Тандурустӣ

 

НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ РАЁСАТИ ТАНДУРУСТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР   СОЛИ 2020

          Бо  шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва  талошҳои Раиси шаҳри  Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ  сол аз сол таваҷҷуҳ ба соҳаи тандурустӣ, ки яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи иҷтимоӣ мебошад, зиёд мегардад. Мо кормандони соҳаи тандурустии пойтахт  дар самти татбиқи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми имконоти мавҷуда  самаранок истифода бурда, кушиш ба харҷ медиҳем,ки ба боварии роҳбарияти ҳукумату давлат ҷиҳати хизмат- расонии босифати  тиббӣ ба аҳолӣ сазовор бошем.

Фаъолияти Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва сохторҳои он дар  соли 2020  баҳри беҳбудии  сатҳи хизматрасониҳои тиббию  санитарӣ дар сатҳи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва бистаринамоӣ, ташхис ва муолиҷа бо истифода аз технологияҳои муосир ва дигар тадбирҳо равона карда шуд.

Беморхонаҳои зертобеи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, ки имруз фаъолият доранд 16-то буда, дорои 2745 кати муолиҷавӣ мебошанд.  

         Ғайр аз ин дар тобеияти Раёсати тандурустии шаҳр ду хонаи кӯдакон, ки ҳар кадом дорои 100 кат  мебошанд ва дар онҳо кӯдакони бепарастор ва сағирмонда муддати 4 сол бистарӣ мешаванд, фаъолият доранд. Таъминотнокӣ 31,8 кат нисбати 10 000 аҳолиро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор  905 катҳои терапевтӣ,  614 катҳои ҷарроҳӣ,  495 катҳои акушер-гинекологӣ   ва  731 катҳои педиатрӣ  ташкил медиҳанд.

Дар 12 моҳи соли равон 77964 нафар беморон дар беморхонаҳои шаҳри бистарӣ шудаанд, ки ин 9,3% аҳолиро дар бар мегирад. Шумораи бистаришудагон нисбати 12 моҳи соли 2019-ум 23361 нафар бемор кам мебошад. Аз шумораи умумии бистаришудагон 26466 нафарашон аз дигар

ноҳияҳои ҷумҳурӣ мебошанд, ки ин ба 33,9% баробар аст. Иҷроиши кори катҳо дар 12 моҳи соли равон  67,4 фоизро нисбати 95,5%-и соли 2019  ташкил дода, нишондоди миёнаи бистарӣ шудани беморон 7,3 рӯзро ташкил медиҳад. 

Дар сатҳи Раёсати тандурустӣ ва муассисаҳои табобатию пешгирии шаҳр  ситодҳои доимамалкунада оид ба тайёрӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 таъсис дода шуда, кори ситод дар асоси нақшаи пешниҳодгардидаи мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба роҳ монда шудааст.

Барои муассисаҳои табобатию пешгирии шаҳри Душанбе захира 117 генератор, 60 адад печкаҳои ангиштӣ, 55,0 тонна ангишт, ҳезум 123 м3 ва 7700 литр сузишворӣ ба нақша гирифта шуда, то муҳлати вогузоршуда ташкил карда шудааст.

Тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 5 майи соли 2020, №295 «Дар бораи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 дар шаҳри Душанбе» ва дар мувофиқа бо Муассисаи шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе – 41 муассисаҳои табобатию пешгирии зерсохтори Раёсати тандурустии ш. Душанбе барои қабули нерӯи гармӣ дар мавсими гармидиҳии солҳои 2020-2021 ба нақша гирифта шудаанд, аз он ҷумла 31 муассиса аз ҳисоби гармии мутамарказ ва 10 муассисаи дигар аз ҳисоби 4-дегхонаи локалӣ. Ҳамаи муассисаҳои зикргардидаро мутахассисони Муассисаи шабакаҳои гармидиҳандаи шаҳри Душанбе дар мувофиқа бо Хадамоти назорати давлатии соҳаи энергетика аз санҷиши гидравликӣ гузаронида, шиносномаи тайёрии умумиро соҳиб гардидаанд.

Аз муассисаҳои ба нақшаи қабули нерӯи гармии мутамарказ ворид нагашта – 2 муассиса аз ҳисоби 1-бойлер, 18-муассиса аз ҳисоби радиаторҳои барқии равғанӣ, дар мавсими сармои солҳои 2020-2021 бо гармӣ таъмин мекунанд.

 Кори ситод дар асоси нақшаи пешниҳод гардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри  Душанбе ба роҳ монда шудааст.

 Масъалаи тайёрӣ ба зимистонгузаронии муассисаҳои табобатию профилактикии шаҳри Душанбе дар зери назорати домии Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад.

 Яке аз вазифаҳои асосии Раёсати тандурустӣ таъмин намудани муассисаҳои тиббии шаҳр бо мутахассисони маълумоти олӣ ва миёнаи тиб мебошад.

Дар асоси нишондодҳои оморӣ дар сохтори Раёсати тандурустии шаҳр 3385 нафар табибон ва 5722 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият менамоянд. Таъминотнокӣ бо табибон 39,2 ва кормандони миёнаи тиб 66,3 ба 10 000 аҳолиро ташкил медиҳад.

Дар  соли 2020-ум – 1302 нафар, аз ҷумла 429  нафар табибон ва 873 нафар кормандони миёнаи тиб бо кор таъмин шудаанд.

Дар баланд бардоштани савияи дониши амалӣ ва назариявии кормандони соҳаи тандурустии шаҳр як қатор корҳо ба анҷом расонида шудаанд. Дар соли равон 357 нафар табибон аз такмили ихтисос гузаштанд, аз он ҷумла 8  нафар берун аз ҷумҳурӣ. Ҳамзамон, 403 нафар кормандони миёнаи тиб аз такмили ихтисос, инчунин 9  нафар табибон ва 63 нафар кормандони миёнаи тиб аз бозомӯзии касбӣ гузаштанд.

Дар соли ҷорӣ барои табодули таҷриба  1 нафар роҳбари муассиса бо мақсади иштирок дар семинар оид ба мавзӯи “Барои эҷоди тавонмандии мувофиқ ва устувори таҳқиқоти амалиётӣ, ворид кардани баррасии доимӣ ва далелҳо ба барномаи тандурустии ҷамъиятӣ” ба шаҳри Одессаи Ҷумҳурии Украина ва  1 нафар табиби ҷарроҳ доир ба мавзӯи “Ҷарроҳии рентген-эндоваскулярӣ, аз ҷумла дар пластикаи эндоваскулярии беморони нуқсони модарзодии дил” ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон сафарбар карда шуд.

Баҳри иҷрои банди 9-уми Қарори Раиси шаҳри душанбе аз 31.12.2011, №592 “Дар доираи татбиқи “Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои солҳои 2010-2020” дар шаҳри Душанбе, ки бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 23.02.2010, №61 тасдиқ гардидааст, андешидани чораҳо оид ба такмил додани ихтисоси кормандони соҳаи тиб, тақвият бахшидан ва афзоиш додани имконияти тайёр намудани кадрҳои тиббӣ, аз ҷумла сафарбар намудани кормандони соҳаи тиб ва муассисаҳои илмию таълимии хориҷи кишвар, таҳия ва татбиқи воситаҳои ҳавасмандгардонӣ барои ба кор ҷалб кардан ва нигаҳдории кадрҳои тиббӣ Раёсати тандурустӣ чораҳои натиҷабахш андешида шуданд.

