита ба ин, ба маълумоти Шумо эҳтиромона мерасонем, ки дастаҳои шаҳри Душанбе дар 13 намуди варзиш бо гирифтани 65 медали тилло, 24 медали нуқра ва 18 медали биринҷӣ сазовори ҷойи якум ва ғолиби Бозиҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.
Ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 26 майи соли 2018, соати 16:00 дар Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе Мусобиқаи кушоди пойгаи аспдавонӣ бо иштироки 42 сар аспҳои зоти тоҷикиву англиси ва ахалтекинӣ синну солашон аз 2 сола то 4 сола дар ҳашт марҳила дар масофаи аз 1000 то 2000 метр баргузор гардид.
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 майи соли 2018, соати 07:00 аз собиқ дидбонгоҳи БДА “Чорбоғ” то Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳи”-и шаҳри Душанбе марафони велосипедронӣ бо иштироки 1057 нафар аз ин шумора 323 нафар бонувон ва соати 8:00 “Дави миллӣ” бо иштироки 45241 нафар, ки аз ин шумора 17456 нафарашро бонувон ташкил медод дар масофаи 10 км баргузор гардид.
Дар оғози чорабиниҳои мазкур Абдуҷабор Раҳмонзода Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Тоҷиддин Ниёз ҷиҳати таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ суханронӣ намуданд.
Бояд зикр кард, ки дави миллӣ дар асоси фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 марти соли 2007, №225 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» баргузор гардид.
Зикр кардан ба маврид аст, ки баҳри дар сатҳи баланд баргузор гардидани чорабиниҳои мазкур, аз ҷумла Рӯзи дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ аз ҷониби сохторҳои дахлдор амнияти шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини хизматрасонии “Ёрии таъҷилӣ”, муназзами барқ, бехатарии зидди сӯхтор, асбобҳои пахши садо, насби шиору навиштаҷот, (старт ва финиш) нақлиёт ҷиҳати интиқоли асбобоҳои пахши садо ва сабти телевизионии рафти мусобиқаҳои мазкур дар сатҳи зарурӣ иҷро гардиданд.
Ҳамзамон, барои ҷалби бештари наврасону ҷавонон ва сокинону меҳмонони пойтахт ба мусобиқаҳои болозикр роликҳои тарғиботӣ омода карда шуда, тавассути воситаҳои ахбори оммаи кишвар ва сомонаҳои иҷтимоӣ инъикос карда шуд.
Бо арзи эҳтиром Раёсат Нақшаи чорабиниҳо оид ба баргузории мусобиқаҳои оммавӣ - варзишӣ ва солимгардониро дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 23- май мавриди иҷро қарор дод.
Зимнан ёдовар мешавем, ки 23 майи соли 2018 дар боғҳои фарҳангию – фароғатӣ, қисмҳои низомӣ ва майдону толорҳои варзишии ҳудуди пойтахт, чорабиниҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои футбол, волейбол, шоҳмот, шашка, баскетбол, туби дастӣ, чавгонбозӣ, камонварӣ, бокс, гӯштини миллӣ, дзюдо, самбо, юнону румӣ, акробатика ва гимнастикаи бадеӣ дар як сатҳи баланд баргузор гардид.
Қайд кардан зарур аст, ки дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он зиёда аз 66 чорабиниҳои оммавӣ-варзишӣ ва солмгардонӣ бо фарогирии зиёда аз 5520 нафар варзишгарон ва мухлисону тамошобинон баргузор карда шуд, ки аз ин шумора 1025 нафарро бонувон ташкил медоданд.
Дар робита ба ин, санаи 20 майи соли 2018 соати 7.00 дар шаҳри Душанбе марафони велосипедронӣ ва соати 8.00 дави миллӣ бо иштироки кормандони касбу кори гуногун, варзишгарон, ҷавонону занон ва ниҳодҳои давлатию ҷаъмиятӣ баргузор гардид.
Дар марафони велосипедронӣ 1057 нафар аз инҳо 323 нафар бонувон ва дар дави миллӣ 45241 нафар аз инҳо 17456 нафар бонувон иштирок намуданд.