Дар  соли 2020 - 1 нафар мудири шуъбаи колопроктологӣ  ва 1 нафар табиби ҷарроҳ доир ба мавзӯи “Колопроктология” дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия , 1 нафар табиби стоматолог доир ба мавзӯи “Ҷарроҳии эстетикии ҷоғу рӯй” дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия, 1 нафар табиби ҷарроҳ доир ба  мавзӯи “Ҷарроҳии қафаси сина” дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва 1 нафар роҳбари муассиса доир ба мавзӯи “Идоракунии беморхонаҳо” дар давлати Япония, 1 нафар мудири шуъбаи эндокринологияи кӯдакона доир ба мавзӯи “Эндокринологияи кӯдакона” дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия, 1 нафар табиби осебшинос доир ба мавзӯи “Осебшиносӣ ва раддодӣ” дар Федератсияи Россия ва 1 нафар табиби оилавӣ доир ба мавзӯи “Бемориҳои дарунӣ” дар Федератсияи Россия, дар ҷамъ 8 нафар берун аз ҷумҳурӣ аз такмили ихтисос гузаштанд.

Ҳамзамон, бояд қайд намуд, ки дар асоси мактуби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июни соли 2020, №816-ҳ, ки ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гаштааст 2 нафар табибони таҳлилгари бактериологи беморхонаҳои сироятӣ ва 1 нафар табиби таҳлилгари бактериологи Маркази назорати давлатии санитари эпидемиологии шаҳри Душанберо тавассути Стипендияи байналмилалии “Дурахшандагон” барои таҳсил дар Академияи тиббии идомаи таҳсили касбии Федератсияи Россия ҳамчун коромӯз ва баланд бардоштани малака ва аз худ намудани вирусология  тибқи  дархост аз 22 июни соли 2020, №1-3/909 ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.

Дараҷанокии касбии табибон дар 59 муассисаҳои зерсохтори Раёсати тандурустӣ 96,2% ва кормандони миёнаи тиб бошад, таносубан 94,6% ташкил медиҳад.

Бояд қайд намуд, ки айни ҳол дар муассисаҳои зерсохтори Раёсат 6 нафар докторони илмҳои тиб ва 96 нафар номзадони илмҳои тиб фаъолият менамоянд.

Дар раванди иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе  №262 аз 23 майи соли 2012 “Дар бораи дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ-маънавии кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе” бо фармоиши Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе №27 аз 11 феврали соли 2020 “Оид ба ташкил ва баргузории озмунҳои соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе” аз 14 феврал то 20 марти соли 2020 озмунҳои шаҳрии “Беморхонаи сол-2019”, “Муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии сол-2019”, “Табиби сол-2019”, “Табиби оилавии сол-2019” ва “Корманди миёнаи тибби сол-2019” гузаронида шуд.

          Дар доираи татбиқи  барномаи ислоҳоти  соҳаи тандурустии шаҳр ва  стратегияи паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар муассисаҳои тандурустӣ усулҳои нави коргузорӣ ба роҳ монда шудаанд, ки бо роҳҳои камхарҷ ва  дар муддати кӯтоҳ беморонро табобат намоянд.

          Дар муассисаҳои бистаринамоӣ бо тарзи эндовидеоҷарроҳӣ (каминвазивӣ) дар соли равон  14743 нафар (16284 нафар дар соли 2019), ҷарроҳиҳои эндоурологӣ 354 нафар (731 нафар дар соли 2019) беморон ҷарроҳӣ шудаанд, ки ин ба кам намудани муҳлати бистарии беморон мусоидат намуд. Дар соли равон 7343 мадҳушкунии регионарӣ дар муассисаҳои бистаринамоӣ (соли 2019-6536 нафар) гузаронида шудааст, аз он ҷумла: дар Маркази  шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ – 406 (соли 2019-345), Маркази шаҳрии колопроктологӣ 557 (соли 2019-595), Маркази тиббии  шахрии №2 – 670 (соли 2019-822), Маркази тиббии шаҳрии №3 – 970 (соли 2019-945), Таваллудхонаи шаҳрии №1- 797 (соли 2019-858), Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” – 2146 (соли 2019-1425), Маркази тиббии шаҳрии  №1 ба номи Ахмедов Карим – 854 (соли 2019-1534) адад. 

         Соли 2019 дар МД Маҷмааи тандурустии Истиқлол ҳамагӣ 658 (соли 2019-723 амалиёт) амалиётҳои рентген-эндоваскулярӣ гузаронида шудааст.

Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе бо мақсади наздик намудани ёрии аввалияи тиббӣ ба аҳолӣ дар доираи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, ташкил намудани хизматрасонии тиби оилавиро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ ҳисобида, дар ин самт бисёр корҳо амалӣ гардида истодааст.  Ҳоло дар шаҳри Душанбе 10 амбулаторияҳо, 90 шуъбаҳо, 545 нафар табибони оилавӣ  ва 1370 нафар ҳамшираҳои тибби оилавӣ  фаъолият дошта, ба аҳолии пойтахт пурра хизмати тибби оилавӣ мерасонанд.

  Яке аз нишондодҳои асосии солимии ҷомеа ин сатҳи сиҳатии модару кӯдак мебошад. Аз ин сабаб  масъалаи сиҳатии кӯдакон зери назорати  доимии Раёсати тандурустӣ қарор дошта дар ин самт нақшаи чорабиниҳо барои паст намудани фавти кӯдакони синни то 5 сола аз 2/3 ҳисса таҳия гардидааст.  Хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон дар  соли 2020.

Дар соли 2020 боз 30424 нафар занон бо маводҳои контрасептивӣ таъмин шудаанд. Аз 109088 нафар истифодабарандагони маводҳои контрасептивӣ 90435 (82,9%) ба гуруҳҳои мақсаднок мансубанд.

Дар муассисаҳои пешгирию табобатии зерсохтор 16 нуқтаҳои обнушонии даҳонӣ-НОД (ПОР) фаъолият доранд. Дар соли 2019 дар нуқтаҳои обнушонии даҳонии (ПОР) ин муассисаҳо 7650 (2019-12386)

нафар кӯдакони синни то 5 солаи гирифтори бемориҳои дарунрав табобат гирифтанд. Ҳамаи кӯдакони гирифтори бемориҳои дарунрав аз рӯи нақшаҳои дар Дурнамои ҳамбастагии бемориҳои кӯдакон тавсияшуда, табобат гирифтанд.

Бо нақшаиА: 4829 – 63,1% (6066-48,9%).

Бо нақшаи Б: 2766-36,1 (6245-50,4%). Аз онҳо дар Беморхонаҳо- 638 – 23,0 % (2420-38,7%), дар нуқтаҳои обнушонии даҳонӣ (НОД)-2128 (77,0 %), ( 3825-61,2%).

Бо нақшаи В: 55-0,8% (75- 1,6 %) баъди нуқтаҳои обнӯшонӣ дар беморхонаҳо бистарӣ шудаанд.

Дар  соли ҷорӣ нишондоди бемориҳои шадиди меъдаю руда тамоюл ба пастшавӣ дорад (2019- 7650,2019-12386=-4736).

Тибқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон №406 аз 28 майи соли 2020 аз 1-уми июл  то  10 июли соли равон дар байни кӯдакони аз 6 то 59 моҳа дар тамоми муасисаҳои табобатию профилактикии шаҳр даври навбатии тақсимоти ғилофакҳои витамини А бо мақсади пешгирии норасоии  ин витамин гузаронида шуд. Тақсимоти витамини А дар муасиссаҳои пешгирию шифоии зерсохтор гузаронида шуда, ҷамъи ҳаррӯзаи маълумот дар бораи сатҳи тақсимоти витамини А ва ҷамъбасти ин маърака ба воситаи  Маркази шаҳрии ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона ташкил шуда буд, ки иҷрои он 101.290 нафар 99,3%, соли 2019- 98520 нафар (99,3%)-ро ташкил дод, давраи навбатии тақсимоти ғилофакҳои Вит “А” бо фармоиши вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон №946 аз 26 ноябри соли 2020 аз 1-ум то 10 –уми декабри соли равон дар байни кӯдакони аз 6 то 59 моҳа дар тамоми муасисаҳои табобатию профилактикии шаҳри Душанбе гузаронида шуд  ва ҷамбасти ин маърака ба воситаи Маркази шаҳрии ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона ташкил шуда буд, ки иҷрои он 103451нафар 96,8 %, соли 2019- 98928 нафар (99,5%)-ро ташкил дод.

         Бояд қайд кард, ки дар аввали соли 2019- 2738 нафар кӯдакони маъюб ба қайд гирифта шудаанд. То 01.01.2020-ум 32 нафар солим гардонида шудаанд,  150 нафар ба синни 18 расида, ба ХДТТИ фиристонида шуданд, 35 нафар фавтиданд, 104 нафар ба дигар минтақаҳо кучиданд, 63 нафар аз дигар минтақаҳо кучида омаданд ва ба 308 нафар кӯдакон бори аввал  маъюбӣ дода шудаанд, ки ин шумора ба 2765 нафар расид.   

          Дар Шифохонаи парастории ҳамшираҳои шафқат, кӯдакони маъюби аз 3 сола то 18 сола-128 нафар, дар Машваратгоҳи руҳшиносӣ-тиббӣ- педагогии шаҳри Душанбе-1427 нафар кӯдакон бо табобат фаро гирифта шуданд, ки аз онҳо 1221 нафар бо роҳхати Марказҳои саломатии шаҳрӣ бистарӣ карда шудаанд. Бояд  кайд кард, ки   дар назди Хонаи кудакони №2 Маркази дастгирии оила “Умед”  фаъолият менамояд, ки дар давраи хисоботӣ ба 134 нафар кудакони маъюб дар 1 ҳафта 2 маротиба корҳои инфиродӣ ва бо 41 нафар модарони кудакони маъюб дошта омӯзиш барои нигоҳубини  кудаки маъюб дар  шароити хона  гузаронида шудааст.

Ҳамаи  муассисаҳои тиббӣ, ки бо барномаи эмкунӣ  сару кор доранд, мунтазам бо ваксинаҳои баландсифат, сӯзандоруҳо, қуттиҳои бехатар, ҳуҷҷатҳои  ҳисобот (журналҳои қайди эмкунӣ, шаклҳои 2Б (ҳисобот оиди эмкунӣ), шаклҳои 63 таъмин шуда истодаанд.

Дар 12 моҳи соли 2020 ягон ҳодисаи бемории гулӯзиндонак ба қайд гирифта нашудааст. Дар ин муддат 16 ҳодисаи  шадиди фалаҷи суст (ОВП) ба қайд гирифта шудааст.

Дар  соли ҷорӣ 19757 кӯдак таҳти назорат гирифта шудаанд, аз онҳо 18993  (96,2 %) кӯдак дар таваллудхонаҳо таваллуд шудаанд, дар хона 126 (0,6%), ва 639 (3,2 %) кудак аз дигар ноҳияҳо ба назорат гирифта шудаанд. Сатҳи фарогири иммунизатсия зидди бемории сил 100 %-ро ташкил мекунад, ки 19757 кӯдак фаро гирифта  шудаанд, аз  онҳо 18993  кӯдак (96,2 %) дар таваллудхонаҳо ва 764 кӯдак (3,8) дар МСШ-ҳо иммунизатсия шудаанд. 

Сатҳи фарогирии иммунизатсия бар зидди бемории фалаҷ бо вояи – 0 - 100 % -ро ташкил  мекунад, ки 19757 кӯдак ваксинасия шудаанд, аз онҳо 18993 (96,2 %) кӯдак ваксинаро дар таваллудхонаҳо гирифтаанд ва 764 кӯдак (3,8%) кӯдак дар Марказҳои саломатии шаҳрӣ.

Аз гуруҳи мақсадноки иммунизатсия, ки 20557 кӯдакро ташкил медиҳад, сатҳи фарогирии иммунизатсия бо вояи аввал бар зидди бемории фалаҷ 99%- ро ташкил мекунад, ки 20347 кудак ваксинасия шудаанд. Вояи 2-уми иммунизатсия бар зидди бемории фалаҷ 97,4% ташкил мекунад, ки 20013 кудак ваксинатсия шудаанд. Вояи сеюми  иммунизатсия бар зидди бемории фалаҷ 96,1%-ро ташкил медихад, ки 19756 кӯдак ваксинатсия шудаанд. Сатҳи фарогирии иммунизатсия бо вояи авали пентавалентӣ 98,8%- ро ташкил мекунад, ки 20317 кӯдак иммунизатсия шудаанд. Вояи 2-юми пентавалентӣ- 96,9%-ро ташкил мекунад, ки 19922 кӯдак ваксинатсия шудаанд. Вояи сеюми пентавалентӣ 96%-ро ташкил медиҳад, ки 19730 кӯдак ваксинатсия шудаанд. Нишондиҳандаи нотамоми иммунизатсия дар шаҳр ба 2,8% баробар аст. (дар меъёр ин нишондиҳанда то 5% мебошад). Сатҳи фарогирии иммунизатсия бо вояи аввали ротавирусӣ 98,7%- ро ташкил мекунад, ки 20292 кӯдак ваксинатсия шудаанд. Вояи 2-юми ваксинатсияи ротавирусӣ- 96,5%-ро ташкил мекунад, ки 19842 кӯдак  иммунизатсия шудаанд. Сатҳи фарогирии иммунизатсия бо вояи ИПВ- 96,1%- ро ташкил мекунад, ки 19752 кӯдак ваксинатсия шудаанд. Сатҳи фарогирии иммунизатсия бо вояи сурхча-1 -98,6%-ро ташкил мекунад, ки 19670 кӯдак ваксинатсия шудаанд. Сатҳи  фарогирии иммунизатсия бо вояи такрории фалаҷ 96,7%-ро ташкил мекунад, ки 19284 кӯдак ваксинатсия шудаанд.

Сатҳи фарогирии иммунизатсияи такрории АКДС-4- 95,6%-ро ташкил мекунад, ки 17980 кӯдак ваксинатсия шудаанд. Сатҳи фарогирии  иммунизатсия бо вояи такрории АДС- анатоксин ва сурхча-гулафшон барои кӯдакони синни 6-сола 97,6%  ва сурхча гулафшон барои кдакони сини 6 сола 97,6%-ро ташкил мекунад, ки 19537 кӯдак ваксинатсия шудаанд.

        Дар ҳама Марказҳои саломатии шаҳрӣ ва шӯъбаҳои ҷарроҳии беморхонаҳо аз ҳисоби ҳуҷраҳои захмбандии тоза ҳуҷра барои гузарони- дани амалиёти хатна ташкил карда шудаанд ва аз аз рӯи рӯйхати таҷҳизотҳои ҳуҷраи хатна (замимаи 1,2) тибқи талаботи Фармоиши ВТ ва ҲИАҶТтаҳти №599 аз 02.07.2018 сол муҷаҳҳаз гардонида шудаанд, бо миқдори кофии доруҳои бедардкунанда ва асбоби корди барқӣ барои гузаронидани хатна таъмин карда шудаанд. Инчунин бо мақсади фароҳам сохтани фазои мусоиди руҳию равонӣ барои кӯдакон долони ҳуҷраҳо бо телевизор,  бозичаҳо ва расмҳои гуногуни кӯдакона оро дода шудаанд.