Раёсат дар доираи Нақшаи чорабиниҳо оид ба баргузории чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ, иттилоотиву таблиғотӣ, мусобиқаҳои оммавӣ-варзишӣ бахшида ба таҷлили 27- умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 3 сентябр то 9 сентябри соли 2018 як қатор мусобиқаҳои оммавӣ-варзиширо дар шаҳри Душанбе миёни наврасону ҷавонон ва сокинони пойтахт баргузор намуд.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои таҳрезигардидаи Раёсат дар самти варзиш бо мақсади баланд бардоштани рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ҳамзамон оммавияти варзиш, ҷалби ҷавонону наврасон ва сокинони пойтахт ба ташаккули тарзи ҳаёти солим дар майдончаҳои варзишии ҳудуди пойтахт чорабиниҳои варзишию солимгардони ба монанди бозиҳои рафиқона ва мусобиқаҳои футболи хурд волейбол ва баскетбол байни сокинон баргузор карда шуд, ки ин иқдом саривақтӣ буда, барои рушди бемайлони варзиш дар шаҳри Душанбе мусоидат менамояд.
Дар толори варзишии МД ММВЗО№5, мусобиқаҳои оммавӣ- варзишӣ оид волейбол, баскетбол, туби дастӣ ва чавгонбозӣ бо иштироки 710 нафар, дар толори варзишии МД ММВЗО№2, мусобиқаи оммавӣ - варзишӣ оид ба камонварӣ бо иштироки 42 нафар, дар толори варзишии МД ММВЗО№6, мусобиқаи оммавӣ - варзишӣ оид ба гӯштини миллӣ, дзюдо, юнону румӣ ва тарзи озод бо иштироки 540 нафар, дар толори варзишии Литсейи Роҳнамо мусобиқаи оммавӣ- варзишӣ оид ба шоҳмот ва шашка бо иштироки 115 нафар, дар толори варзишии МД ММВЗО№8, мусобиқаи оммави варзишӣ оид ба акробатика ва батут бо иштироки 110 нафар, дар толори варзишии МД ММВЗО№9, мусобиқаи оммавӣ - варзишӣ оид ба бокс бо иштироки 45 нафар, дар толори варзишии МД ММВЗО№4, мусобиқаи шаҳрӣ оид ба шиноварӣ бо иштироки 45 нафар варзишгарон, дар клуби ҷумҳуриявии варзишӣ тирандозии Кумитаи марказии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаҳои бисёрҳарбаи варзишӣ миёни хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо иштироки зиёда аз 1420 нафар баргузор карда шуд.
Дар Маҷмааи варзишии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе оид ба таэквондо ВТФ бо иштироки 105 нафар варзишгарон баргузор карда шуд.
Дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии тайёрии оилимпии дастаҳои мунтахаб” мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе оид ба гӯштини миллӣ бо иштироки 145 нафар варзишгарон баргузор карда шуд.
Дар Маҷмааи варзишии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе оид ба унифайти ғайрикасбӣ бо иштироки 180 нафар варзишгарон доир гардид, инчунин дар толори варзишии федератсияи каратэ- кёкушинкайи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе бо иштироки 98 нафар варзишгарон баргузор карда шуд.
8 сентябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе марафони велосипедронӣ бо иштироки 120 нафар аз инҳо 6 нафар бонувон баргузор карда шуд.
Зимнан иттилоъ медиҳем, ки бахшида ба таҷлили 27- умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе зиёда аз 86 чорабиниҳои оммавӣ - варзишӣ бо фарогирии 16143 нафар ҷавонону наврасон ва сокинони пойтахт, ки аз ин шумора 3540 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд баргузор карда шуд.
Илова ба ин, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар доираи Нақшаи чорабиниҳо оид ба баргузории мусобиқаҳои оммавӣ-варзишӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 16 то 18 ноябри соли 2018 як қатор мусобиқаҳои оммавӣ-варзиширо дар шаҳри Душанбе миёни наврасону ҷавонон ва сокинони пойтахт баргузор намуд.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои таҳрезигардидаи Раёсат дар самти варзиш бо мақсади баланд бардоштани рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ҳамзамон оммавияти варзиш, ҷалби ҷавонону наврасон ва сокинони пойтахт ба ташаккули тарзи ҳаёти солим дар майдончаҳои варзишии ҳудуди пойтахт 25 адад чорабиниҳои варзишию солимгардонӣ ба монанди бозиҳои рафиқона ва мусобиқаҳои футбол, валейбол ва баскетбол байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо иштироки 1580 нафар ҷавонону наврасон баргузор карда шуд, ки ин иқдом саривақтӣ буда, барои рушди бемайлони варзиш дар шаҳри Душанбе мусоидат менамояд.
Машқҳои дастаҷаъмонаи пагоҳирӯзӣ дар боғи фарҳангиву фароғатии “Ҷавонон” бо фарогирии беш аз 7000 нафар аз ҷумла 856 нафар бонувон доир карда шуд. Ҳамзамон аз ҷониби Раёсат дар ҷойҳои мувофиқи боғ бо иштироки варзишгарони шаҳри Душанбе намоиши варзишӣ аз рӯи намудҳои футбол, волейбол, баскетбол, шоҳмот, гимнастикаи бадеӣ, акрабатика ва бокс ташкил карда шуд.