         Оид ба гузаронидани амалиёти хатна дар 12 моҳи соли 2020 дар шаҳри Душанбе, хамагӣ 12801  (2019-9672) амалиёти хатна гузаронида шуда, аз тарафи мутахассисони Марказҳои саломатии шаҳрӣ- 11553-90,2 % ( 2019-8041 -83,1% ) ва дар беморхонаҳо-1248-9,8 % (1631- 16,9 % ) амалиёти хатна дар байни кӯдакон (0-20 рӯза-3305, аз 20 рӯза то 6 моҳа-4306, аз 6 моҳа то 3 сола-2888 ва аз 3 сола боло-2302 гузаронида шудааст.

              Бо мақсади татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 374 аз 23 августи соли 2016 “Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда” шахсони никоҳшаванда дар муассисаҳои давлатии соҳаи тандурустии маҳалаи зисти доимӣ (Марказҳои саломатии шаҳрӣ)  бо мақсади бастани ақди никоҳ  аз муоинаҳои умумиклиникӣ, усулҳои  озмоишгоҳӣ ва функсионалии тадқиқотӣ ба таври ройгон гузаронида мешаванд. Муоинаи умумиклиникӣ аз тарафи табиби оилавӣ ва ҳангоми зарурат  аз тарафи  мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад.

        Дар 12 моҳи соли 2020 ҳамагӣ 6398 нафар никоҳшавандагон аз муоинаи тиббии ҳатмӣ дар Марказҳои  саломатии  шаҳрӣ гузаштаанд, ки аз онҳо 3362 нафар ҷавонписарон ва 3036  нафар духтарон мебошанд.

         Аз шумораи муоинашудагон 221 (3,4%) нафар бо бемориҳо дарёфт шудаанд.

        Табибони оилавӣ ва мутахассисони соҳаи  маҳдуд беморони дарёфт гардидаро  таҳти назорати диспансерӣ қарор дода, солим гардонида  истодаанд. Инчунин дар Марказҳои саломатӣ ба шахсони никоҳшаванда аз тарафи табибон оид ба тарзи ҳаёти солим, танзими оила, таъсири бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда ва  оид ба натиҷаи муоинаҳо  машваратҳо гузаронида мешаванд.

Бо мақсади таъмини бехатарии эпидемиологӣ ва пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ дар байни аҳолии пойтахт корҳои зерин ба итмом расонида шуданд:

            Аз ҷониби мутахассисони МНДСЭ-и шаҳр ва ноҳияҳои он, дар самти таъмини бехатарии маҳсулоти истеъмолӣ, риояи талаботҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ дар иншоотҳои зериназоратӣ корҳои муайянеро ба итмом расонда истодаанд. Бо мақсади риояи талаботҳо, қоида ва меъёрҳои санитарию гигиенӣ дар давраи сипаригашта, дар 2446  иншоотҳои зери назоратӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ, санҷишҳо гузаронида шуд.

          Дар рафти гузаронидани санҷишҳои санитарии навбатӣ дар муассисаҳои хуроки умум, нуқтаҳои савдо, корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои томактабӣ ва мактабӣ, муасссисаҳои табобатию профилактикии шаҳри Душанбе, вобаста ба ҳолатҳои қонуншиканиҳои ошкоркардашуда, дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ, нисбати 1332 нафар соҳибкорони инфиродӣ, шахсони ҳуқуқӣ, ва шахсони мутассадӣ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст, ки маблағи он 335408 сомониро ташкил медиҳад.

          Аз аввали соли ҷорӣ то инҷониб аз тарафи мутахассисони МНДСЭ-и шаҳр ва ноҳияҳо 3944 кг маҳсулотҳои хуроквории ба талаботҳо ҷавобгӯ набуда, пастсифат, муҳлаташон гузашта, аз  марказҳои савдо, бозорҳо ва нуқтаҳои савдо  аз муомилот гирифта шуданд, ки маблағи умумиашон 95325 сомониро ташкил дод. Ҳамзамон, баҳри ҳимояи бозори ватанӣ аз маҳсулотҳои гӯштии пастсифат аз ҷониби мутахассисони марказ дар муассисаҳои савдо ва ҳӯроки умум корҳои назоратӣ  гузаронида шуда  истодаанд.

    Маврид ба зикр аст, ки дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ШВКД-и ноҳияҳо ва мақомоти прокуратураи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он 83 рейдҳои муштарак гузаронида шуда, аз ҷониби мутахассисони марказ 4 мавод ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ барои андешидани чораҳои зарурӣ ва мусоидат дар ҳалли масъалаҳои пешомада, ирсол гардидааст.

   Бояд қайд кард, роҷеъ ба иҷрои супоришҳои Протоколии ҷаласаи машварати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва протоколи назоратии назди Раиси шаҳри Душанбе оид ба риояи ҳолати санитарӣ, муомилоти маҳсулоти хурокаи пастсифат ва сифати хурокаро, дар нуқтаҳои савдо мавриди санҷиш қарор дода, аз оғози соли ҷорӣ то инҷониб ба озмоишгоҳҳои МНДСЭ-и шаҳри Душанбе ба миқдори 5258  озмоишҳои  санитарӣ-бактериологӣ гузаронида шудааст

         Дар соли ҷорӣ аз миқдори умумии озмоишҳои санитарию бактериологӣ 3189 намунаашро озмоиши бактериологии об аз нуқтаҳои обтаъминкунии мутамарказонидашудаи шаҳр ташкил мекунад.      

Дар давоми соли ҷорӣ дар озмоишгоҳ 1683 намунаи озмоиши обшуста барои муайян намудани микроорганизмҳо гирифта шуд. Аз он ҷумла гигиенаи комуналӣ 26 намуна, аз шуъбаҳои соматики- 422 намуна, аз шуъбаҳои ҷарроҳӣ- 234 намуна, аз таваллудхонаҳо 313 намуна, аз муассисаҳои хурокворӣ 398 намуна гирифта шуда барои гузаронидани ташхис ба озмоишгоҳ пешниҳод карда шудааст. Обшустҳо асосан аз муассисаҳои табобатию-профилактикӣ, шуъбаҳои ҷарроҳӣ, таваллудхонаҳо ва аз муассисаҳои хуроки умум гирифта шудаанд.

          Миқдори обшустҳо аз муассисаҳои мактабӣ ва томактабӣ бошад 290 намунаро, ташкил медиҳад. Бактерияҳои бемориовар аз қабили салмонеллаҳо ва шигеллаҳо дарёфт нагардидааст.

             Дар давоми соли 2020 дар озмоишгоҳ дар маҷму ба миқдори 417 адад маҳсулотҳои гуногуни истеъмолӣ  барои ташхис ворид карда шудаанд, ки аз ин миқдор 55 намунаи маводи хурока, 145 нушокиҳои ғайри спиртӣ,  45  намунаи маводи кондитерӣ ва 16 намунаи    консерваҳо санҷида шудааст. Дар баробари  ин 30 намунаҳои маводҳои ширӣ, маҳсулотҳои гӯштӣ- 73 намуна,  маҳсулотҳои нонӣ- 8 намуна, хуриш 42 намуна, моҳӣ- 3 намуна барои гузаронидани озмоиши санитарию бактериологӣ пешниҳод карда шуданд.

      Озмоиши санитарӣ бактериологии оби мутамарказонидашуда дар асоси  қоида ва меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ «ҚМС 2.1.4.004-07» гузаронида шуда, ба таври доимӣ аз 18 нуқтаи оби нушоки дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҳамаруза ташхис гузаронида мешавад. Дар баъзе мавридҳо  аз руи нишондодҳои эпидемиявӣ озмоиши обро барои бактерияҳои барангезандаи бемориҳои сироятии руда аз қабили салмонела ва шигелаҳо мегузаронанд, ки дар ин мудат ягон натиҷаи «Мусбӣ» дарёфт нагардидааст.

    Омӯзиши вазъи эпидемиологии бемориҳои сироятӣ дар шаҳри Душанбе  дар давраи сипаригаштаи  соли 2020 нишон медиҳад, ки бемориҳои сироятӣ ба монанди вабо, тоун, ҳори, табби хунин, сухтани, лептоспироз, вараҷа, домана, паратифҳо, гулӯзиндонак, гулафшон, фалаҷ, илтиҳоби майнаи(мененгит) ва қузоз ба қайд гирифта нашудаанд.

     Инчунин қайд кардан бо маврид аст, ки вазъи эпидемиологии бемориҳои сироятӣ  дар қаламрави пойтахт нишон медиҳад, ки бақайдгирии беморшавӣ характери  эпидемиявӣ надошта дар муқоиса  бо нишондоди ҳамин давраи сипаригашта  дар умум  муътадил   мебошад.

       Маврид ба зикр аст, ки аз ҷониби МНДСЭ-и шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ дар байни аҳолии пойтахт корҳои муайянеро ба итмом расонида истодаанд.

     Бо мақсади пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ҳар як ҳодисаи бемориҳои сироятии бақайдгирифта, аз ҷониби муассисаҳои табобатию пешгирӣ ба Стансияи дезинфексионии шаҳри Душанбе хабар дода, дар навбати худ онҳо барои ҳар як ҳодисаи бақайдгирифташуда, рақами эпидемикӣ мегузоранд.

  Баъд аз қабули хабарномаҳои фаврӣ аз ҷониби мутахассисони МНДСЭ-и шаҳр ва ноҳияҳо дар манбаҳои сироятӣ бо мақсади сари вақт бистарӣ намудан ва муайян намудани шумораи алоқамандони беморони сироятӣ санҷишҳои эпидемиологӣ гузаронида мешаванд. Дар раванди санҷишҳои эпидемиологӣ мавқеъ ва манбаҳои сироятӣ, шумораи сироятшудагон, нафарони дар тамос буда, роҳҳо ва омилҳои пайдокунандаи бемориҳои сироятӣ, низ муайян карда мешаванд.

   Инчунин ҳар ҳафта дар ситоди назди   Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе  дар якҷоягӣ бо диреторони МНДСЭ-и ноҳияҳо  масъалаи мазкур мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода шуда, дастуру супоришҳо ҷиҳати сари вақт дарёфт ва бистарӣ  намудани беморон, назорати шахсони дар тамос буда, безараргардонии саривақтии манбаҳои беморӣ, гузаронидани чораҳои зиддиэпидемикиву профилактикӣ дастуру супоришҳо дода мешавад.

  Бо сабаби сари вақт дарёфти беморӣ, бистаригардонӣ ва гузаронидани  чорабиниҳои  профилактикӣ  дар манбаҳои    бемори ҳодисаҳои такрори ба қайд гирифта нашудааст.

       Вобаста ба болоравии вазъи эпидемиологии бемориҳои боваксина идорашаванда, аз ҷумла бемориҳои сироятии сурхча ва гулафшон дар шаҳри Душанбе  барои пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятии сурхча ва гулафшон,  аз тарафи мутахассисони шуъбаи эпидемиологии МНДСЭ-и     шаҳр ва ноҳияҳои он  дар муассисаҳои табобатию пешгирикунандаи зерсохтори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе  аз ҷумла  дар МД Марказҳои саломатии шаҳрии №1,2,3,4,6,7,9,10,11,12,13,14,15 ва МД МҶКТО, аз санаи  21.01 то 10. 02. 2020 сол, мониторинг гузаронида шуда  оид ба камбудиҳои ҷойдошта баҳри пурзӯр намудани чораҳои иловагӣ бар зидди бемориҳои сироятӣ бо воситаи ваксина идорашаванда, назорати иммунизатсияи кӯдакони гурӯҳи мақсаднок ва истифодаи самараноки маводҳои иммунизатсиони  кумакҳои амалию  методи гузаронида тавсияҳо дода  шудааст.

    Дар баробари ин тибқи фармоиши директори марказ аз санаи 18.02.2020 таҳти №03 “Гузаронидани мониторинг дар муассисаҳои табобатию профилактикӣ ва ҳуҷраҳои стоматологии ҳудуди шаҳри Душанбе оиди фарогирии муоинаи даврави тибби аз ҷумла гепатитҳои вирусии намуди В,С ва ВНМО  ва истифодабарии тестҳои оҷили барои муайян намудани гепатитҳои вируси намуди В,С ва ВНМО  дар муассисаҳо ” дар якҷоягӣ бо мутахассисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар  муассисаҳои табобатию прфилактикии ҳудуди шаҳри Душанбе мониторинг гузаронида шуда баҳри пурзур намудан чорабиниҳои пешгирикунанда  дар муассисаҳои табобатию профилактики барои гузаронидани тестҳои оҷили пешниҳодҳои санитарию эпидемиологи дода шуд.

      Аз тарафи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе амрномаи санитарӣ ба унвонии роҳбарони муассисаҳои табобатию профилактикии шаҳри Душанбе таҳти № 64 аз 24.01.2020 “Барои таъмини ҳолати омодабошии хамаҷонибаи муассисаҳои табобатию пешгирӣ аз ҷониби кормандони тиббӣ ҷиҳати  сари вақт муайян намудани ҳодисаҳои гумонбарӣ ба бемориҳои сироятии Коронавирус дар мавриди бақайдгирии ин шаклҳои беморӣ   ирсол гардидааст. 

        Дар баробари ин, бо қарори Сардухтури санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе аз 03.02.2020 таҳти № 02 ба ҳамаи муассисаҳои табобатию профилактикии зерсохтори Раёсати тандурустӣ, инчунин, МНДСЭ-и ноҳияҳои шаҳр “Оид ба гузаронидани чорабиниҳои иловагии санитарию зиддиэпидемикӣ (профилактикӣ) ҷиҳати пешгирии воридшавӣ ва паҳншавии сирояти коронавируси навъи COVID-19 дастури мушаххас дода шуда, нусхаи он ба муассисаҳо дастрас  карда шуд.

          Инчунин, роҳбарони муассисаҳои табобатию профилактикии дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доштаро вазифадор намудаанд, ки нисбати ҳодисаҳои бемориҳое, ки бо баландшавии ҳарорати бадан, дарди  сар, сулфа, табларза, нафастангӣ ва варами гулӯ ба қайд гирифта мешаванд, маълумоти дақиқи эпидемиологӣ ҷамъоварӣ карда, ба Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд.

          Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2004 №87 “Дар бораи таъсиси Комиссияи ҷумҳуриявии фавқулодаи зиддиэпидемиявии”, ҷиҳати андешидани тадбирҳои амалӣ дар самти таъмини бехатирии санитарию эпидемиологии аҳолӣ, пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ бо қарори раиси шаҳри Душанбе таҳти рақами №176 аз санаи 16.03.2020 сол комиссияи фавқулодаи зиддиэпидемиявии дар шаҳри Душанбе таъсис дода шуд.

                 Дар рафти гузаронидани санҷишҳои санитарии навбатӣ дар муассисаҳои хуроки умум, нуқтаҳои савдо, корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои томактабӣ ва мактабӣ, муасссисаҳои табобатию профилактикии шаҳри Душанбе, вобаста ба ҳолатҳои қонуншиканиҳои ошкоркардашуда, дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ, нисбати 1332 нафар соҳибкорони инфиродӣ, шахсони ҳуқуқӣ, ва шахсони мутассадӣ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст, ки маблағи он 335408 сомониро ташкил медиҳад.

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе,бо мақсади пурзур намуданва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус COVID-19 дар давоми соли сипаригашта чунин иттилло медиҳад.