Дар робита ба ин, санаи 16 ноябри соли 2018 дар толори варзишии МД ММВЗО№2, мусобиқаи шаҳри Душанбе оид ба таэквондо ВТФ байни наврасону ҷавонон бо иштироки 65 нафар варзишгарон баргузор гардид.
Дар толори варзишии МД ММВЗО№5, мусобиқаҳои оммавӣ- варзишӣ оид ба волейбол, баскетбол, туби дастӣ ва чавгонбозӣ бо иштироки 520 нафар, дар толори варзишии МД ММВЗО№2, мусобиқаи оммавӣ - варзишӣ оид ба камонварӣ бо иштироки 31 нафар, дар толори варзишии МД ММВЗО№6, мусобиқаи оммавӣ - варзишӣ оид ба гӯштини миллӣ, дзюдо, юнону румӣ ва тарзи озод бо иштироки 410 нафар, дар толори варзишии МД ММВЗО№8, мусобиқаи оммавӣ-варзишӣ оид ба акробатика ва батут бо иштироки 52 нафар, дар толори варзишии МД ММВЗО№9, мусобиқаи оммавӣ - варзишӣ оид ба бокс бо иштироки 55 баргузор карда шуд.
Санаи 16 - 17 ноябри соли 2018 дар толори варзишии МД ММВЗО№5, мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе байни наврасон, ҷавонон ва калонсолон оид ба тенниси рӯи миз бо иштироки 42 нафар варзишгарон баргузор карда шуд.
Зимнан ёдовар мешавем, ки санаи 16 ноябри соли 2018 дар боғи фарҳангиву фароғатии “Ҷавонон” мусобиқаи шаҳри Душанбе оид ба шоҳмот ва шашка байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе бо иштироки 150 нафар варзишгарон баргузор гардид, ки дар ҷамбасти мусобиқа ғолибон бо диплом, медал ва тӯҳфаҳои таъсисдодаи Раёсат қадрдонӣ гардиданд.
Бо мақсади таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмааи варзишии Душанбе “Арена” мусобиқаи футбол байни наврасони сину солҳои 2001- 2002, 2003 - 2004 ва 2005- 2006 бо иштироки беш аз 450 нафар баргузор гардид, ки дар фарҷом ғолибон ва ҷоизадорон бо диплом, медал, ҷом ва тӯҳфаҳои таъсисдодаи Раёсат қадрдонӣ гардиданд.
Бо мақсади ҷалби сарбозон ва афсарони қисмҳои низомӣ санаи 14 ноябри соли 2018 дар қисми низомии 0123 қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои футбол, бандкашӣ, давидан ва вазнбардорӣ доир карда шуд.
Зимнан иттилоъ медиҳем, ки бахшида ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе зиёда аз 85 чорабиниҳои оммавӣ - варзишӣ бо фарогирии 13540 нафар наврасону ҷавонон ва сокинони пойтахт, ки аз ин шумора 1050 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд, инчунин 12 адад чорабиниҳои варзишӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе баргузор карда шуд. Инчунин, дар сатҳи чор ноҳияи шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои оммавӣ-варзишӣ ва солимгардонӣ дар доираи таҷлил аз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор гардиданд.
Мусобиқаҳои футбол, волейбол ва спартакидаҳои варзишӣ миёни хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва сарбозони қисмҳои ҳарбӣ, аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Баргузории 123 чорабиниҳои оммавӣ - варзишӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фарогирии 22523 нафар ҷавонону наврасон ва сокинони пойтахт, ки аз ин шумора 4195 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.
23 ноябри соли 2018 дар толори варзишии МТМУ №10 бо ибтикори бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ҳамбастагӣ бо Раёсат бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хӯрд байни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия бо иштироки 12 даста ва 192 нафар варзишгарон баргузор гардид.
Инчунин мусобиқаи фуболи хурд байни донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди ноҳияи Исмоилӣ Сомони бо иштироки 4 даста дар толори варзишии Донишгоҳи словянии Тоҷикстону Россия баргузор карда шуд.
Дар фарҷоми мусобиқа ғолибон ва ҷоизадорон бо диплом ва медалҳои таъсисдодаи кумитаи тадорукот қадрдонӣ карда шуданд.
Чорабиниҳои баргузор гардида, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва телевизион иникос карда шуданд.