Озмоишгоҳи вирусологии МНДСЭ-и шаҳри Душанбе аз моҳи майи 2020 сол, фаъолияти худро барои,ташхисгузори бо усулҳои занҷираи полимерази (ПЦР) ва тестҳои оҷили барои муайян намудани бемории коронавирус COVID-19 мавриди таҳлил ва ташхисгузори ба роҳ монд.

Бояд қайд кард, ки баҳри пурзур намудан аз пешгири  ва бақайдгирии бемории гумонбар ба илтиҳоби шуш-коронавирус, чорабиниҳои пешгирикунанда ва сари вақт дарёфт намудани беморӣ  дар манбаъҳои бемориҳои дар байни аҳолӣ   оид ба пешгирӣ  намудан  ва танзими вазъи санитарию эпидемиологӣ аз бемории коронавирус аз ҷониби кормандони Марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр ва ноҳияҳои он  корҳои фаҳмондадиҳиро  амали шуда истодааст.

Бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва таъмини назорати давлатии санитарию эпидемиологии аҳолӣ, вобаста ба номусоид гардидани вазъи эпидемиологии сирояти Короновирус, бо мақсади эмину солим нигоҳ доштани сокинон ва пешгирӣ аз сироятшавии коронавирус корҳои санитарию дезинфексиониро дар шаҳраку маҳаллаҳо, бозорҳо, марказҳои савдову хизматрасониҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ҳамзамон бо мақсади пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва амалӣ намудани талаботҳои қоида ва меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ дар иншоотҳои зериназоратӣ аз ҷониби маркази ҷумҳуриявии дезинфексияи профилактикӣ (МҶДП), муассисаи стансияи шаҳрии дезинфексияи профилактикии худмаблағгузор (МС ШДПХ), КВД “Дезинфексия”, муассисаи давлатии стансияи шаҳрии дезинфексия (МД СШД),  ҶДММ “Фавз”дар вазорату ташкилотҳо, корхонаю муассисаҳо, муассисаҳои хуроки умум, муассисаҳои савдо, бозорҳо, корхонаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ва ширкатҳои хусусӣ, истгоҳҳо, роҳравҳо ва кучаҳои шаҳр зери гузаронидани чорабиниҳои безараргардонӣ қарор дода шуданд. Дар давраи сипаригашта, аз ҷониби кормандони маркази ҷумҳуриявии дезинфексияи профилактикӣ (МҶДП) дар маҷмуъ, дар 2352 иншооти гуногуни ҳудуди шаҳр дар масоҳати 1460765 м.2чорабиниҳои безараргардонӣ гузаронида шудааст.

          Ҳамзамон аз тарафи Корхонаи воҳидии давлатии “Дезинфексия” дар маҷмуъ, дар 8978 иншооти гуногуни ҳудуди шаҳр дар масоҳати 472840 м.2 ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ чорабиниҳои безараргардонӣ гузаронида шуданд.  Дар ин раванд, аз ҷониби кормандони ин соҳа дар манбаҳои сироятӣ низ чорабиниҳои хотимавии безараргардонӣ амалӣ шуда истодаанд.

          Илова бар ин, аз ҷониби муассисаи стансияи шаҳрии дезинфексияи профилактикии худмаблағгузор (МС ШДПХ), дар давраи сипаригашта дар 1193, иншоотҳои гуногуни ҳудуди шаҳр, дар маҷмуъ 12880743 м.2 чорабиниҳои безараргардонӣ гузаронида шуда, ҳамзамон дар манбаҳои сироятӣ низ чорабиниҳои безараргардонӣ амалӣ шуда истодаанд.

         Маврид ба зикр аст, ки дар давраи сипаригашта, аз ҷониби кормандони ҶДММ “Фавз” дар маҷмуъ, дар 1060 иншоотҳои гуногуни ҳудуди шаҳр дар масоҳати 3457298 м.2 чорабиниҳои безараргардонӣ гузаронида шудааст.

          Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии стансияи шаҳрии Дезинфексионӣ дар 203 иншоотҳо дар масоҳати 565303 м.2 чорабиниҳои безараргардонӣ ба пуррагӣ гузаронида шуданд.

           Бо мақсади ворид намудани маҳлулҳои безараргардонӣ барои пешгирии бемориҳои сироятӣ аз ҷониби КВД “Обу корези Душанбе” маводи безараргардонии “гипохлоридий натрий” ба ташкилоту муассисаҳо, вазорату корхонаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе бо мақсади сари вақт гузаронидани чорабиниҳои безараргардонӣ ба миқдори 2930 тонна пешниҳод карда шудааст.  

      Ҳангоми санҷишҳо дар соли 2020 аз тарафи мутахассисони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз муассисаҳои фармасевтии шаҳри Душанбе 115 номгуй маводҳои дорувории мӯҳлати истифодабариашон гузашта ба миқдори 521 адад, 21 номгуй маводҳои дорувории бе сертификати мутобиқат ба миқдори 71 адад ва 3 номгуй маводи дорувории ба талаботҳои ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ ҷавобгуй набуда ба миқдори 14766 тибқи санад аз муомилот гирифта шуданд.

     Инчунин мувофиқи мактубҳои КВД «Экпертизаи озмоишӣ маҳсулоти фармасевтӣ ва молҳои тиббӣ»-и Хадамот бо сабаби ҷавобгуй набудан ба ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ (ҲМТ) дар вақти воридот 11 номгуй маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба миқдори 134 130 адад тибқи санад  гирифта шуданд.

                Дар соли 2020 аз муассисаҳои табобатию профилактикии шаҳри Душанбе 60 номгуй маводҳои дорувории мӯҳлати истифодабариашон гузашта ба миқдори 422 адад, 15 номгуй маводҳои дорувории бе сертификати мутобиқат ба миқдори 69 адад аз муомилот гирифта шуданд. Қайд кардан лозим аст, ки маводҳои дорувории аз муомилот гирифта шуда аз муассисаҳои табобатии ҷумҳуриявӣ ва хусусии дар шаҳри Душанбе буда дарёфт ва гирифта шуданд.

            Бемориҳои ғадудҳои дохилӣ новобаста аз камшавӣ эътибори ҷиддиро талаб менамояд. Дар 12-моҳи соли 2020 аз тарафи мутахассисони Маркази шаҳрии бемориҳои эндокринологӣ аз муоинаи тиббӣ дар муаассисаҳои то мактабӣ, мактабҳои таълимоти ҳамагонӣ, мактаб интернатҳо ва мактабҳои олӣ гузаронида шуд.

      Дар Марказ ҳуҷраи «Пешгирии диабети пой» аз соли 2007-ум фаъолият дорад. Бо попанҷаи диабетӣ бори аввал дарёфтгардида дар 12 моҳи соли 2019 – 16 ва 12 моҳи соли 2020 – 6 нафар дарёфт гардид. Шумораҳои дар боло зикр гардида аз он шаҳодат медиҳад, ки фаъолияти кории МШБҒД ва  МСШ дар самти пешгирии оризаҳои беморӣ беҳтар ба роҳ монда шудааст. Бемороне, ки бо попанҷаи диабетӣ дарёфт карда мешаванд, барои табобат ба шуъбаҳои ҷарроҳии МД МТШ №1 ба номи Ахмедов Карим ва МД МТШ№3 равона карда мешаванд.

Барои баланд бардоштани маълумотнокии беморон ва шаҳрвандон кормандони Марказҳои саломатии шаҳрӣ дар мактабҳои диабет мунтазам корҳои ташвиқотӣ-машваратӣ мегузаронанд. Омӯзонидани беморони диабети қанд дар «Мактаби диабет» дар ш.Душанбе, ки дар якҷоягӣ бо кафедраи эндокринологияи  ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соли 2007 ташкил ва ба роҳ монда шудааст. Дар соли чори 2932 нафар омузонида шудаанд.

Машғулиятҳое, ки барои беморон дар «Мактаби диабет» гузаронида мешаванд, асосан  мавзуъҳои риоя намудани парҳезӣ, дуруст истифода бурдани доруҳои қандпасткунанда, пешгирии оризаҳои диабети қанд, махсусан попанҷаи диабетӣ, машғул шудан ба варзишро ташкил мекунанд.   Бо дастгирии ширкатҳои  «Санофи авентус», «Никомед»  буклетҳо оиди «Пешгирии попанҷаи диабетӣ», «Тарзи истеъмоли хӯрок» ва «Худназораткунии қанди хун» бароварда шудааст ва ба беморон мунтазам тақсим карда мешавад.  Семинарҳо ва машваратҳо дар байни духтурон ва ҳамшираҳои шавқат мунтазам баргузор мегарданд. Дар 12 моҳи соли соли 2020 - 16 семинар, 94 маротиба лексияҳо ва тавассути воситаҳои ахбори омма (телевизион ва радио) 17 баромадҳо  ва 3 макола доир   намуданд. 

    Дар 12 моҳи соли 2020-ум 58 нафар (135 нафар  12 мохи соли 2019) беморони тавассути алоқаи ҷинсӣ паҳншаванда дар шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин миқдор 19 нафарашон беморони гирифтори бемории сӯзок, оташак 39 нафар муайян гардидаанд.

Дар соли ҷорӣ аз тарафи стансияи ёрии таъҷилии тиббии МД Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ ба 45980 (соли 2019-43850) нафар ва аз ҷониби Маркази ёрии таъҷилии тиббии МД Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» бошад, дар ин муддат ба 55424 (соли 2019-55006)  нафар даъвати беморон хизмати тиббӣ расонида шуд. Аз ин миқдор 5704

Хизматрасонии тиббию санитарӣ ба наврасон ва солимгардонии онҳо яке аз вазифаҳои афзалиятноки фаъолияти Раёсати тандурустӣ ва муассисаҳои зерсохтори он мебошад.  Шумораи умумии наврасони шаҳри Душанбе 40282 нафар буда 21979 нафарашонро ҷавонписарон ташкил медиҳанд. Аз муоинаи тиббӣ  39792 нафар (99,0%) наврасон гузаронида шуданд (ҷавонписарон 21751 нафар - 99,0%). Аз шумораи умумии наврасон 2666 нафар дар қайди диспансерӣ буданд, ки аз онҳо 1360 нафарро ҷавонписарон  ташкил медиҳанд. Аз нав ба қайди диспансерӣ 4684 нафар гирифта шудаанд, ки аз онҳо ҷавонписарон 2424 нафарро ташкил менамоянд. Солимгардонии наврасони дар қайдидиспансерӣбуда (2456 нафар) ба 92,1% ва ҷавонписарон ба 1275 нафар 93,7% баробар гаштааст. Баҳри солимгардонии наврсони бемори азнав  бақайдгирифта чораҳои зарурӣ андешида шудаистодааст.

Аз рӯи нақша дар 12 моҳи соли ҷорӣ аз шуъбаҳои тибби оилавии  марказҳои саломатии шаҳрӣ бояд 10120 нафар кӯдакон ба ҳуҷраҳои наврасон гузаронида мешуданд. Аз инҳо ҷавонписарон 5181 нафарро  ташкил медиҳанд. Ба ҳуҷраҳои наврасон гузаронида шуданд:  9884 нафар  (97,6%) (ҷавонписарон - 5054 нафар 97,5%). Аз шумораи умумии наврасон - 1327 нафар (13,4%) беморон дарёфт карда шуданд, ки аз онҳо 1160 - (22,9%) нафарашон ҷавонписарон мебошанд. Сабаби паст гаштани нишондоди гузаронидани муоинаи наврасони 15 сола ин давоми ду моҳбаста шудани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ босабаби пандемияи бемории сироятии COVID-19 мебошад. Дар ин самт корҳо ҷоннок карда мешаванд.

Қайд намудан лозим аст, ки аз Комиссариати ҳарбии муттаҳидаи шаҳри Душанбе 839 даъватшаванда муоина шуда, 831 нафарашон ба хизмати ҳарбӣ сафарбар карда шудаанд, ки ин мувофиқи  нақшаи вогузоршуда 101,7%-ро (нақша – 817 нафар) ташкил медиҳад. Дар давоми фаъолияти комиссияи тиббии даъватии Комиссариати ҳарбии муттаҳидаи шаҳри Душанбе 8 нафар бемор дарёфт карда шуд, ки 5 нафар (62,5%) истиқоматкунандагон ш. Душанбе ва 3 нафари(37,5%) дигар аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мебошанд.

Яке аз вазифаҳои асосии Раёсати тандурустӣ ва муассисаҳои зердасти он ин хизматрасонии тиббӣ ба маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаршуда мебошад.  Дар соли равон 76 нафар шахсони имтиёзнок дар беморхонаҳо табобат гирифтаанд.

Оид ба ғамхорӣ кардан ва сари вақт муоинаи тиббӣ намудани вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиқ аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Айни замон дар ҳудуди шаҳри Душанбе 25 (бисту панҷ) нафар депутатони Шӯрои Олии ҶТ, ки дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд иштирок доштанд, ҳаёт ба сар мебаранд.Муоина ва табобати ин шахсони мӯътабар дар Муассисаи тиббии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад, новобаста аз ин, аз тарафи мутахассисони Марказҳои саломатии шаҳрӣ ба манзили зисти ҳамаи ин шахсони мӯътабар ташриф оварда мешавад ва саломатии онҳо дар зери таваҷҷуҳи доимии Раёсати тандурустии МИҲД-и шаҳри Душанбе қарор дорад.

        Тибқи маълумоти Марказҳои саломатии шаҳрӣ дар қайди диспансерӣ 11195 нафар мъюби аз 18 сола боло буданд ва  баъд аз гузаронидани санҷишҳо 11792  нафар маъюб  дар қайд  мебошанд,  то имрӯз зиёда аз 11235 нафар (95,3%) аз муоинаи тиббии такрорӣ гузаронида шуданд. Айни ҳол, маълум карда шуд, ки 270 нафар маъюбон дар суроғаҳои нишондодашуда зиндагонӣ намекунанд ва 221 нафар маъюбон кӯчидаанд, 533 нафар маъюбон фавтидаанд.

       Раёсати тандурустӣ фаъолияти худро оид ба беҳтар намудани ҳолати санитарию эпидемиологии шаҳр ва тарғиботи тарзи ҳаёти солим дар байни аҳоли пойтахт  бо тарзи фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда дар 12 моҳи 2019 байни аҳолии пойтахт 14957 лексия бо ҷалби 398361 нафар аҳолӣ (дар 12 моҳи соли 2019 – 10271 лексия бо ҷалби  331711нафар аҳоли), 125 726 суҳбатҳо бо ҷалби 811885 нафар аҳолӣ (дар 12 моҳи соли 2019 –  113 907 суҳбат бо ҷалби 575 709 нафар аҳоли), 1923 дарсҳои омӯзишӣ бо ҷалби 47260 нафар аҳолӣ (дар 12 моҳи соли 2019 – 1294 дарси омузишӣ бо ҷалби 44067 нафар аҳоли), овезахо оид ТТҲС  698 (194-2019сол), гушаи солимӣ 61 (62-2019 сол), инчунин дар шабакаҳои радио 127  (12 моҳи соли 2019 - 120), телевизион 580 (12 моҳи соли 2019 – 479) баромадҳо, дар рузнома ва маҷаллаҳои пойтахту ҷумҳуриявӣ – 101 мақола (дар 12 моҳи соли 2019 – 132) гузаронида шуданд. Ҳамчунин дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт, таҳсилотҳои томактабӣ, донишкадаҳо, гимназияҳо ва лицей шаҳри Душанбе, ки 155 муассисаҳоро ташкил медиҳад  4705 вохӯриҳо бо иштироки 101 936  нафар хонандагон, ва донишчуён гузаронида шуд. Дар давоми 12 моҳи  соли 2020 аз хазинаи марказ ҳамагӣ –   110 435  адад маводҳои иттилоҳоти  оид ба мавзуҳои гуногуни тиббӣ чоп шуда дастраси аҳолӣ гардид.