Бори нахуст дар доираи Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2018 - 2021 сарфарбар намудунаи дастаи таеквондочиёни шаҳри Душанбе дар ҳайати 3 нафар ба чемпионати Осиё ба шаҳри Атерауи Ҷумҳурии Қазоқистон, ки маблағи сафарбарии онҳо 21400 сомониро ташкил медод, ки дар натиҷа варзишгарон соҳиби 3 медал аз ҷумла 1 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ гардиданд.
Дар доираи “Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2018-2021” сафарбарнамоӣ 5 нафар аз ҷумла, 4 нафар варзишгар ва 1 мураббии Муассисаи давлатии “Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №3 шаҳри Душанбе оид ба варзиши сабук, ки аъзои дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ниммарафони байналмилалӣ ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон бо маблағи 26920 сомонӣ;
Сарфарбар намудани 2 нафар варзишгари намуди шоҳмот аз ҳисоби “Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2018-2021” бо маблағи 14400 сомонӣ дар Олимпиадаи умумиҷаҳонӣ ба шаҳри Батуми Ҷумҳурии Гурҷистон;
Сафарбар намудани 4 нафар варзишгарони шаҳри Душанбе оид ба гӯштини дзюдо ба Ҷумҳурии Узбекистон барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон (Гранд-Прӣ) бо маблағи 16000 сомонӣ.
Сафарбар намудани як нафар варзишгари дастаи мунтахаби шаҳри Душанбе ба шаҳри Астанаи Ҷумҳурии Қазоқистон барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон (Гранд-Прӣ) бо маблағи 6200 сомонӣ.
Ҳамзамон, 46 маротиба сафарбаркунии 494 нафар, аз ҷумла 120 нафар бонувон - варзишгарони шаҳри Душанбе ба мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ бо маблағи 142 ҳазор 941 сомонӣ.
Сафарбар намудани 15 нафар варзишгарони шаҳри Душанбе ба мусобиқаҳои байналмилалӣ бо маблағи 84 ҳазору 920 сомонӣ таъмин карда шуданд.
Раёсат дар робита ба иҷрои тартиби дуҷонибаи тасдиқ намудаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2018 оид ба баргузории мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чораҳои зарурӣ андешида, ҷиҳати баргузории марҳилаи дуюми мусобиқаҳои варзишӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Душанбе ба 23 донишгоҳу донишкадаҳои олии шаҳри Душанбе мактуб оид ба пешниҳод намудани дастаҳояшон аз рӯи 7 намуди варзиш ва тартиби баргузории чорабинии мазкурро ирсол намуд, ки дар натиҷа аз 18 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Душанбе дархостҳо ҷиҳати иштирок дар чорабинии болозикр пешниҳод гардид. Қайд кардан ба маврид аст, ки мусобиқаҳои варзишӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Душанбе аз санаи 20 то 31 октябри соли ҷорӣ дар толори варзишии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон баноми С.Раҳимов, Муассисаи давлатии “Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №5 шаҳри Душанбе”, Муассисаи давлатии “Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба таэквон-до ИТФ”, Маҷмааи варзишии Хадамоти алоқа ва Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир гардид, ки дар натиҷа аз намудҳои даставӣ байни бонувон сазовори ҷойи сеюм Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия, сазовори ҷойи дуюм Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва сазовори ҷойи якум Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон гардиданд. Байни мардон бошад сазовори ҷойи сеюм Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, сазовори ҷойи дуюм Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва сазовори ҷойи якум Донишкадаи тарбияи ҷисмонииТоҷикистон гардиданд.
Аз рӯи шумораи медалҳои тилло бошад сазовори ҷойи сеюм Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, сазовори ҷойи дуюм Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия ва сазовори ҷойи якум Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон гардиданд.
Зимнан ёдовар мешавем, ки ҷамъбасти марҳилаи дуюми мусобиқаҳои варзишӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Душанбе санаи 5 ноябри соли 2018 дар Муассисаи давлатии “Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба таэквон-до ИТФ” доир гардид, ки ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа медалу диплом ва ҷомҳои таъсис намудаи Раёсат қадрдонӣ карда шуданд.
Дар робита ба ин, санаи 1 декабри соли 2018 дар толори варзишии МД ММВЗО№2, мусобиқаи шаҳри Душанбе оид ба таэквондо ВТФ байни наврасону ҷавонон бо иштироки 34 нафар варзишгарон баргузор гардид.
Дар толори варзишии МД ММВЗО№5, мусобиқаҳои оммавӣ- варзишӣ оид волейбол, баскетбол, туби дастӣ ва чавгонбозӣ бо иштироки 520 нафар, дар толори варзишии МД ММВЗО№2, мусобиқаи оммавӣ - варзишӣ оид ба камонварӣ бо иштироки 31 нафар, дар толори варзишии МД ММВЗО№6, мусобиқаи оммавӣ - варзишӣ оид ба гӯштини миллӣ, дзюдо, юнону румӣ ва тарзи озод бо иштироки 325 нафар, дар толори варзишии МД ММВЗО№8, мусобиқаи оммави варзишӣ оид ба акробатика ва батут бо иштироки 52 нафар, дар толори варзишии МД ММВЗО№9, мусобиқаи оммавӣ - варзишӣ оид ба бокс бо иштироки 55 баргузор карда шуд.
1 декабри соли 2018 дар толори варзишии МД ММВЗО№5, мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе байни наврасон, ҷавонон ва калонсолон оид ба тенниси рӯи миз бо иштироки 45 нафар варзишгарон баргузор карда шуд.
Дастовардҳои дастпарварони мактабҳои варзишии шаҳри Душанбе аз мусобиқаҳои сатҳи шаҳрӣ дар ёздаҳ моҳи соли 2018, 456 медали тилло, 471 медали нуқра ва 510 медали биринҷӣ, мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ бошад 413 медали тилло, 425 медали нуқра ва 417 медали биринҷӣ ва мусабиқаҳои байналмилалӣ бошад 41 медали тилло, 32 медали нуқра ва 43 медали биринҷӣ, дар маҷмӯъ дар ёздаҳ моҳи соли 2018, 2808 медал, 910 медали тилло, 928 медали нуқра ва 970 медали биринҷӣ, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017, 97 медали тилло, 110 медали нуқра ва 135 медали биринҷӣ зиёд мебошад, аз ҷумла мусобиқаҳои байналмилалӣ 10 медали тилло, 9 медали нуқра ва 16 медили биринҷӣ зиёд мебошад.
Дар ҳамин давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Раёсат дар самти рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар пойтахт дар асоси «Тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштироки варзишгарони пойтахт дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилаӣ дар соли 2018» миёни наврасону ҷавонон 112 чемпионату мусобиқаҳои кушоди шаҳри Душанбе оид ба гуштини миллӣ, юнону румӣ, тарзи озод, самбо, дзюдо, бокс, шоҳмот, шашка, футболи хурд, баскетбол, волейбол, туби дастӣ, таэквандо (ИТФ), акробатика, батут, гимнастика, грепплинг, унифайт, Ҷиу-Ҷитсу, чавгонбозӣ, каратэ-до шотокан скиф, каратэ кёкушинкай, таэквандо (ВТФ), тирпарронӣ, мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи 7 намуди варзиш миёни қисмҳои низомӣ, бо иштироки 23 ҳазору 722 нафар аз ҷумла бонувон 9560 ва бо фарогирии 62 ҳазору 391 нафар (аз ин шумора 10 ҳазору 352 нафар бонувон), 46 маротиба сафарбаркунии 494 нафар варзишгар 120 нафар зан ба мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, 356 машқҳои пагоҳирӯзӣ ва бозиҳои дӯстона бо фарогирии 135 ҳазору 608 нафар (аз ин шумора 14 ҳазору 113 нафар бонувон), Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ (марҳилаи якум ва марҳилаи дуюм) ва мусобиқаи гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он бо фарогирии 31 ҳазору 829 нафар (аз ин шумора 2 ҳазору 409 нафар бонувон), бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз мусобиқаҳои веломарафон ва дави Наврӯзӣ бо фарогирии 9 ҳазору 750 нафар баргузор карда шуд, Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ (марҳилаи ниҳоӣ) ва мусобиқаи гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе бо фарогирии 16 ҳазору 389 нафар (аз ин шумора 879 нафар бонувон) дар умум дар ёздаҳмоҳи соли 2018, 581 чорабиниҳои варзишӣ бо фарогирии 402 ҳазору 122 нафар (аз ин шумора 44 ҳазору 635 нафар бонувон) дар (ёздаҳмоҳаи соли 2017 бошад 486 чорабинӣ бо фарогирии 385 ҳазору 852 нафар), (аз ин шумора 22 ҳазору 135 нафар бонувон) гузаронида шуданд, ки нисбат ба ёздаҳмоҳи соли 2017, 104 чорабинӣ бо фарогирии 16 ҳазору 270 нафар зиёд мебошад.
Зимнан ёдовар мешавем, ки дар ҳамин давра дар сатҳи шаҳри Душанбе 92 адад майдончаҳои варзишӣ ва бозиҳои кӯдакона сохта ба истифода дода шуд, ки мабалағи он бештар аз 67 милион сомониро ташкил медиҳад, ин шумора дар соли 2017 78 ададро дар ба мегирифт, ки маблағи он 42 милион сомониро ташкил медод.