    Ҳамзамон  соли равон 277 адад ( соли 2019 – 257) сипосномаҳо унвонии кормандони муассисаҳои пешгирию шифоии зерсохтори Раёсати тандурустӣ ворид гардидаанд, ки нисбати соли гузашта 27 адад зиёд мебошад.      

           Дар  соли равон 12 ҷаласаи ҳайати мушовараи Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гузаронида шуд, ки дар онҳо 22 масъалаҳо дида баромада шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.    

Бояд зикр намуд, ки аз ҷониби роҳбарияти муассисаҳои зерсохтор аёдати табақаи ниёзманди аҳолии шаҳр мунтазам ба ҷо оварда шуда, аз вазъи саломатӣ ва зиндагии онҳо шахсан бо хабар гашта, кумакрасонӣ менамоянд. Ҳамзамон, лозим ба ёдоварист, ки маъюбон ва беморони ҷолиби диққат дар зери назорати қатъии роҳбарияти муассисаҳо қарор дошта, хизматрасонии тиббии онҳо дар сатҳи зарурӣ бо тариқи ройгон расонида мешавад.

      Тибқи маълумотҳои роҳбарони марказҳои саломатии шаҳрӣ  то санаи 20.12 соли 2020  аз муоинаи тиббӣ ҳамагӣ 2599 нафар кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳр, боғу гулгаштҳо ва дигар эҳтиёҷмандон ба тариқи ройгон   гузаронида шуданд, ки аз онҳо 2340 нафар (90,0%) занҳо ташкил медиҳанд. Дар рафти муоина 232 бемор (199 нафар (85,7%) занҳо ) дарёфт гардида, ба назорати тибии пайваста гирифта шуданд.

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 25.10. соли 2019  шахрвандони озод гардида, дар марказҳои саломатии шаҳрӣ    то санаи 20.12 соли 2020  аз муоинаи тиббӣ 208 нафар гузаронида шуданд, ки  аз онҳо 41 нафар беморон  дарёфт гардида, ба назорати тиббии пайваста гирифта шуданд.

         Масъалаи гузаронидани муоинаи тиббии раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳр, боғу гулгаштҳо ва дигар эҳтиёҷмандон ба тариқи ройгон таҳти назорати Раёсати тандурустӣ қарор дорад.

                                                                Навгониҳо:

 Дар сатҳи муассисаҳои бистаринамоии зерсохтори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе  ҷарроҳиҳо бо тарзи замонавӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир ба таври васеъ ба роҳ монда шуда, дар солҳои охир ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштаанд. Ҳамзамон, аз ҷониби кормандони муассисаҳои зерсохтор дар якҷоягӣ бо кормандони кафедраҳо, мувофиқи тибби далелнок ва корҳои илмӣ, самтҳои нави ташхис ва табобат ба роҳ монда шуда истодааст.

                                                          НАВГОНИҲО:

                           МД Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ

  1. Спленэктомия бо усули лапароскопӣ.
  2. Буриши венаи ковалии поён бо пластикаи венаи гурдаи чап.

 Маркази худмаблағгузори колопроктологӣ

  1. Усули гузаронидани Плазмоферез ҳангоми бемориҳои тарқиши маъқад (Плазмолифтинг).
  2. Усулҳои ҷарроҳии носурҳои мураккаби такрории экстросфингтерӣ гузаронидан ба намуди интросфингтерӣ.

 Маркази шаҳрии илмии реанематсия ва детоксикатсия

  1. Истифодабарии технологияи мембранавӣ (плазмаферез), плазмаферези селективӣ дар табобати дислипидемияи рефрактори, ҳангоми паталогияҳои гуногун (Диабети қанд, гиперхолестеринемия, бемориҳои ишемикии дил, Гиена Баре ва др.)
  2. Коркард ва ворид намудани усули ултрафилтратсияи мембранави ба беморони гипергидротатсияи рефректори дошта (норасогии музмини гурда, норасогии шадиди кори  дил, норасогии музмини кори дил)

   Ҳамчунин дар марказ 3- дастурамали методи тайёр карда шуда, ба  Шӯрои табъу нашри  назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳруии Тоҷикистон супорида шудааст.

Номгӯи дастурамалҳои методӣ:

  1. Омодагӣ ва тарзи кор бо дастгоҳи дефибриллятор
  2. Усули гемокоррексияи экстрокорпоралӣ  ҳангоми  табобати пурра ба беморони сироятии навъи  COVID -19
  3. Таъмини табобати анестезиологи ва реаниматологи ба  беморони сироятии  навъи  COVID-19

         Дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” аввалин маротиба ташхиси ангиографияи шараёнҳои мағзи сар дар беморони гирифтори инсулти ишемикӣ ба роҳ монда шудааст, ки ин барои муайян кардани дараҷаи тарангии шараёнҳо ва сабаби инсулти ишемикиро аниқ кардан мусоидат мекунад. Ин яке аз проблемаҳои асосии ҷаҳонӣ буда яке аз дастовардҳои бузурги соҳаи ҷарроҳи асаб ВТ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии ҶТ ба шумор меравад. Инчунин дар шароити беморхона як қатор ҷарроҳиҳои муосир бо истифода аз технологияи замонави аз қабили:

  • Бо роҳи трансназалӣ гирифтани аденомаи гипофиз.
  • Бо таври ассистенсияи эндоскопӣ гирифтани омосҳои ниҳоят калони дохили мағзи ва беруни мағзӣ.
  • Бо роҳи эндоскопӣ гирифтани чурраҳои байнимӯҳравии қисми камари сутунмӯҳра.
  • Бо таври эндоскопӣ гирифтани гематомаҳои музмини дохилимағзӣ (инсултҳои геморагӣ)
  • Краниопластика бо истифода аз лавҳаи“Титанӣ”
  • Мустаҳкамкунии тири сутунмӯҳра бо усули транспедикулярӣ дар беморони гирифтори осеби сутунмӯҳра, спондилолистез, тангшавии канали сутунмӯҳра.
  • Бо усули даруни пустӣ (через кожный, перкутанию транспедикулярӣ),мустаҳкамкунии тири сутунмуҳра
  • Гемикраниоэктомияи декомпренсиявӣ дар ҷарроҳии инсултҳои ишемикӣ ва варами нимкураҳои калони мағзи сар.
  • Краниоэктамияи устухони паси сар ва ламинэктомияи С1-С2 мӯҳраҳо бо резексияи бодомакҳои мағзча ва дуропластика дар беморони модарзодии аномалияи Арнолда Киария 1-2.
  • Гемикраниоэктомияи декомпресиявӣ бо гирифтани гематомаҳои шадиди дохили косахонагӣ бо нигоҳдории лавҳаи устухон дар  зери апаневрузии сар ва зери пусти рони пойҳо.
  • Гузоштани клипсҳо дар аневризмҳои шараёнҳои мағзи сар.
  • Резексияи  (АВМ) молформацияи шараёнҳои мағзи сар.
  • Супраселективная церебравния ангеография.

 

 

 

 



Илова кунед